Чун ниқоби нави ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар оғози ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава мухолифони давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳамраъйӣ аз мавқеи сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷамъияти «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро дар ҳайати 15 нафар узви адолатпарвар созмон доданд, ки бо ин васила ҳизби наҳзати исломӣ, анҷумани озодандешон, ҷунбиши ислоҳоти иқтисодӣ ва рушд, инчунин анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна бо ғаразҳои манқуртона ва зиштонаи сиёсӣ ба орази ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳр задаву дар пасманзари он амалҳои сиёсатбозонаи худро разилона шурӯъ намуданд. Ва ба ин васила ҷамъи сарчашмаҳои нави маблағгузориҳои хориҷӣ пайдо намуданд. Таъсиси Паймони миллии мухолифини кишвар дар он аст, ки мардумро бо дасисаву ниятҳои нопоку хоинона, ғасбу аз худ намудани арзишҳои миллии як миллат фирефта, бо нигориши хостори Истиқлолияти таърихии худ ҳамчун ватандӯсти асили ин марзу бум баромад кунанд, дар назди хоҷагони хориҷии худ миллатдӯстию адолатпешагӣ, содиқ ба ин марзу бум буданро нишон диҳанд ва он гуна рафтор мекунанд, ки гӯё Паймони миллиро ба миллати тоҷик мекунанд. Ин Паймон ба хоҷагони хориҷист, ки бо маблаггузори онҳо дар хориҷи кишвар бе меҳнати даст зиндагӣ доранд.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари наҳзатиҳои ифротӣ худро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ башардӯст, амалҳояш сиёсати сафову ормонидошта, паймонкор, ҳалкунандаи мушкилоти башар ва ҷомеаи мусалмон намудор мекунад. Аммо дар асл ӯ бо амалҳои дурӯягиву маккорӣ, ҳилагариву дасисакорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ном баровардааст. Мақсад аз ташкил намудани «Паймон» ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ин аст, ки худро намояндаи насли нав ва сиёсатмадори прагматик муаррифӣ намуда, танҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи Ғарб ва пуштибонии хоҷагони хориҷии худ аз омилҳои асоси демократӣ дар минбарҳои бонуфуз сухан меронад. Дар асл пойбанди ҳамон мафкураи куҳнаи наҳзатӣ буда, сидқан аз гурӯҳҳои исломии ифротӣ, ки ислом баҳри онҳо манфиати шахсие беш нест, ҳимоят мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки М. Кабирӣ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагонаш дар хонаҳои боҳашамату муфарраҳ серу пур зиндагӣ дораду як умр аз боби хизмат ба ислому шаҳодат дар роҳи ислом шиорпартоӣ мекунад. Аммо иштироккунандагони ҷаласаи «Паймони миллӣ» ва аъзоёну фаъолони он бехабарнд, ки роҳбари онҳо М. Кабирӣ гирифтори доми тазвир ва фирефтаи гуфтаҳои бегонагон гашта, ба хизмати эшон камар бастааст ва дар навбати худ афроди зиёдеро гумроҳ намуда, ба ин ҷода мекашад. Дар ин росто аъмоли онҳо «Як даст ба мусҳафанду як даст ба ҷом»-ро мекунад. ТТЭ ҲНИ ҳамеша аз қазияҳо доман тар накарда, хушк бурун омаданӣ мешавад. Чунки аҷнабиён ҳаминро тақозо доранд. Барои ҳамин маблағгузориашон мекарданду мекунанд. Вазифаашон ҳамин аст, ки бояд ин миллату ин давлатро соате ором нагузоранд. Дар назари ақидатии онҳо ҷойгоҳи миллат холист. Ҳамеша тахрибкорӣ ва пойбанди андешаи кӯр-кӯрона мешаванд.

