Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сӯҳбати озоду ошкоро бо донишҷӯёне, ки аз кишварҳои гуногун дар донишгоҳ таҳсил доранд, доир шуд. Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ – Абдуллоев М.А. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбия – Ашӯров А.Н. доир ба донишгоҳ, тартибот, қоидаҳои таҳсил маълумот дода, доир ба мавҷудияти шароитҳои зарурӣ барои касбомӯзӣ дар ин даргоҳи олӣ таъкид доштанд.

Боиси қайд аст, ки айни ҳол дар донишгоҳ аз 12 давлати олам – Афғонистон, Бангладеш, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Нигерия, Олмон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Чин донишҷӯён бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар охир донишҷӯён бо саволҳои зиёди худ ба роҳбарияти донишгоҳ муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Чун анъана пас аз вохӯрӣ дар назди бинои дуюми Донишгоҳи техникӣ расми хотиравӣ гирифта шуд.

 

 

 

 

 

 

 

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment