МУАЛЛИМ

(Чун рамзи эҳтиром ба мактаби азиз)

Ёди айёме, ки мактабхона мерафтем мо,

Фориғ аз ғамҳо басе шодона мерафтем мо.

Ҳайфи айёме, ки мо аз кӯдакиву беғамӣ,

Ҳамчу мурғ аз хирмане бедона мерафтем мо.

 

Ақли имрӯз он замон дар сар агар медоштем,

Маслиҳатҳояш мудом мадди назар медоштем.

Аспи ғайратро савори донишу касбу ҳунар,

Ҳурмати устодро беш аз падар медоштем.

 

Он ҳама ҷаҳди муаллим баҳри таълим будааст,

То шавем дар кори худ мо ҳар як олим будааст.

Бехабар будем, ки ҳар як тори мӯҳои сафед,

Дудҳои сӯзиши қалби муаллим будааст.

 

Рафт аммо ҳамчу тири ҷаста он айёми мо,

Ҳамчу мурғи мавсимии умр рафт аз боми мо.

Сӯҳбати ширини ӯ шаккаршикан гӯям кам аст,

Қадр гарчанде накардем он чӣ буд дар коми мо.

 

Чун падар гаштам, ба фарзандони худ кардам хитоб:

“Дар раҳи устод бояд ёфт танҳо обутоб.

Сар занад борони кулфат ҳар гаҳе дар зиндагӣ,

Дар чунин раҳ, лозим ояд, зери по гардад саҳоб”.

 

ИФТИХОР

(Илҳом аз “Тоҷикон”-и академик  Б. Ғафуров)

Тоҷикам ман, тоҷдорам, тоҷи ман аҷдоди ман,

Тоҷи ман имрӯзу фардо халқи чун Фарҳоди ман,

Ҳеҷ замон, таърих гувоҳ, даъво накардам мулки ғайр

Тоҷу тахтам қуллаҳою кишвари ободи ман.

 

Ман қадимбунёдаму аммо ҷавон астам мудом,

Ҳамқадам бо зиндагонӣ ман равон астам мудом.

Дар замони асри сангин ман ташаккул ёфтам.

Дар муҳити сахту хунин ман такаммул ёфтам.

 

Дар замоне Рудакӣ шуд шоириро сарваре,

Олами илму ҳунар дорад чу Хайём ахтаре.

Ҳамчу дастури амал шуд бар табибони ҷаҳон,

Гуфтаҳои ибни Сино дар ҳама давру замон.

 

Як ба зидди сад баромад дар раҳи ҳифзи макон,

Санъати Темурмалик афсонае шуд дар ҷаҳон.

Ибрати мардонагиҳо дар садоқат бар Ватан,

Суғдиёни қаҳрамон – аҷдоди шуҳратёри ман.

 

Умри кӯтаҳ, устодо, роҳи бесомон дароз,

Тай намуда тоҷиконро кардӣ бар дунё шинос.

Умри худро сарфи миллат, балки қурбон кардӣ ту,

Сафҳаҳои торики миллат дурахшон кардӣ ту.

 

Гар худои бандагон дар осмон дорад макон,

Чун худои миллатӣ бо Айнии оташбаён.

Умри ту монанди миллат ҷовидону ҷовидон,

Зинда ҳастӣ ҷовидона бо китоби «Тоҷикон».

ш. Маскав, с. 1984.

 

ДӮСТ АГАР ДУШМАН ШАВАД…

Дӯст агар душман шавад, чор фаслат тирамоҳ,

Рӯзҳоят мешаванд монанди шабҳои сиёҳ,

Ноумедию таассуф аз гулӯят мегиранд,

Аз чунин борони дилгир нест ҷое сарпаноҳ.

 

Зиракӣ, одамшиносӣ аз фазилатҳо агар,

Соддагӣ, зудбоварӣ дар зиндагӣ дорад хатар:

Бадҳасуду нотавонбин дар ниқоби дӯстӣ,

Мезанад муште ба пуштат, то ту меёбӣ хабар.

 

Дӯст бошад дар ҳақиқат, ҳарф гӯяд рӯирост,

Ҷояш ояд, тундгӯӣ кардани ӯ ҳам равост.

Лек дидам дар ҳаёт, он чӣ шунидам борҳо,

Дӯстӣ бо мардуми мансабпараст кардан хатост.

 

Дӯст ҳар кас мешуморӣ, дӯстӣ аммо дигар,

Дӯстӣ бошад муқаддас чун Ватан, Модар, Падар.

Бо “вафодор” дӯстӣ кардан нишони оқилист,

Дар қиёси дӯстӣ бо мардуми кӯтоҳназар.

 

Дӯст будан нест мушкил, дӯстӣ кардан дигар,

Ҳаст аз дӯсти ҳақиқӣ рози пинҳоне магар?

Дӯст беҳтар, ё бародар? Аз ҳаким карданд суол,

Гуфт, албатта бародар, лек бошад дӯст агар.

 

Ҷовидон аст дӯстӣ, ин ҷо ба ҳар кас роҳ нест,

Булбулистон ин чаман, ин ҷо ба каргас роҳ нест,

Дӯст ҳар кас мешуморӣ, дӯстӣ кардан ҳунар

Чашмаи оби зулол, ин ҷо ба ҳар хас роҳ нест.

 

Дӯсти ҷонӣ дар хаёл аст, дар ҳаёт ангуштшумор,

Дӯстони молу мансаб бешуморанд, бешумор.

Дӯсти ҷонӣ мешуморам, дӯст бошад беғараз,

Дӯстиро бо чунин дӯст мекунам бо ифтихор.

 

ФАРЗАНДИ ПАДАР

Дар шумори риштаҳои резаборони баҳор,

Дар шумори ахтарони осмони кишварам.

Дар шумори барги сӯзанбарги доим пурсамар,

Дар шумори рӯзафзуни ҳама аҳли башар,

Эҳтирому эътиқод дорам ба фарзанди падар.

 

Ман на симу зар, на сарват, ҳамчу мерос интизор,

Давлату сарват барои ман бародар, хоҳарам.

Давраи ширини умрам, кӯдакиям бар ба бар,

Додару хоҳар буданд андар барам шому саҳар,

Эҳтирому эътиқод дорам ба фарзанди падар.

 

Ҳаст дар дунёи ҳастӣ шодиву ғам бешумор,

Дар ҳама ҳолат бароям ҳаст ёвар дар барам.

Паҳлӯям пайдо шавад, ҳар лаҳза лозим шуд агар,

Бар ҷиянҳояш шавад сарвар, агар рафтам сафар,

Эҳтирому эътиқод дорам ба фарзанди падар.

 

Хоҳарам монанди модар меҳрубону ғамгусор,

Чун падар бошад бародар, қудратам, болу парам.

Ҳар қадар дар зиндагонӣ меравам ман дуртар,

Ман на кам аз ҳамсару фарзанди аз ҷон хуштар,

Эҳтирому эътиқод дорам ба фарзанди падар.

Комилҷон Ҳамидов

Номзади илмҳои техникӣ,

Академики Академияи муҳандисии ҶТ

Leave a Comment