Мусаллам аст, ки дар баргузории ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо ҳайати комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ҷиноятҳо ва хиёнаткориҳои ҳизби наҳзати исломро бо далелҳои раднашаванда, бо иштироки худи собиқ мухолифони пушаймоншуда, аз қабили Айёмиддин Сатторов ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расониданд. То ҷое маълум аст, чун кори ҷаласа ба табъи дили хоинону ватанфурӯшони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» оғоз наёфт, муносибатро бо лаҳни тунду тавтеа (провокатсия) бо ҳайати ҳукуматӣ оғоз карданд. Ҳатто асолатбохтае бо номи Сулаймони Орзу бо роҳи правакаторӣ мехост шиори ба табъи дилаш навиштаро ба Айёмиддин Сатторов дода, бо роҳи аккосӣ барои ғаразҳои сиёсии хоинонааш истифода намояд, вале хушбахтона ба мақсадаш нарасид.

Сабаби асосии низоъ байни аъзои хукумат ва мухолифин дар фурӯдгохи Варшава гардид. Барои пиёда сохтани амалҳои хоинона ва дар назди хоҷагони хориҷӣ худро ҳалиму фидоӣ нишон додан бубинед, ки ин хоинон ба чӣ корҳое қодиранд. Онҳо худро дар наъмои таҳаммулпазирона нишона дода, ба истиқболи намояндагони Ҳукумати кишвар омаданд. Гӯё онҳо тарафдори ҷомеаи ормонӣ мебошанд ва кинаву надомат дар қалбашон нисбат ба ин марзу бум набуда, дар хориҷи кишвар низ садоқати худро нишон доданӣ шуданд. Дар асли кор онҳо фармудаи хоҷагонашонро иҷро намуданд.

Таъсиси бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» низ барои ин асолатбохтагон ҷалби бештари гумроҳонро дар пай дошта, мехоҳанд бобати амалӣ сохтани ақидаҳои манфуронаашон дар дохил ва хориҷи кишвар афроди муайянеро ба тарафи худ майл созанд. Вале ба ибораи дигар «бо дуои кӯрмуш борон намеборад». Ҳадаф фақат сӯзонидани хонаи тоҷику пур кардани ҷайбҳояшон аз маблағҳои ҳангуфт ва он ҳамчун шиори ҳамешагии ин асолатбохтагон боқӣ мемонад.

Паймони миллӣ марҳилаи аввали фаъолияти ТТЭ ҲНН дар соли 2018 барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш, яъне расидан ба қудрати сиёсӣ буда, худро ҳамчун ташкилоти адолатпеша дар ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ нишон доданд. Аммо намояндагони Ҳукумати кишвар суханони беасоси онҳоро бо далелу бурҳони асоснок рад намуданд.

Ҳар як гурӯҳу созмоне, ки гароиш ба ин эътилоф дорад, бояд донад, ки ТЭТ ҲНИ ҳеҷ гоҳ барои татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва махсусан дунявӣ дар Тоҷикистон, ки дар «Паймон» ҳамчун ҳадафи аввалин омадааст, майл надорад ва ҳамоно ҳадафи аслӣ ва ниҳоии он дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани ҳукумати исломии шабеҳи «Вилояти фақеҳ», ДОИШ ва Толибони Афғонистон мебошад. Ин ниқоббандиҳо ва гаштҳои сиёсии маккорона танҳо саҳнабозиест, ки барои ба мазҳаби ғайр гаравидагон дар шакли «тақия» иҷозат медиҳад, ҳадафҳои аслии худро пинҳон доранд ва то расидан ба онҳо ҳар қадаре ки мехоҳанд, дурӯғ гӯянд.

Новобаста ба ҳамаи ин хиёнатҳо, боз ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад авфи гуноҳашон кунад ва шахсонеро, ки гумроҳ шудаанд ва рафтори хатои худро дарк намуда, сидқан пушаймон мешаванд, бубахшад. Ва ин хислати башардӯстонаи бесобиқаро ҳамагон медонанд. Вале ин эътирофро танҳо нафароне метавонанд кунанд, ки барои Ватану миллат аз худ гузаштагӣ нишон диҳанд ва ба ин восита тавонанд, каме ҳам бошад, аз сиёҳӣ ва доғ номи худро рӯйпӯш кунанд.

Илҳом Қурбоншоевномзади илмҳои фалсафа,

ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment