Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, деканати факултети «Сохтмон ва меъморӣ», кафедраи “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ” бо андӯҳи зиёд хабар медиҳад, ки 28-уми сентябри соли 2018 дар синни 61-солагӣ ҲАМИДОВ КОМИЛҶОН АБДУРАУФОВИЧ ба таври нобаҳангом аз олам даргузашт.

Ҳамидов Комилҷон Абдурауфҷонович 3-юми ноябри соли 1957 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт (вилояти Суғд) таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №2-и зодгоҳашро хатм намуда, ҳамон сол донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (онвақта Институти политехникии Тоҷикистон) гардидааст. Донишгоҳи номбурдаро соли 1979 бо ихтисоси “Сохтмони саноатӣ ва гражданӣ” хатм намуда, аз ҳамон сол ба фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун муаллими кафедраи “Меъмории биноҳои гражданӣ ва саноатӣ” шурӯъ намудааст.

Соли таҳсили 1983/84 ҳамчун таҷрибаомӯз дар кафедраи “Меъмории биноҳои гражданӣ ва саноатӣ”-и Донишгоҳи давлатии сохтмони ш. Москва кор карда, солҳои 1985 – 1988 ҳамчун аспирант дар аспирантураи назди кафедраи номбурда ба тадқиқоти илмӣ машғул шудааст. Баъди хатми аспирантура ва ҳимоя кардани рисолаи илмии номзади илмҳои техникӣ соли 1988 ба Душанбе баргашта, ба идомаи фаъолияти корӣ дар кафедраи “Меъмории биноҳои гражданӣ ва саноатӣ”-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ шурӯъ намудааст.

Аз соли 1988 то 2012 дар вазифаҳои гуногуни робитаҳои байналхалқии донишгоҳ (муовини декан оид ба кор бо донишҷӯёни хориҷӣ, муовини декани робитаҳои байналхалқӣ, директори комплекси таълимию истиқоматии шаҳрвандони хориҷӣ, муовини сардори Идораи робитаҳои байналхалқӣ) кор кардааст.

Аз соли 2012 то соли 2018 ҳамчун мудири кафедраи “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ” фаъолият намудааст.

Аз фанҳои “Меъмории биноҳои гражданӣ ва саноатӣ”, “Асосҳои меъморӣ”, “Физикаи сохтмон”, “Техникаи рӯшноӣ дар сохтмон”, “Таҳқиқ ва санҷиши биноҳо ва иншоотҳо”, “Таҷҳизоти муҳандисии биноҳо” ва “Этикаи касбӣ” дарс мебурданд.

Донандаи хуби забони тоҷикӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 80 мақола ва дастури методии таълимӣ буда, дар таҳия ва тарҷимаи адабиёти техникию меъёрӣ ба забони тоҷикӣ пурмаҳсул меҳнат мекард. Дар 3 соли охир бештар аз 10 номгӯи маводи методиро асосан ба забони давлатӣ таҳия ё таҳрир намудааст.

Омӯзгори дилсӯзу ғамхор буданд. Дар таълиму тарбияи донишҷӯёни хориҷӣ, ки қисми зиёдашон маҳз дар факултети “Сохтмон ва меъморӣ” таҳсил мекунанд, хизмати арзанда намудаанд.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии ҷумҳурӣ мебошад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ш. Душанбе (даъвати 5) интихоб гардидааст.

Дар маъракаю чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар доираи устодону кормандон ва дар байни донишҷӯён обрӯю эътибори хоса доштанд.

Марги нобаҳангом ин устоди равшанзамирро аз байни коллективи устодони донишгоҳ бурдааст, вале қадру манзалати Ҳамидов Комилҷон чун устод дар байни шогирдон, чун дӯст дар байни рафиқон, чун олим дар байни дигар олимон боз ҳам бештар гардидааст.

Ӯ зинда аст бо номи неку рафтори мондагор, фарзандону дӯстон, эҷодиёту осораш!

Хокистари сари ту сад баргу шарар арзад,

Як барги хазони ту сад боғу баҳор арзад.

Аз дидаи мо рафтӣ, дар хоки сияҳ хуфтӣ,

Он қуббаи хоки ту, сад бурҷу манор арзад.

 Хотири неки Ҳамидов Комилҷон ҳамеша дар хотири мо боқӣ хоҳад монд.

Ҷоятон биҳишту хонаи охират обод ва рӯҳатон шод бод, устоди гиромӣ!

Раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment