Дирӯз роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо олимони ҷавоне, ки дар донишгоҳ фаъолияти корӣ доранд ва давоми солҳои 2016 – 2018 рисолаи илмиашоноро ҳимоя намудаанд, вохӯрӣ доир кард.

Дар ин вохӯрии судманд Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмаилалӣ – Абдуллоев М.А ва мудири шӯъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ – Бобоева А.Ҳ. ширкат карда, бо беш аз 40 нафар олимони ҷавон суҳбати ошкоро ва озод доир намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ ба олимони ҷавон изҳори ташаккур карда, барои фаъолияти илмии ояндаашон муваффақиятҳо таманно гардид. Инчунин қайд гардид, ки барои пешрафти фаъолияти илмии олимони ҷавон донишгоҳ барои дастгирӣ омодааст ва тақвият додани заминаи рушди илму инноватсияро яке аз ҳадафҳои асосии худ мешуморад.

Дар охир баҳри бартараф кардани монеаҳое, ки ба кори илмию ҳимояи рисолаҳо пайдо мешаванд, якчанд маслиҳату тавсияҳо доданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment