Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳиму таърихиро дар арсаи сиёсии кишвар метавон номбар кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо дар арсаи байналмилалӣ оламшумул гардидааст.

Албатта қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз «сиёсати дарҳои кушод»-ро пеш гирифтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо зиёда аз 184 давлати ҷаҳон ҳамкории иқтисодиву хориҷиро ба роҳ мондааст.

Соли 2018-ро ҳамчун соли рамзи дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаи ду миллати дӯсту бародар –тоҷикону ӯзбекон метавон унвон кард, ки бо рӯйдоди пурғановат ва муҳим дар таърихи ду давлати дӯсту ҳамсоя ва бо заҳматҳои пайгиронаи ду марди наҷиб ва ватандӯст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ пайваст.

Ин ду абармарди барҷаста бо талошу заҳматҳои пайгирона дар олами сиёсат бо ба мардумони кишварҳояшон дарвозаи дӯстиву рафоқатро бо қалби боэътимоду боварӣ боз намуданд. Шодию фараҳи пиру барно ҳадду канор надошт. Мардуми дӯсту бародари ду давлат, тоҷикону ӯзбекон ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, ашки шодӣ мерехтанд ва ба ҳар ду сарвари оқилу барно аҳсантҳо мехонданд. Инак, боз рӯзе расид, ки дар муносиботи сиёсии ду давлати ҳамсоя, дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаҳои мубрам, муносибатҳои байнидавлатӣ, дурнамои тавсеаи минбаъда ва ҳамкориҳои гуногунҷанба дар тамоми соҳаҳо дар фурсати кӯтоҳтарин матраҳ карда шуданд.

Дарҳақ, имрӯз мо бояд шукрона кунем. Коре, ки ин ду марди накӯном барои мардумони кишварҳояшон бо ҳадафи таҳкими дӯстиву рафоқат, ободию осоиштагӣ  ва шукуфоию пешрафти мардумону сарзамин анҷом доданд, фаромӯшнашуданист.

Таърих гувоҳ аст, ки халқҳои тоҷику ӯзбек аз қадимулайём таъриху фарҳанги ягона ва риштаҳои хешутаборӣ доштанд. Баргузор гардидани рӯзҳои фарҳангӣ, тамошои барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» бо ҳузури ҳунармандони ҳар ду давлат аз робитаҳои наздики дӯстӣ ва фарҳангии муносиби ду кишвари дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17 ва 18-уми августи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ташриф оварданд.

Дар рафти мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ, гуфтугӯи ошкор ва созанда сурат гирифт, Сарони давлатҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро ба тарзи муфассал муҳокима намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақом ва ҳайати бонуфузи Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон хайра мақдам гуфта, ташрифи онҳоро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва муносибатҳои неки дуҷониба арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мардуми ӯзбек изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.

Дар баромади худ Сарварони ҳар ду давлат оид ба идомаи анъанаҳои нек, муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешутаборӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба иброз намуданд.

Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ хизматҳои арзандаи Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва байналмилалӣ махсусан қайд намуда, сидқан ва бародарвор ба Сарвари давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик миннатдорӣ баён намуданд.

Зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳимтарин масъалае, ки ҳалли он солҳои дароз ба масъалаи муносибатҳо байни ду кишвар монеаҳо эҷод менамуд, яъне захираҳои обӣ-энергетикӣ ба таври мусбат, ба манфиати ҳарду ҷониб баррасӣ карда шуд.

Роҳи ҳалли мушкилоти қаблии ба захираҳои обӣ-энеретикӣ вобаста буда дар банди 13-уми Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки санаи 17-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд қабул гардид, чунин ифода ёфтааст:

«Президентҳо истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикиро, ки барои ба даст овардани рушди устувор, некӯаҳволӣ ва шукофоии Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад, бо назардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа, бори дигар таъкид намуданд. Аҳамияти муколамаи кушод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои созанда, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд, одилона ва оқилона дар ин соҳаҳо кайд карда шуд.

Тарафҳо оид ба омӯзиши масъалаи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар қаламрави Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон ба мувофиқа расиданд. Роҳбарони ду давлат ба Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ супориш доданд, ки масъалаи истифодаи оби ошомидании кӯли Сарез ба манзури таъмини ниёзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Тарафҳо ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 (ш. Душанбе 20-22 июни соли 2018) баҳои мусбат доданд ва омодагии худро барои иштироки фаъолона дар татбиқи эъломияи хотимавӣ ва дигар санадҳои ниҳоии Конфронс изҳор намуданд.

Президентҳо дастгирии якдилона ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро оид ба «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилаллии таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ», ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, бо қаноатмандӣ қайд карданд ва нияти давом додани ҳамкориҳоро дар пешбурди татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ изҳор намуданд».

Дар ин санади муҳими таърихӣ се роҳи ҳалли масъалаи муҳим ба таври мушаххас ифода гардидааст:

-истифодаи захираҳои обӣ-энеретикӣ бо мақсади таъмини некӯаҳволии сокинон ва шукуфоии кишварҳои минтақа;

-дар ҳудуди Тоҷикистон сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар дарёи Зарафшон;

-истифодаи оби ошомидании кӯли Сарез ба манзури таъмини ниёзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

Албатта бо амалӣ намудани ин се ҳадафи нишон додашуда иҷрои ду масъалаи дигар – риояи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтқаи Осиёи Марказӣ» ва расидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таъмин карда мешавад.

Сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар дарёи Зарафшон ҳадафҳои неку созанда дорад. Сохтмони мазкур боиси ҷалби сармояи Ӯзбекистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон мегардад. Дар сурати бунёд гардидани ду нерӯгоҳ Тоҷикистон имкони иловагӣ пайдо мекунад, ки садҳо гектар заминҳои бекорхобидаро обшорон кунад ва Ӯзбекистон садҳо корхонаҳои саноатиии худро бо нерӯи барқи арзон таъмин намояд.

Сохтмони муштараки нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон, истифодаи ҳарчи бештари оби ошомидании кӯли Сарез сароғози тамоми муносибатҳои минбаъдаи дӯстона ва шарикии стратегии абадӣ мегарданд.

Эзоҳ: Мавод аз маълумоти иттилоотӣ-хабарии АМИТ Ховар омода карда шудааст. http://khovar.tj/

Ҳасанов Нуралӣ

мудири кафедраи «Иншоотҳои зеризаминӣ,

асос ва таҳкурсиҳо»-и факултети Сохтмон ва меъморӣ.

Бойзода Боймурод

муаллими калони кафедраи «Иншоотҳои зеризаминӣ,

асос ва таҳкурсиҳо»-и факултети Сохтмон ва меъморӣ.

Leave a Comment