Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро натанҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад. Равонӣ, зебоӣ ва шевоии забон нишонаи сатҳи огоҳӣ ва завқи эстетикии ҳар халқу миллат аст.

Дар даврони аввалин давлати муттаҳиди тоҷикон – давлати Сомониён, ки ҳудуди фарохеро дар бар мегирифт, амирони сомонӣ забони тоҷикиро ба забони давлатӣ табдил доданд ва истифодаи ҳамаҷонибаи онро дар корҳои давлатӣ ба роҳ монданд. То он вақт, пас аз истилои араб, коргузории давлатӣ, илму адабиёт бештар ба забони арабӣ сурат мегирифт. Амирони сомонӣ ба дарбори худ адибону фозилони форсигӯро даъват менамуданд ва ба ривоҷи шеъри дарӣ аҳамияти бузург медоданд.

Маҳз пояҳои мустаҳками забони шевои мо аз ҷониби шоирони бузурги тоҷик Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Муродӣ, Форобӣ, Робияи Балхӣ ва даҳҳо дигарон, ки дастпарварони даргоҳи Сомонӣ буданд, дар он даврони тақдирсоз гузошта шуд.

Дар охири асри Х давлати паҳновару озоди Сомониёнро қабилаҳои туркнажоди биёбоннишин истило намуданд. Лашкари Сомониён шикаст хӯрд ва аввалин давлати тоҷикон аз байн рафт. Лекин ин маънои онро надорад, ки миллати тоҷик умуман аз сари қудрат рафта бошад.

Дар дигар минтақаҳои тоҷикнишин Давлати Ғуриҳо (дар қисмате аз Афғонистони кунунӣ) ва ҳокимони майда-майдаи тоҷик ҳукмронӣ менамуданд. Лекин новобаста аз он ки ҳокимони халқи тоҷик то арафаи инқилоб аҷнабиён буданд, забони тоҷикиро хеле хуб медонистанд ва ҳамчунон забони давлатии онҳо тоҷикӣ буд.

Дар даврони Шӯравӣ, ки кишвари мо ҳамчун манбаи ашёи хом буд, ба арзишҳои миллӣ ва махсусан ба забони тоҷикӣ аҳамияти хос дода намешуд. Махсусан, тадриҷан маҳдуд шудани доираи амали забони тоҷикӣ ва ҷойи онро гирифтани забони русӣ ба рӯҳияи мардум таъсири бад мерасонид.

Ҳамаи ин беадолатиҳоро дида мардум рӯз то рӯз бедор мешуд ва ҳамеша дар орзуи озодиву истиқлоли ватани азизи худ ва забони худ буд. Халқи тоҷик мехост кишвари худро озоду хушбахт бубинад ва бо забони поку беолоиши модарӣ – забони тоҷикӣ сухан гӯяд.

Сиёсати бозсозӣ ба эҳёи забони тоҷикӣ таъсири рӯҳбахш расонид. Ошкорбаёниву демократия барои дар ҳудуди Тоҷикистон мақоми давлатиро соҳиб шудани забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо мақолаҳо оид ба вазъи рушди забон ба табъ расиданд.

Қабули Қонуни забони тоҷикӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ҳодисаи бузургест дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Ин ҳодиса далели иқдоми ҷиддист дар роҳи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солонаи ин санаи муборак 5-уми октябрро мардум ҳар сол бо камоли мамнуният ҷашн мегиранд. Барои ҳар як миллат муқаддастар аз забон чизе нест.

Ҳоло мо мавқеи забони давлатиро аз боби якум ва моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра эҳсос пекунем, ки омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад».

Забон барои ҳар фард ва аҳли ҷамъият аслиҳаи ниҳоят тавоно ва умда аст. Забон, аз як тараф, барои инсон олот, воситаи изҳори ҳиссиёту фикр бошад, аз тарафи дигар, воситаи тафаккури шахсӣ (забони ботинӣ) ва аз ҷиҳати сеюм, воситаи омӯзиши илму фарҳанги тарафайн аст. Ниҳоят, забон бузургтарин неъмати абадӣ гардонандаи ному фазилати инсон аст.

Ҳоло забони таълиму тарбия, кору коргузорӣ, матбуоту илмию маданӣ забони ноби тоҷикӣ – забони давлатии мо аст. Имрӯзҳо, хушбахтона мо бо баромадҳои сиёсии байналхалқии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бонуфузи Созмонҳои гуногун бо забони тоҷикии зебо муаррифӣ мешавем.

Мутаассифона, ҳоло бо шахсоне вохӯрдан мумкин аст, ки забонро шикаста, вайрон ва муғлақу нофаҳм карда, дар кӯчаю бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода мебаранд. Дар айни ҳол зикр кардан лозим аст, ки бо тамасхур дар шакли вайрон истифода бурдани калимаю ибораҳои забони дигар миллат беҳурматӣ нисбат ба забони миллии он буда, маънои забони адабии миллатро ба жаргон табдил додан аст.

Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

…Аз тамоми ину он гумкардагон

Зиштрӯтар нест дар рӯйи ҷаҳон

З-он ки гум карда забони модарӣ,

Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон…

…Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Дар хусуси тозагии забон профессор Б.Н. Головин дар асараш «Дар бораи маданияти нутқ» хеле хуб фармудааст: «Мо он нутқеро тоза меномем, ки дар он унсурҳои ба забони адабӣ бегона ва унсурҳои забони мухолифи қоидаҳои ахлоқӣ набошанд…

Масъалаи тозагии забон кайҳо боз аксарияти нависандагон, олимони соҳаи забон, педагогҳо ва ташвиқотчиёни маданияти миллиро ба ташвиш овардааст.

Нутқи тоза мисли ҳавои тоза барои мо барои он лозим аст, ки ба таври осоишта ҳаёт ба сар барем ва нафас кашем. Ба одамон фаҳмонидани ин вазифаи илму мактаб, радио, телевизион ва матбуот аст».

Яке аз талабҳои санъати сухан донистани забон ва имконияти ифода намудани он аст. Дар ин хусус адабиётшинос Н. Маъсумӣ хеле хуб гуфтааст: «Хубии сифати забони адабӣ ва забони бадеӣ дар амал ба азхуд карда шудани техникаи забон, маҳорати суханронӣ, ҳақиқати тарзи баён, дурустӣ ва ҳаққонияти ифода вобаста аст».

Ман орзуи онеро дорам, ки дар ояндаи наздик устодони донишгоҳи азизи ман – ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар сарҷамъӣ луғати истилоҳоти техникиеро тартиб диҳанд, ки тамоми соҳаҳои техникиро дар бар гирифта, оммафаҳм, ягона ва дархӯри тамоми муҳандисону истифодабарандагони соҳаҳои техникӣ гардад, ба тарҷумаҳои нофаҳмою бемантиқ ва ҳархела хотима бахшад.

Зеро забони тоҷикӣ яке аз бойтарин забонҳоест, ки барои ифодаи фикр чандин синониму омоним, антониму ибораю зарбулмасалу шеърҳо дорад. Фақат онҳоро аз худ намуда, дар мавқеашон истифода бурдан шарту зарур аст.

Касе ки забони модариашро дӯст медорад, онро вайрон намекунад.

Калимаҳои хориҷиро фақат ҳангоми донистани маъно ва талаффузи дурусташон ва мавриди зарураташон истифода кардан мумкин аст.

Забон дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷамъият барои рушду камоли маърифату маънавиёти инсон нақши бузург бозидааст ва имрӯз ҳам аз он аҳамият бархӯрдор аст. Забон бо ҳамин мақоми волои худ барои тамоми аъзои ҷомеа баробар хизмат менамояд ва аз ин ҷиҳат онро пояи ҳастии миллат медонанд.

Забони ҳар халқу миллат азизтарину шарифтарин сарват, рози дил ва воситаи эътирофу мавҷудияти ҳар халқу миллат ва шиносномаи ӯст. Дар забон табиат, хислату тавсиф, рӯҳу равон ва маишату дараҷаи маданияту саводи вай дарҷ меёбад. Забони ҳар халқ ифтихори миллӣ, нангу номус, қудрату тавоноӣ, воситаи асосии пойдорию бақо, асоси мавҷудият ва таърихи ӯст.

Забони тоҷикӣ забони милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва берун аз қаламрави ин кишвар низ нуфуз дорад. Аз ҷумла дар Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Эрон, шимоли Ҳиндустон, Туркия, Курдистон ва Қафқоз низ истифода мешавад.

Забони модариро ҳурмату эҳтиром бояд кард. Инсон дар куҷое, ки набошад, набояд забони модарии худро фаромӯш кунад. Оё мумкин аст, ки инсон забони модарии худро фаромӯш кунад? Оё мумкин аст, ки забонашро бо забони дигар иваз намояд? Не, ҳаргиз не! Ин гуноҳест азим ва нобахшиданӣ.

Оре, баҳри ҳар як фард забони модарии ӯ ҳамчун шири сафеди модар азизу муқаддас мебошад. Забони мо забонест, ки бо шири модар олоиш ёфта, ба бадан медарояду бо ҷони ширин аз он берун мешавад. Барои ҳар як инсон забон мисли имон муқаддас аст ва онро набояд бо лафзи дурӯғ олуда созем.

«Аз рӯйи муносибати ҳар шахс ба забони модариаш, метавон ба таври аниқу дақиқ на танҳо ба сатҳи фарҳангии ӯ, балки ба арзиши инсонии ӯ ҳам баҳо дод. Муҳаббати самимӣ ба Ватан ва шефтаи забони модарӣ будан, мафҳумҳои ҷудонашавандаанд. Касе, ки нисбат ба забони модарии хеш бетафовут аст, ваҳшист ва мавҷудияташ моҳиятан зараровар аст, зеро бепарвоӣ нисбат ба забон нишонаи комилан бетафовут будан ба гузашта, ҳозира ва ояндаи халқи худ аст» қайд мекунад К. Паустовский.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои олии забони тоҷикиро бениҳоят зиёд қайд намуда, ки мехоҳам аз дарё қатрае иқтибос оварам:

-Забони модарии мо, забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷеаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони барӯманди халқи тоҷик аз устод Рӯдакӣ то устод Садриддин Айнӣ дар шакли зебову ноб, бо захираҳои ғаниву рангини луғоту таъбирот бароямон мерос мондааст.

-Ҳангоми омӯзиши таърихи халқи тоҷик ман бисёр вақт ба андеша меравам ва ба чунин хулоса меоям, ки халқи ман бо тамоми шебу фарози таърихаш пеш аз ҳама бо забони худ ҳамтақдир будааст.

-Халқҳое дар ҷаҳон кам нестанд, ки бар асари фоҷиаҳои таърихӣ аз забони худ пуштибонӣ карда натавонистаанд, табдили забон кардаанд ва аз забони аслии худ маҳрум гаштаанд.

-Забону фарҳанги мо нигаҳбони тавонои миллатамон будааст.

-Бо ҳиммат ва фидокории ҳаммиллати бузурги мо Имоми Аъзам забони тоҷикӣ дар паҳлӯи забони арабӣ забони расмӣ ва шаръӣ қарор гирифт.

-Месазад бо сари баланд бигӯем, ки зиҳӣ халқи тоҷик, зиҳӣ абармардони адабу илму фарҳанги ин халқ, зиҳӣ ин забон!!!».

Адибони тоҷик низ дар ин бора бисёр гуфтаанд.

Ба гуфтаи Бозор Собир

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Пайвасти ногусастании устоду забонро дар ҳар давру замон дарк мекунем. Зеро ҳар шахсе, ки суханвару забондон аст, аз ӯ дигарон меомӯзанд ва ӯ мақоми омӯзгориро дорад.

Омӯзгорӣ касби пуршараф аст. Заҳмати муаллим дар роҳи таълиму тарбия боиси қадрдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Мо аз он омӯзгорону устодоне, ки таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавонро вазифаи муқаддас дониста, дар ташаккули шахсияти соҳибмаърифату соҳибтахассус ва худшиносу ватандӯст саҳми босазо доранд, ҳамеша миннатдор ҳастем ва бо онҳо ифтихормандем.

Бузургони гузаштаи халқамон, ки аз худ барои наслҳои оянда одобномаву насиҳатномаҳои зиёд ба мерос гузоштаанд, фармудаанд, ки падару модар, муаллим ва ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва фарзандон дар назди Худованд ҷавобгаранд. Агар онҳо фарзандро дуруст тарбият кунанд, ӯ хушбахт мешавад ва тарбияткунандагон низ дар ҳарду дунё хушбахт хоҳанд шуд. Вале агар онҳо дар масъалаи тарбия беэътиноӣ зоҳир намоянд, фарзанд бадбахт мегардад, ки гуноҳаш ба гардани онҳо хоҳад буд. Барҳақ масъулияти омӯзгор дар таълиму тарбия ҳамвазни волидон аст, ҳурматаш низ. Камолиддини Биноӣ фармудааст:

Ҳаққи устод аз падар беш аст

В-аз падар устод дар пеш аст.

Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,

Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Гар падар тарбият кунад сад сол,

Нозу неъмат туро диҳад ба камол.

Наравӣ то ба хизмати устод,

Илму ирфон куҷо бигирӣ ёд?

Ҳурмати устод ҳар кӣ надошт,

Алами илм бар ҷаҳон нафрошт.

