Месароям маснади волои истиқлол,

Медамад хуршед аз фардои истиқлол.

Зери бори минати ғайре будан талх аст,

Коми мо ширин шуд аз ҳавлои истиқлол.

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашту лек,

Аз ҷаҳони ишқ буд ҷӯёи истиқлол.

Истиқлолият ин неъмати бебаҳост барои ҳар як халқу миллати соҳибдавлату соҳибтамаддун. Маҳз инсон бо шарофати ин неъмати беназир, ки ба ҳар халқу миллат муяссар намегардад, ба қуллаҳои баланди муроди худ расида, рушд ва ташаккул меёбад. Соҳибистиқлолӣ ганҷинаи беҳамтост, ки Худованд ба миллати сарбаланди тоҷик ато намудааст, то ки миллати тоҷикро тоҷвар гардонад. Дар асл имрӯзҳо ин хушбахтии мо ҳадду канор надорад ва мо аз хушбахт буданамон меболем. Дар вазъияти мавҷудаи муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, чунки бе доштани истиқлолияти сиёсӣ ҳеҷ миллате бақои худро ҳифз намуда наметавонад. Барои ҳифзи бақои миллат ва таъмини зиндагии осуда ба ҳар як инсон фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Ин нукта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр шуда, аз ҳар як сокини кишвар ҳоҳиш шудааст, ки ба қадри истиқлолият бирасанд ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намоянд.

Бисту ҳафт соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипарӣ шуд. Дар ин муддат давлати тоҷикон миёни кишварҳои дунё, бахусус кишварҳои ҳамсоя мавқеи намоёни худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Мо дар тӯли таърихи соҳибистиқлолии кишварамон сазовори бисёре аз муваффақиятҳои беназир гардидем. Ин ҳама аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии калон дошта, саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими сулҳу суботи кишвари азизамон беназир аст. Аз ҷумла, бунёди роҳҳо ҳамчун омили пайвасти манотиқи кишвар ва мамолики ба мо ҳамсоя ва дур, биноҳои замонавӣ, корхонаҳои хурду азими истеҳсолӣ, иншооти бузург ва дигар дастовардҳо самараи даврони истиқлолият мебошанд. Комёбиҳое, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди ҳама мушкилоти дар ин муддат ҷойдошта ба онҳо муваффақ гардид, ба ҳама маълуманд ва ин ҳамаро нодида гирифтан бешак камоли беинсофист.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мо дар муддати таърихи начандон тӯлонӣ бо ташаббусу ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Президенти ҷумҳурӣ ба сулҳу оштӣ ва ваҳдати комил расидем. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мардуми тамаддунофари мо имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад ва ин беназиртарин дастоварди миллати тоҷик дар марҳалаи душвори қарни бисту як ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари комил гардонидани истиқлолияти дохилии хеш инчунин ба рушду инкишоф додани истиқлолияти хориҷӣ низ таваҷҷуҳи бештар менамояд. Тоҷикистон аз рӯзи ба даст овардани истиқлолияти сиёсии хеш, сиёсати дарҳои бозро пеша намуд, ки ин дар устуворгардонии сиёсати хориҷии кишвар нақши барҷастаро хоҳад гузошт. Имрӯзҳо хушбахтона соҳибистиқлолии кишвари моро зиёда аз 165 давлати дунё эътироф менамояд. Дар баробари ин Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо зиёда аз 130 давлати дунё ва 51 созмону ташкилоти минтақавию байналмилалӣ муносибати дипломатӣ ва ҳамкории тарафайнро ба роҳ мондааст, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.

Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва даврони соҳибистиқлолии хеш дар рушди сиёсати хориҷӣ заминаҳои мусоиде фароҳам овардааст. Боз як саифаҳои нави таърихие дар раванди  истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории Тоҷикистон боз шуд, ки ин дар таърих бо ҳарфҳои заррин нигошта мешавад ва дар дилу дидаи мардуми воломақоми тоҷику ӯзбек нақш мебандад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22-юми октябри соли 1992 барқарор гардидааст. Аз соли 1995 бошад дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин ҷониб фаъолият карда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамфарҳангро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Мутаассифона баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-сентябри соли 1991) мудате бо сабабҳои ба мувофиқа наомадани собиқ роҳбари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов байни ин ду халқи дӯсту бародар каме муносибат сард гардида буд. Аммо ин сардиҳо дер давом накарданд ва ин сохтакорие, ки аз тарафи бадхоҳон нисбат ба ин ду халқи дӯсту ҳамсарҳад анҷом дода шуд, ҳалли худро зуд пайдо намуд.

Чуноне ки ба мо маълум буд, сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 август сурат гирифт, аз тарафи воситаҳои ахбори оммаи Ӯзбекистон ҳодисаи муҳимтарини таърихӣ маънидод карда шуд. Ин сафари пурбаракаттарини Сарвари давлат буд, ки дар тӯли таърих мо чунин сафарро бори аввал мушоҳида намудем. Дар ҷараёни сафари Сарвари давлати Тоҷикистон мардуми ӯзбекро шодиву фараҳ ҳадду канор надошт ва фақат дар тӯли як сафар 26 созишномаи тарафайн ба имзо расид, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳимро фарогир мебошад. Яке аз масъалаи муҳиме, ки дар ҷараёни сафари кории Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни ин ду роҳбарон матраҳ гардид, дастрасӣ ба Оби ошомиданӣ ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Инчунин Роҳбари давлати Тоҷикистон дар ҷараёни баромадашон дар шаҳри Тошканд қайд намуданд, ки «мо ҳаргиз ҷумҳуриҳои ҳамсояро бе об намегузорем».

Аз ҳама муҳим, имрӯз дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост. Мо бояд аз соҳибистиқлол гаштани давлати хеш шукргузорӣ намоем. Дар шароити кунунӣ моро зарур аст, манфиати миллии худро ҳифз намоем ва истиқлолияти давлатиамонро аз ҳар гуна хатарҳои замони муосир поку беолоиш нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраве, ки амнияту осудагии Ватани азизи моро ноором мегардонанд, фирефта нагарданд. Чунки ин ҳама меваҳои шакарвори истиқлолият аст, ки мо имрӯз бо мардуми ӯзбек ва тамоми халқҳои дунё робитаҳои дӯстӣ барқарор карда истодаем, маҳз ин амалҳои ҳайрхоҳона дар фазои сулҳу суботи давлати соҳибистиқлол амалӣ мегардад.

Зиндаву ҷовид бод дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек.

Расулов Ҷаҳонзеб – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment