Ваҳдат, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ҷашн гирифта мешавад. Бояд қайд намуд, ки имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон нуздаҳ сол пур мешавад. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шуда, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дод, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид.

Тавре ки ҳамаамон ёд дорем, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёни доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавуҷудомада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иродӣ ва маънавиро доштанд ва оқибат он ба фоҷиаи миллӣ овард. Албатта ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ низ ҷангҳои дохилӣ ва задухӯрдҳою кашокашҳои ба хунрезиҳо оварда кам набуданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки шурӯъ гардид, натиҷаи тараққиёти ноҳамгуни иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддикоммунистӣ аз тарафи дигар буд. Вале табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчӣ дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халқи мо хисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Вобаста ба ин дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад”. Рӯзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки “Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам”. Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ дод. Роҳбарияти мухолифин, пеш аз ҳама марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ вазифаи таърихии худро бо гузашти айём ба хубӣ эҳсос кард. Ба шарофати дастгирии халқи тоҷик ва шахсиятҳои равшанфикри хориҷ мо тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон – сулҳу субот дар Ватанамон  комёб гардем ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал қарор дошта бошад, саъю кӯшиш намоем. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҷамъбастагии ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пост нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми “миллат” бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида мешавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар, новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳост. Зеро хеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Дар муддати нуздаҳ сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиқлоламон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.

Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва доираҳои илмиву сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмиллалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодаааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки бо номи “Инқилобҳои рангин ё худ махмалӣ” машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инқилобҳо ба воқеаҳои Тоҷикистони мо хеле монанд ҳастанд. Бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Дар ин раванд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус мақомоти судиро зарур аст, ки бештар аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ фаъол бошанд. Феълан мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳала ба марҳала амалӣ мегардад. Дар ҷараёни татбиқи ин барнома бо назардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзишҳои олӣ тадриҷан ташаккул меёбанд. Дар ҳамин ҳол, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

НУРАЛИХОНОВ СОДИҚҶОН – донишҷӯйи курси 3-юми г. 440101А2, факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”

Leave a Comment