Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтаст, ки фаъолияти самарабахши таълимӣ-методӣ, илмӣ ва ташкилию тарбиявии устодону кормандонро тибқи “Низомномаи тартиби ҳавасмандгардонии моддии ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” баррасӣ намояд.

Бинобар ин аз устодону кормандони штатии донишгоҳ хоҳиш карда мешавад, ки аризаи худро тибқи намуна ба Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо супоранд.

Талабот нисбат ба ариза

  1. Аризаро (Шаблони ариза) ба шакли электронӣ  (танҳо ячейкаҳои ранга) пур карда, аввал файлро ба номи худ ва номи мухтасари кафедра (масалан: Насимов каф. МО)  сабт намуда, баъдан чоп намуда, ҷойҳои алоҳидаи онро дастӣ пур кунед.
  2. Бо ариза ҳуҷҷатҳои зеринро низ пешниҳод намоед:
  • Рӯйхати корҳои илмӣ-методӣ (Шаблони шакли 16) бо тасдиқи Идораи таълимию методӣ ва Раёсати илм ва инноватсия (шакли 16 замима ба ариза).
  • Нусхаи маводҳои тасдиқкунандаи дигар (замима ба ариза).
  1. Нусхаи чопии аризаро бо тасдиқи мудири кафедра ва декани факултет бо замимаҳояш ба Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо ва нусхаи электронии онро ба Раёсати илм ва инноватсия (РИИ) супоред.
  2. Корҳои илмие, ки дар онҳо муаллиф ҳамчун корманди дигар муассиса нишон дода шудааст, ба инобат гирифта намешаванд.

Дар сурати доштани камбудиҳои зерин, ариза баррасӣ намешавад:

  1. Дарсшиканӣ
  2. Вайрон кардани талаботи дохилидонишгоҳӣ (доштани ҷазои интизомӣ).
  3. Иҷро нагардидани нақшаи инфиродӣ.
  4. Дар муҳлати муайяншуда иҷро накардани дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ.
  5. Пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва рӯйхати корҳои илмӣ-методӣ (шакли 16).
  6. Бардурӯғ пешниҳод гардидани маълумот.

Ҳаҷми умумии кори иҷрошуда, дар ҳолати зиёда аз як муаллиф будан ба миқдори муаллифон тақсим карда мешавад. Корҳои илмие, ки дар онҳо муаллиф ҳамчун корманди дигар муассиса нишон дода шудааст, ба инобат гирифта намешаванд.

Танҳо корҳои дар давраи 01.09.2017 – 31.08.2018 иҷрошуда баҳогузорӣ карда мешаванд. 

Аризаи кормандоне, ки аз 1 сентябри соли 2018 дар донишгоҳ кор намекунанд, баррасӣ карда намешавад.

Муҳлати охирони қабули аризаҳо: 29 сентябри соли 2018, соати 12.00.

Раёсати донишгоҳ

Leave a Comment