Маҳз бо ҳидояти омӯзгорону устодон ҳамаи мо соҳиби донишу маърифат, фаросати маънавӣ ва маданияти шаҳрвандӣ гашта, моҳияти ҳаёту масъулияти ватану ватандориро шинохтаем. Аз ин хотир ҳамеша ба муаллим эҳтироми зиёд дорем, бо муҳаббату самимият номи устодони имрӯзаву собиқаро гиромӣ медорем ва аз таҷрибаи бузурги онҳо дар зиндагии худ истифода мекунем.

Имрӯз дар зимни афзудани нуфузи техникаву технологияҳои муосир ва зиёд шудани воситаҳои гуногуни иттилоот устодону омӯзгоронро зарур аст, ки усулҳои нави таълимро интихоб намоянд ва ба донишҷӯён маълумоти бештарро пешниҳод гардонанд.

Дар чунин шароит бояд фарзандонамон аз қатораи асри нав қафо намонанд, бо асосҳои илму дониши замонавӣ мусаллаҳ гарданд, дар баробари забони модарӣ якчанд забонро донанд, бо техникаву технологияи ҳозиразамон муносибат карда тавонанд.

Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо назардошти ин нуктаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки: «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад».

Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.

Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома»-аш устодро парварандаи равон ва падару модарро парваришдиҳандаи ҷон номидааст.

Доир ба нақши устод Муҳаммади Ҳиҷозӣ дар «Ҳазор сухан» фармудааст: «Дониш ва ҳунармандии устодони бузург шогирди пурдилро пару боли шавқ мебахшад, аммо шогирди камдилро ноумед мекунад ва аз кӯшиш бозмедорад» ва ё «Устоди ҳунарманд аз санг одам месозад, мураббии беҳунар аз одам дилсанг ба бор меоварад».

Дар сад панди Луқмони Ҳаким ба фарзандаш «Устодро беҳтарин падар шумор» ва «Ноомӯхта устодӣ макун» омадааст, ки қадру манзалати устодро нишон медиҳад.

Ва Нӯшервони одил ба Бузургмеҳри вазир савол медиҳад, ки «Кадом некӣ назди Худо мақбултар аст?» вазир ҷавоб медиҳад: «Некиҳое, ки ба волидайну устод ва фарзандону қавму қабилаи худ кунанд».

Конфутсий – файласуфи чинӣ сухани устодашро оварда, чунин қайд мекунад: «Амали наҷибро ба мушоҳида гирифта, ман гӯё аз ақиб мондан меҳаросида бошам, суръати ҳаракатамро меафзоям. Баробари рӯ ба рӯ шудан бо нохушиҳо ҳамчунон ки поямро ба оби ҷӯшон гузошта бошанд, аз онон дурӣ меҷӯям. Ман баҳри расидан ба аҳдофи хеш дар танҳоӣ ба сар мебарам ва ҷониби даркорӣ гом мебардорам, то ҳақиқати хештанро амалан собит созам». Яъне устод раҳнамо, ҳидоятгар ва омӯзанда аст.

Чӣ тавре ки таъкид гардид, забони тоҷикӣ мероси пурғановати миллати куҳанбунёди мо мебошад, онро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва инкишоф диҳем. Дар ин ҷода одоби забондонӣ, тарзи гуфтор ва дурӣ ҷустан аз шеваву лаҳҷаҳо боиси рушди забони модарии мо хоҳад гашт. Мо дар ин замина аз омӯзгорон хоҳиш менамоем, ки сарфи назар аз ихтисоси худ ба забони шевои адабӣ гап зананд, аз лаҳҷаҳо дурӣ ҷӯянд ва кӯшиш намоянд, ки шогирдонашон низ бо забони ноби тоҷикӣ сухандон шаванд ва ба ширингуфториву нозукбаёнӣ одат кунанд ва дар руҳияи эҳтиром гузоштан ба забони миллӣ тарбия ёбанд.

Муаллим донишу заковат ва гармии дили худро ба фарзандон ва наслҳои оянда мебахшад. Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад. Устодону омӯзгорон шогирдонро бо шӯру шавқи дучанд дар рӯҳи эҳтиром ба Ватан тарбия менамоянд, дар зеҳни онҳо номи муқаддаси Тоҷикистон, Нишон, Парчам ва Суруди миллиро ҷой карда, чун ворисони сазовор ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун месозанд. Аз ин рӯ, мо тамоми тағйироти иҷтимоиву маънавии ҷомеаро бо номи муаллимону устодони азиз пайванд медонем.

Фаридун Юнусов – Сардори Маркази иттилоот ва нашр

Leave a Comment