СИПОСНОМА

(ба ифтихори 60-солагии донишгоҳи азиз)

Ёд бодо ибтидое, ки сазоворат шудам,

Ҳамчу толибилм “Донишҷӯ” мақомдорат шудам.

Бо умеде меҳр баста бар дару девори ту,

Бо дили пур аз муҳаббат ман гирифторат шудам.

 

Аз канори волидайнам дур замони нав шудӣ,

Баъди деҳи танги куҳистон ҷаҳони нав шудӣ.

Дар ту дидам ман бузургию ривоҷи кишварам,

Дар ҷаҳони маънавии ман такони нав шудӣ.

 

Бо ту пайвастам барои илму фан омӯхтан,

Машъали тобандаи касбу ҳунар афрӯхтан.

Сохтан, эҷод кардан баҳри ободии мулк,

Ҷои худро дар миёни мардумон дарёфтан.

 

Бо ҳунар омӯхтӣ одобу ахлоқу сухан,

Маърифат, покизагӣ, меҳру садоқат бар Ватан.

Омада фарзанди модар, бо Ватан-модар шудан,

Ин ду нури чашмро доим муқаддас доштан.

 

Ҳар куҷо будам муҳандис, ё ки соҳибкор ман,

Ё муаллим, ё ки олим – бо ту шӯҳратёр ман.

Ҳуҷҷате додӣ замоне – номае пур аз дуо,

Бо ҳама бурду барорам аз ту миннатдор ман.

 

Бо ту мефахрам Донишгоҳ – кони маърифат,

Мегирӣ оғӯш ҷавононро ба лутфу марҳамат.

Ҳар ки хоҳад баъди мактаб ибтидое хубтар,

Беҳтаринаш дар ҳамин ҷо, медиҳам ман маслиҳат.

Комилҷон Ҳамидов

Академики Академияи муҳандисии ҶТ.

Хатмкардаи соли 1979

Апрели с.2016

Leave a Comment