Дар гаҳвораи тамаддуни тоҷик фарзандоне тарбия ёфтаанд, ки на танҳо сарзамини тоҷиконро боргоҳи хирадмандон сохтанд, балки донишро ҷавшани хеш намуда, башариятро ба дунболи илму маърифат роҳнамоӣ карданд. Намунаи барҷастаи ин миллати тоҷик аст, ки зуҳури он кохи пуршукӯҳи илму маърифатро рифъат бахшида, ҳамчун борони файзбахш ба рушду нумӯи фарҳангу маданияти олам оби ҳаёт додааст, бешубҳа яке аз ин чеҳраҳо Мавлоно Ҷалолуддини Балхист.

Бемуҳобот, Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ аз абармардони фарҳанги бостони тамоми мардуми тоҷику форсу ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волои форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввиф ва ғазалсарои адабиёти деринасоли мардумонамон дар баробари Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ шуҳрати фарҳангу адаби халқи тоҷикро беназиру оламгир гардонидааст.

Дар мавриди ҷараёни зиндагӣ, таълим, осор ва фаъолиятҳои шоирии Ҷалолуддини Балхӣ дар илми ватаниву хориҷӣ сарчашмаҳо ва тадқиқоти зиёде матраҳ шудааст. Ба сифати манбаъҳои асосӣ пеш аз ҳама “Маноқиб-ул-орифин”-и Афлокӣ, “Тазкира”-и Давлатшоҳи Самарқандиро метавон зикр кард. Асарҳои тадқиқотие, ки роҷеъ ба Мавлоно бахшида шудаанд, низ кам нестанд. Машҳуртарини онҳо китоби “Аҳвол ва зиндагонии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад машҳур ба Мавлавӣ”-и Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Зарринкуб А., Ҳумоӣ Ҷ. “Ғазалиёти девони Шамс”, “Арзиши мероси суфия” ва хулоса олимони зиёде ба мисли Николсон А., Ф.Д. Люис “Зиндагӣ, таълимот ва назми Румӣ”, Одилов Н. “Ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Румӣ”, Ҳодизода Р. “Джалаледдин Руми”, Султонзода М. “Назми орифонаи Шоҳиди Мавлавӣ”, Маҳмадҷонова М.Т. “Мулоҳизоте чанд роҷеъ ба ахлоқи Ҷалолуддини Румӣ”, Зиёев Х.М “Мавлоно”, инчунин асарҳои зиёде аз ҷониби донишмандони турку эронӣ ва аврупоӣ ҷанбаҳои алоҳидаи осор, таълимот ва тариқати Мавлоноро таҳқиқ кардаанд, дарёфт кардан мумкин аст.

Ногуфта намонад, ки баъди қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Тоҷикистон соли 2007-ум 800-умин солгарди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар кишварҳои зиёде таҷлил гардид ва дар рафти он симпозиуму конфронсҳо, барномаҳои фарҳангӣ доир шуда, осори ҷовидонааш ба забонҳои гуногуни дунё ба нашр расид. Рӯзҳои 6-7-уми сентябри соли 2007 дар ҷумҳурӣ Конфронси байналмилалии илмӣ – «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» доир гардид, ки дар он олимон ва донишмандони сӣ кишвари дунё ширкат варзиданд.

Сироҷиддинзода М.М. – н.и.ф., муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Comment