Аз рӯзи таъсис ёфтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 соли пурра сипарӣ мегардад. Дар давоми ин солҳо дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии мамлакат таҳаввулот ва пешрафтҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд.

Пеш аз ҳама ватани маҳбуби мо бо сулҳу субот таъмин гашт, муҳоҷирони иҷборӣ ба хонаҳои худ баргаштанд ва миллати сарбаланди тоҷик муттаҳиду сарҷамъ шуда, ба корҳои созандагонию бунёдкорӣ машғул гардиданд.

Сол то сол харобаҳои ҷанги бародаркуш обод гардонида шуда, иншооти таъминоти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд шуданд ва сатҳи зиндагии мардум баланд гашта истодааст. Тоҷикистон ва мардуми шарафи он барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ, ки иборат аз таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ мебошад, ҷаҳду талош дорад. Дар ин амр Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш нақши муассир гузошта истодааст. Ва ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ мусоидат кардан ба иттиҳоду ваҳдати мардуми кишвар, истиқрори сулҳу субот ва ҳифзи амнияту дастовардҳои Тоҷикистон мебошад.

Ҳанӯз аз соли 1994, ки раванди музокироти сулҳи тоҷикон оғоз ёфта буд, тамоми аъзои ҳизби мо дар ҷараёни гуфтушунидҳо қарор доштанд ва ҷиҳати татбиқи ормонҳои мардум кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва сокинони кишварро барои амалӣ намудани моддаҳои санади тақдирсоз таблиғу ташвиқ мекарданд.

Сулҳу ваҳдат, мусолиҳаи миллӣ ва созанданию бунёдкорӣ дар Оиннома ва барномаҳои ҳизбии мо ҳамеша афзалият доранд. Бо дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нерӯи беш аз 120 ҳазор нафар аъзои ҳизб миллионҳо нафар ҷонибдоронамон дар амри хайри таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ нақши муассир мегузорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Санади сулҳро ба Эъломияи истиқлолият дар як радиф гузошта, таъкид сохтанд, ки “Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард”.

Бинобар ин аъзои ҳизби мо барои ҳифзи гиромӣ доштани ин арзишҳои муқаддас минбаъд ҳам тамоми нерӯи созанда ва маҳорату истеъдодашонро ба кор мебарад, то ки дар сарзамини диловезамон меҳнати бунёдкорона бошаду шодию нишот ва бахту саодат ҳукмфармоӣ кунад.

Дар таърихи давлатдории ҳар халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки барои мардумони он сарзамин муҳиманд. Халқи тоҷик 9-уми сентябрро ҳар сол ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд. Ин рӯз барои Тоҷикистон давраи гузариш ба ҳаёти нав, рӯзи худшиносӣ, ягонагии миллати тоҷик, рӯзи қатъиян аз ҷанг ба сулҳ рӯ овардани миллат мебошад.

Имрӯз мардуми заҳматкаши тоҷик, зиёиён, олимон, мутахассисони гуногунсоҳа, намояндагони ҳизбу созмонҳо, ташкилоту муассисаҳо аз он рӯз ёдовар мешаванд, саҳифаи таърихро варақгардон мекунанд ва сад шукр ба парвардигор мекунанд, ки миллати моро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт, халқи моро дар атрофи марди баору баномус, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ намуд.

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои миллату ватани мо дастовардҳои бузурге овард. Имрӯз мо худ шоҳиди он ҳастем, ки Сарвари миллати мо Эмомалӣ Раҳмон барои ободонӣ ва пешрафти иқтисодии кишвар чӣ қадар ҷидду ҷаҳд менамояд. Саҳифаҳои истиқлолият барои мо роҳи наверо аз синаи кӯҳи Анзоб рахна намуда, тавассути нақби “Истиқлол” ду минтақаи кишвар: Ҷануб ва Шимолро бо ҳам пайваст намуд. Пас аз ин дар кишвар сохтмонҳои азим, аз қабили роҳи оҳани Кӯлоб – Қӯрғонтеппа, роҳи мошингарди Кӯлоб – Шкев – Зиғар, роҳи мошингарди Ваҳдат – Тоҷикобод – Ош (Ҷумҳурии Қирғизистон), роҳи мошингарди Душанбе – Айнӣ – Чаноқ, нақби мошингард тавассути ағбаи “Шар-Шар”, пешбурди корҳои сохтмонӣ дар ағбаҳои “Шаҳристон” ва “Чормағзак”, бунёди пулҳои мошингард дар болои дарёи Ому байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ба истифода додани НБО-и “Сангтӯда – 1”, тавони тоза бахшидан ба раванди корҳо дар нерӯгоҳи “Сангтӯда – 2”, “Роғун” ва дигар сохтмонҳои бузург, ҳалли мушкилоти халқро дар раванди барномаҳои созандагию бунёдкории давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аз байн бурда истодааст.

Шукрона аз он мегӯем, ки дар кишвари азизамон сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо аст. Мамлакат дар ҷодаи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ қадам мегузорад. Имрӯз симои шаҳру деҳоти кишвар дигаргун гашта, ба рӯзгори мардум таровату ҳусни тоза зам намудааст. Одамон аз нав ба якдигар бо меҳру шафқат ва дӯстона назар мекунанд. Ин ҳама натиҷаи сулҳу ваҳдат мебошад. Нақшаи сулҳу ваҳдатро мо дар ҳамаи соҳаҳои рӯзгори мардуми ҷомеа баръало мебинем.

Сулҳ ва Истиқлолияти тоҷиконро, ки бо ташаббуси ҷоннисориҳои ҳазорон тоҷикон ба даст омадааст, ҳамеша бояд ҳифз намоем. Насли ояндаро бояд дар рӯҳияи эҳтироми ватандӯстию худшиносии миллӣ тарбия намуд.

НУРАЛИХОНОВ СОДИҚҶОН – донишҷӯйи курси 3-юми г. 440101А2, факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”

Leave a Comment