Истиқлолият ҳамчун яке аз падидаҳои муҳим дар зеҳнияти мардуми тоҷик ва таҷрибаи ҷомеасозии навини миллати тоҷик ҷойгоҷи муътабар дорад. Маҳз дар партави он мардуми тоҷикро муяссар гашт, ки дар бахше аз собиҷ ҳудуди густардаи фарҳангии худ низоми устувори сиёсии бо аломату нишонаҳои давлати миллӣ мутобиқат доштаро поягузорӣ намояд ва ҳамзамон амалияи ҷомеасозии дар ин муддати начандон тӯлонӣ андӯхтаашро бо эътирофи ниҳодҳои муътабари байналмилалӣ ҳамчун намунаи шоён пайравӣ барои дигарон пешниҳод намоянд. Ин паёмадҳо ногузир назди ҳар фарди миллати тоҷик масъалаи ҳуввиятсозии онро ба миён меоварад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронию баромадҳои хеш масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллиро дар инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон баръало нишон дода, таҳлилҳои ҷолиби диққате нисбати истиқлолияти сиёсӣ баён намудааст. Аз ин бармеояд, ки истиқлоли комили мо ба системаи муайяни арзишҳо таъсири босазое мегузорад. Бинобар ин, дарки пурраи озодии истиқлолияти сиёсӣ ва шинохти давлати миллӣ барои ҳар як шаҳрванд ё сиёсатмадорони касбии Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дар ин раванд нақши идеологияи сиёсӣ ва мубориза барои механизми нави давлатӣ дар мадди аввал баромад. Воқеан идеологҳо дар давраи инқилобу ислоҳоти амиқ ба қувваи бузурге табдил ёфта, таҷрибаи муайяни нави сиёсиеро рӯйи кор меоранд. Онҳо самти ҳаракати қувваҳои гуногуни иҷтимоиро муайян мекунанд. Пеш аз ҳама барои истиқлолияти бадастомада мо бояд паҳлуҳои асосии манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намоем, то ин ки онҳо аз мадди назари шаҳрвандон дар канор намонад. Инҳо идеология, сиёсат, психологияи шахс ва ҷомеа, масъалаҳои ҳокимияти давлатӣ, таҳкими демократия, ба даст овардану ҳимоя кардани ваҳдати ҷомеа, ривоҷи фаъолияти бунёдкорона, эҳёи маънавӣ ва таъмини ҳуқуқҳои баробари ҳамаи шаҳрвандон мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ва муродифҳои он соҳибихтиёрӣ, озодӣ, аз ҷумла он мафҳумҳое мебошанд, ки ҳолати рӯҳӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии фард, миллат, давлатро, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ асос доранд, ифода мекунад. Ин мафҳумҳо танҳо ҳангоме маънӣ пайдо мекунанд, ки акси худдихатомияи худро дошта бошанд. Акси ин мафоҳим асорат, бандагӣ, вобастагӣ, беихтиёрӣ мебошад.

Дар матни сиёсӣ ин мафҳумҳо зери асорати кишваре қарор гирифтан, озодии миллиро аз даст додан аст. Дар асорат афтодани миллат ин бузургтарин фоҷиа буда, метавонад омили ба нестӣ ё ҳадди ақал заъфу нотавон гардидани он шавад. Истиқлолият ин озодӣ ва новобастагӣ аз ҳар гуна қувваи қудрати беруна, сифату хусусияти ҳар давлатест.

Дар фарҳанги сиёсӣ ҳамчун истиқлолияти миллӣ, истиқлолияти халқ мавҷуд аст. Истиқлолияти давлатӣ сифати ҳуқуқии бегонашавандаи давлати соҳибихтиёр аст, ки рамзи мустақилияти сиёсию ҳуқуқии он буда, дорои болотарин масъсулият ва арзиш чун субъекти аввали ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки зарурат барои волояти ҳокимияти давлатиро дорад ва тобеъ набудан ба ҳокимияти давлати дигарро ифода мекунад.

Оид ба мавзӯъҳои марбут ба фалсафаи озодӣ ва истиқлол дар осори гузаштагони мо бисёр ба назар мерасад. Ибни Ҳалдун дар масири ошкор кардани фалсафаи асорат ва озодӣ мӯшикофӣ намуда, онро ба мақоми инсон ҳамчун ҷонишини халифаи Худо дар замин вобаста намуда, чунин иброз медорад: «Ва дар ин амр, Худо донотар аст» рози дигаре ҳам нуҳуфта аст. Ва он ин ки одами ба муқтазои хилофати худоӣ, ки дар замин ба ӯ арзонӣ гардида, ба табиати сарвар офарида шудааст ва ҳар гоҳ фармонравое аз мақоми раёсати худ суқут кунад ва аз расидагӣ ба ҳадафи иззат ва арҷмандӣ маҳрум гардад, чунон сустӣ ва забунӣ ба вай роҳ меёбад, ки ҳатто аз талош ва кӯшиш барои рафъи гуруснагӣ ва ташнагии хеш ҳам имтиноъ хоҳад варзид ва дар он сустӣ нишон хоҳад дод. Ва ин ҳолат дар ахлоқ ва табиати инсон мавҷуд аст ва назари онро дар бораи ҳайвоноти дарранда низ нақл кардаанд, чунон ки гӯянд ин ҳайвонот то ҳангоме ки дар асорати одамиён бошанд, ба кори таваллуд ва таносул намепардозанд. Ва бино бар ин қабоил ва миллатҳое, ба инсон мамлук ва бандаи бегона шуда бошанд, ҳамвора роҳи измихлолро мепаймоянд ва ҷамъияти онро рӯ ба нуқсон то саранҷом ба куллӣ мунқариз ва нобуд мешаванд ва бақо танҳо махсуси Худост».

Ибни Ҳалдун пас ин таҳлил ҳамчун мисол ва вазъи шукӯҳманди гузаштагони мо пеш аз шикаст дар муҳориба бо аъроб ва баръакс ба вазъи асафбори онҳо пас аз он ишора намуда, дар ин замина таъкид намудааст, ки «набояд гумон кард, ки ин вазъ маълуми расидани ситамгарӣ ба он будааст, зеро фармонравоёни ислом аз лиҳози адолат дорои хусусиёте аст, ки бар ҳама маълум аст, балки ин ҳолат як навъ табиат ва сиришт дар инсон аст, ки чун кохи фармонравоии ӯ ба дасти бегона вожгун гардад ва бозичаи дасти дигарон шавад, ба чунин сарнавиште гирифтор мегардад».

Чунон ки аз баррасии Ибни Ҳалдун равшан шуд, нуктаи муҳим он аст, ки асорат бо табиати инсон созгор нест ва дар чунин ҳолат ҳар миллате рӯ ба табоҳию инқироз меорад. Ин фалсафаи истиқлол ва озодӣ дар андешаи мутафаккир аст. Лозим ба ёдоварист, ки истиқлолият, соҳибихтиёрӣ зарурат ба озодӣ доранд ва ин неъматҳои боарзиш наметавонанд дар ҳолати асорат вуҷуд дошта бошанд.

Қурбоншоев Илҳом – кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Comment