Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки дар муддатҳои кӯтоҳ дар донишгоҳ ҷаласаҳои навбатии Шӯроҳои диссертатсионӣ баргузор гардида, устодони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро барои дифоъ пешниҳод менамоянд.

Рӯзи 5-уми июли соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-016-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Ҳаитова Савлатбӣ Раҳмоновна дар мавзӯи «Ташаккулёбии меъморӣ-тарҳрезии масҷидҳои Тоҷикистон (масоили генизис, тасниф ва тасвири бадеӣ)» барои дарёфти дараҷаи номзади меъморӣ аз рӯйи ихтисоси 05.23.20 – Назария ва таърихи меъморӣ, таъмиру тармим ва таҷдиди мероси меъморӣ, рӯзи 6-уми июли соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-032-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Наҷмудинов Фахридин Низомович дар мавзӯи «Формирование и развитие сети интегрированных транспортно-логистических центров Республики Таджикистан в условиях глобализации транспортных систем» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.22.08 – Идоракунии раванди боркашонӣ (илмҳои техникӣ) ва дар ҳамин Шӯрои диссертатсионӣ ҳимояи диссертатсияи Довудов Гулшан Мирбахоевич дар мавзӯи «Таҳлили морфологии компютерии калимаҳои забони тоҷикӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.13.11 — Таъминоти математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарор, муҷтамаъҳо ва шабакаҳои компютерӣ (илмҳои техникӣ) баргузор гардид.

Олимони ҷавонро Раёсати донишгоҳ бо самимияти беандоза муборакбод намуда, дар роҳи мушвал ва пурифтихори илм ба онҳо таманниёти беҳтаринро таманно дорад.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки соли равон КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳҳои ватанӣ таъсис ёфт, ки барои дифои натиҷаҳои илмии олимони ҷавони тоҷик шароити мусоид фароҳам омад.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment