1. Қадаматонро шуморед

Дар кисаи бисёриҳо смартфон ҳаст, ки он ҷо теъдоди дар як рӯз чанд қадам гаштугузор намудани одамро ҳисоб менамояд. Гурӯҳи олимон аз чанд давлат 717 527 нафар одамони 111 давлати ҷаҳонро аз рӯйи ин смартфони дар дасташонбуда тадқиқот гузаронида, муайян намуданд, ки онҳо чӣ қадар дар як рӯз роҳ мегарданд. Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки ба ҳисоби миёна одамон дар як рӯз 5000 қадам мениҳодаанд. Вале ин нишондод барои ҳар давлат ҳар хел аст. Масалан, одамон дар як рӯз – дар Гонконг 6880 қадам, Чин 6189 қадам, Украина 6107 қадам, Ҷопон 6010 қадам ва дар Руссия 5969 қадам мениҳодаанд. Аз ҳама кам дар давлатҳои исломӣ дар як рӯз қадам мениҳодаанд – Филлипин, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Индонезия ва Қатар (шумораи қадамашон аз 4105 то 3513). Одамони давлатҳои сермошин ИМА, Канада ва Фаронса дар миёнаҷой ҷойгир шудаанд (шумораи қадамашон дар як рӯз аз 4819 то 4724). Дар ҳамаи давлатҳо хонумҳо нисбат ба мардҳо кам қадам мениҳодаанд.

Маълум аст, ки камҳаракатӣ ва мунтазам ба варзиш машғул нашудан ба фарбеҳшавӣ, касалиҳои дил, рагҳои хунгард ва ғайра сабаб мешавад. Мувофиқи тавсияи пизишкон одам дар як рӯз набояд аз 10 000 қадам кам ҳаракат намояд.

Ҳоло дар мағозаҳо барои чен намудани шумораи қадами одам ба соат монанд ҳар хел асбобе дар фурӯш аст ва ба дастатон баста мегардед, ки ҳам вақтро нишон медиҳад, ҳам таппиши дилро, ҳам дар як рӯз чанд қадам ниҳодан, чанд километр роҳ гаштан, ҳарорати бадан ва ҳатто шумо чанд соат хоби сахт ва ё чанд вақт бедор хобиданатонро нишон медиҳад ва “зангӯла” ҳам дорад (баъзе ин нишондодро шумо аз мобилникатон, ки бо ин “соат” алоқаманд намудан лозим, кушода хонда метавонед). Ман, ки ба давидан шавқу завқ дорам фарзандонам дар рӯзи мавлудам ба ман чунин соатро тақдим намуданд. Мувофиқи нишондоди ин асбоб ман рӯзе на кам аз 12 000 – 13 000 қадам ва ҳатто аз ин ҳам зиёд роҳ мегардам. Ҳангоми бо суръати 7 км/соат давидан (оҳиста давидан) як қадам ба ҳисоби миёна ба 0,72м мувофиқ меояд. Албатта ин нишондод вобаста ба қаду қомат ва тарзи роҳ гаштан барои ҳар кас ҳархел мешавад. Як камбудии ин асбоб дар он аст, ки агар дар як ҷо нишаста дасти асбоб бастаатонро ба ҳаракат дароред – болою поён кунед, онро ҳамҷун қадам задан ҳисоб мекунад. Умуман асбоби хуб аст.

  1. Материяи диданашаванда (Dark matter)

Дар таърихи илми астрономия ва астрофизика баъзан ҳолатҳое дучор мешаванд, ки ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ ба қонуниятҳои механикаи назариявӣ “итоат” намекунанд. Аз ин рӯ, олимон сабаби онро ҷуста, ҷисмҳои нави осмонро ихтироъ менамоянд. Ҳамин тавр сайёраҳои Нептун ва Сириусро кашф намуданд. Соли 1922 астрономҳои америкоӣ Ҷейм Ҷинс ва Якобус Каптейн ҳаракати ситораҳои Галактикаи моро (Роҳи Каҳкашонро галактикаи мо меноманд, ки дар он ҷо зиёда аз 100 млрд ситора – Офтоб мавҷуд аст. Шумораи чунин галактикаҳо дар қисми мушоҳидашавандаи кайҳон боз аз 100 млрд. зиёд аст! Бо гуфтаи астрофизики машҳури рус Э. Шкловский – регҳои биёбони Карбалоро шуморидан осонтар аст нисбат ба шуморидани ситораҳои Осмон!) омӯхта, ба хулосае омаданд, ки қисми зиёди маводи (массаи) Галактика диданашаванда аст, бо ибораи дигар массаи Галактика аз массаи ҳамаи ҷисмҳои дар он мавҷудбуда хело ва хело зиёд аст?! Агар инро боз содатар фаҳмонем, чунин бармеояд, ки массаи Системаи офтобӣ аз массаи ҳамаи ҷисмҳои дар ин система буда хело кам аст. Яъне дар гирду атрофи мо маводи диданашаванда мавҷуд аст, ки мо онро на баркашида метавонему на ҳис мекунем, вале он массаи диданашаванда қувваи кашиш дорад (маълум аст, ки ҷисми масса дошта дорои қувваи гравитатсия аст, ба монанди он ки Замин ҳамаи ҷисмҳоро ба худ мекашад). Нофаҳмо аст? Бале, инро тасаввур намудан душвор аст. Ҳоло ҳеҷ нафаре оид ба мавҷуд будани заррачаҳои элементарӣ ва ё радиомавҷҳо шубҳа надорад, гарчанде ки мо онҳоро дида наметавонем. Барои чунин проблемаҳои ҷаҳониро фаҳмидан, таҳлил намудан дониши дар донишгоҳ гирифтаи мо кифоя нест. Фақат гумон накунед, ки ин фантазияи олимон аст, беҳуда сари ин проблема олимони машҳури дунё баҳсу мунозира ва бо телескопҳои бузург  тадқиқот намебаранд.

Олимон тахмин мекунанд, ки Коинот баъди Таркиши Бузург 14 млрд. сол қабл пайдо шудаааст ва аз ин маводи таркиш ҷисмҳои Осмонӣ – ситораҳо, галаситораҳо, сайёраҳо, астероиду кометаю чангу ғубор пайдо шудааст, ки ин маводи (материяи) дидашаванда аст. Эҳтимол аст, ки қисми зиёди ин маводи таркиш (зиёда аз 90%) диданашаванда шудааст, ин мавод бо материяи дидашаванда вобастагӣ надорад, омехта намешавад, задухӯрд намекунад, мо онро ҳис намекунем, аз ин рӯ, онро бо ягон асбоб на чен карда мешаваду на баркашидан. Фақат маълум нест, ки ин материя чӣ хел сохт ва шаклу намуд дорад, аз чӣ иборат аст ва он ҷо ягон намуди ҳаёт ҳаст ё на? Савол пеш меояд, модоме ки ин материяи диданашаванда аст ва онро бо ягон асбоб мушоҳида намуда наметавонем, пас чӣ тавр ба мавҷуд будани он бовар кунем? Барои мавҷуд будани он чӣ хел далелҳо мавҷуд аст?

Далели мавҷуд будани материяи диданашаванда (Dark matter) ин қувваи ҷозиба аст, ки дида намешавад ва Кайҳонро ба тақсим шудан намемонад. Ин қувваи кашиш ба хатсайри ситораҳо ва галактикаҳо баръало таъсир мерасонад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бисёрии галактикаҳо бо суръати кунҷии калон давр мезананд ва дар асоси назарияи гравитатсияи Эйнштейн бояд бо таъсири қувваҳои марказгурез ба қисмҳо тақсим шуда, парида раванд. Вале кадом як қувваи ниҳонӣ онҳоро ба тақсим шудан намемонад. Аз соли 1960 ин ҷониб мушоҳидаҳои зиёди астрономӣ тавассути аппаратҳои идоракунанда, телескопҳои ба фазои коинот баровардашуда ба монанди телескопи бузурги “Хабл” маълумоти зиёд ҷамъ оварда шудаанд, ки мавҷуд будани материяи диданашавандаро, ки онро Материяи сиёҳ низ меноманд, чунин тасдиқ мекунанд:

  1. Бо суръати калон давр гаштани ситораҳо, галаситораҳо, ки пароканда намешаванд ва бо кадом як қувваи номаълум нигоҳ дошта мешаванд.
  2. Ҳангоми омӯхтани ситораҳо ва дигар маводи Галактика исбот шудаааст, ки массаи умумии Галактика аз ҷамъи массаи ситораҳои он хело ва хело зиёд аст.
  3. Дар асоси ҳисобҳои иҷронамуда, массаи ситораҳои Галактикаи намуди эллипс дошта, барои нигоҳ доштани газҳои тасфони Галактика кифоя нест, барои ин мавҷуд будани массаи пинҳоншуда ҳатмист.
  4. Тадқиқот нишон доданд, ки массаи материяи диданашаванда берун аз Галактика нисбат дар дохили он зиёд аст.

Соли 2012 натиҷаи тадқиқот оид ба 400 ситораҳое, ки аз Офтоб 13 000 соли рӯшноӣ дуртар воқеъ будаанд, дар маҷаллаҳои илмии ҷаҳон чоп намуданд (масофаҳои байни ситораҳоро бо соли рӯшноӣ чен мекунанд – ин масофае, ки рӯшноӣ бо суръати 300 000 км дар як сония як сол ҳаракат мекунад). Дар асоси ин тадқиқот ва ҳисобҳо маълум шуд, ки вазни хоси материяи дидананашаванда дар гирду атрофи Системаи офтобӣ тахминан 0,06 кг дар ҳаҷми Замин тақсим шудааст, ки ин хело ва хело ночиз мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар Замин чунин материяро ба қайд гирифтан амри маҳол аст.

Мувофиқи мушоҳидаҳои обсерваторияи космикии “Планк”, ки натиҷаҳояш соли 2014 чоп шуда буд, массаи материяи дидашавандаи Коинот 4,9%, массаи материяи диданашаванда ва ё материяи мутлақ сиёҳ 26,8%, массаи энергияи диданашаванда ва ё энергияи сиёҳ 68,3%-ро ташкил медиҳанд. Хулоса 95,1% Коинот аз материя ва энергияи сиёҳи диданашаванда иборат будааст!

  3. Тоза намудани ҳаво

Дар шаҳри Сиан (Чин), ки ҳавои шаҳр серғубор аст (ба монанди ҳавои шаҳри Душанбе) сохтмони бинои ҳавотозакунак ба истифода дода шуд. Ин сохтмон аз ғулбаи (трубаи) баландиаш 300 м (ба монанди трубаи заводи сементбарорӣ), ки ба асоси бетонии хело васеъ ба монанди майдони футбол гузошта шуда, болои он бо оина пӯшонида шудааст. Тарзи кори ин завод аз он иборат аст, ки нурҳои офтоб аз шиша гузашта, ҳавои ғуборноки асоси биноро гарм мекунад ва ҳавои гармшуда бо суръат ба ғулба ворид шуда, аз филтрҳои махсус гузашта, аз чангу ғубор тоза шуда, ба атмосфера партофта мешавад. Бо ин усул дар як рӯз аз 5 то 8 миллион метри кубӣ ҳавои тоза ба атроф партофта мешудааст. Ченкуниҳо дар масоҳати 10 километри квадратӣ дар гирду атрофи ин сохтмон нишон дод, ки ҳаво 20 фоиз аз чангу ғубор тоза шудааст. Мувофиқи тавсияи мутахассисон барои пурра тоза намудани ҳавои шаҳри Сиан боз чандтои дигар сохтани чунин сохтмони бузург лозим будааст.

Устодони муҳтарами кафедраи Бехатарии фаъолияти инсон ва экология, барои тоза намудани ҳавои шаҳрамон чӣ фикру андеша доретон?

4. Бетони сабзидор

Муҳандисони университети Ланкастер (Британияи Кабир) истифодаи як намуди нави маводи композитсионӣ – бетони дар таркибаш сабзии майда-майда кардашуда (андозаи заррачаҳои сабзӣ чанд микрон аст)-ро тавсия доданд. Ба бетон сабзиҳои бесифати аз мағозаҳо баргаштаро истифода бурдан мумкин. Таҷрибаҳо нишон дод, ки ин намуди бетон аз бетони оддӣ мустаҳкамтар будааст. Дар асоси тадқиқоти пешакӣ бармеояд, ки агар ним килло орди сабзӣ бо бетон омехта карда шавад, онгоҳ миқдори истифодаи портландбетон барои як метри кубии бетони тайёр 10 фоиз кам мешавад ва баъзе хосиятҳои физикию химикии бетон беҳтар мешавад.

Модоме ки ҳамин тавр бошад, ба унвонҷӯёни факултетҳои “Технологияҳои инноватсионӣ” ва “Сохмон ва меъморӣ”-и донишгоҳамон тавсия медиҳем, ки бо бетон хокаи қаҳва, хокаи пудина ва ё ягон намуди алафи бӯйдоро омехта намоянд, онгоҳ бетон бӯйи хӯш медиҳад ва эҳтимол баъзе хосиятҳои механикиаш беҳтар ҳам шавад. Хокаи қурутро низ санҷидан мумкин. Ана мавзӯи кори илмӣ!

Нозирҷон Туйчиев

Leave a Comment