Устодони азиз, ҳозирини гиромӣ!

Шуморо бо Рӯзи Забони тоҷикӣ ва иди касбии омӯзгор, ки ҳар сол бо фараҳмандӣ ҷашн гирифта мешавад, табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро натанҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад. Маҳз пояҳои мустаҳками забони шевои мо аз ҷониби шоирони бузурги тоҷик Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Муродӣ, Форобӣ, Робияи Балхӣ ва даҳҳо дигарон, ки дастпарварони даргоҳи Сомонӣ буданд, дар он даврони тақдирсоз гузошта шуд.

Пас аз саҳнаи вуҷудро тарк кардани давлати Сомониён аҷнабиён забони тоҷикиро хеле хуб истифода карда, онро омӯхтанд ва ҳамчун забони давлатӣ қарор доданд.

Дар даврони Шӯравӣ, ки кишвари мо ҳамчун манбаи ашёи хом буд, ба арзишҳои миллӣ ва махсусан ба забони тоҷикӣ аҳамияти хос дода намешуд. Махсусан, тадриҷан маҳдуд шудани доираи амали забони тоҷикӣ ва ҷойи онро гирифтани забони русӣ ба рӯҳияи мардум таъсири бад мерасонид. Сиёсати бозсозӣ ба эҳёи забони тоҷикӣ таъсири рӯҳбахш расонид. Ошкорбаёниву демократия барои дар ҳудуди Тоҷикистон мақоми давлатиро соҳиб шудани забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Қабули Қонуни забони тоҷикӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ҳодисаи бузургест дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Ин ҳодиса далели иқдоми ҷиддист дар роҳи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солонаи ин санаи муборак – 5-уми октябрро мардум ҳар сол бо камоли мамнуният ҷашн мегиранд.

Ҳоло забони таълиму тарбия, кору коргузорӣ, матбуоту илмию маданӣ забони ноби тоҷикӣ – забони давлатии мо аст. Имрӯзҳо, хушбахтона мо бо баромадҳои сиёсии байналхалқии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бонуфузи Созмонҳои гуногун бо забони тоҷикии зебо муаррифӣ мешавем.

Барои омӯзиши касбу ҳунари техникӣ таҳияи маводи таълимӣ бо забони тоҷикӣ нисбатан мушкилтар аст. Ман орзуи онеро дорам, ки дар ояндаи наздик устодони донишгоҳи азизи мо дар сарҷамъӣ луғати ягонаи истилоҳоти техникиеро тартиб диҳанд, ки тамоми соҳаҳои техникиро дар бар гирифта, оммафаҳм, ягона ва дархӯри тамоми муҳандисону истифодабарандагони соҳаҳои техникӣ гардад, ба тарҷумаҳои нофаҳмою бемантиқ ва ҳархела хотима бахшад.

Зеро забони тоҷикӣ яке аз бойтарин забонҳоест, ки барои ифодаи фикр чандин синониму омоним, антониму ибораю зарбулмасалу шеърҳо дорад. Фақат онҳоро аз худ намуда, дар мавқеашон истифода бурдан шарту зарур аст.

Забони тоҷикӣ забони милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва берун аз кишвар низ нуфуз дорад. Аз ҷумла дар Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Эрон, шимоли Ҳиндустон, Туркия, Курдистон, Қафқоз ва ғайра низ истифода мешавад.

Забони модариро ҳурмату эҳтиром бояд кард. Инсон дар куҷое, ки набошад, набояд забони модарии худро фаромӯш кунад. Оё мумкин аст, ки инсон забони модарии худро фаромӯш кунад? Оё мумкин аст, ки забонашро бо забони дигар иваз намояд? Не, ҳаргиз не! Ин гуноҳест азим ва нобахшиданӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои олии забони тоҷикиро бениҳоят зиёд қайд намуда, ки мехоҳам аз дарё қатрае иқтибос оварам:

-Ҳангоми омӯзиши таърихи халқи тоҷик ман бисёр вақт ба андеша меравам ва ба чунин хулоса меоям, ки халқи ман бо тамоми шебу фарози таърихаш пеш аз ҳама бо забони худ ҳамтақдир будааст.

-Халқҳое дар ҷаҳон кам нестанд, ки бар асари фоҷиаҳои таърихӣ аз забони худ пуштибонӣ карда натавонистаанд, табдили забон кардаанд ва аз забони аслии худ маҳрум шудаанд.

-Бо ҳиммат ва фидокории ҳаммиллати бузурги мо Имоми Аъзам забони тоҷикӣ дар паҳлӯи забони арабӣ забони расмӣ ва шаръӣ қарор гирифт.

-Месазад бо сари баланд бигӯем, ки зиҳӣ халқи тоҷик, зиҳӣ абармардони адабу илму фарҳанги ин халқ, зиҳӣ ин забон!!!».

Ба рӯзи арҷгузории забон мувофиқ омадани Рӯзи касбии омӯзгорон пайвасти ногусастании устоду забонро боз ҳам таъкид мекунад.

Омӯзгорӣ касби пуршараф аст. Заҳмати муаллим дар роҳи таълиму тарбия боиси қадрдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Мо аз он омӯзгорону устодоне, ки таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавонро вазифаи муқаддас дониста, дар ташаккули шахсияти соҳибмаърифату соҳибтахассус ва худшиносу ватандӯст саҳми босазо доранд, ҳамеша миннатдор ҳастем ва бо онҳо ифтихормандем.

Бузургони гузаштаи халқамон, ки аз худ барои наслҳои оянда одобномаву насиҳатномаҳои зиёд ба мерос гузоштаанд, фармудаанд, ки падару модар, муаллим ва ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва фарзандон дар назди Худованд ҷавобгаранд. Агар онҳо фарзандро дуруст тарбият кунанд, ӯ хушбахт мешавад ва тарбияткунандагон низ дар ҳар ду дунё хушбахт хоҳанд шуд. Вале агар онҳо дар масъалаи тарбия беэътиноӣ зоҳир намоянд, фарзанд бадбахт мегардад, ки гуноҳаш ба гардани онҳо хоҳад буд. Барҳақ масъулияти омӯзгор дар таълиму тарбия ҳамвазни волидон аст, ҳурматаш низ. Камолиддини Биноӣ фармудааст:

Ҳаққи устод аз падар беш аст

В-аз падар устод дар пеш аст.

Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,

Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо назардошти ин нуктаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки: «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад».

Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд. Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома»-аш устодро парварандаи равон ва падару модарро парваришдиҳандаи ҷон номидааст.

Маҳз бо ҳидояти омӯзгорону устодон ҳамаи мо соҳиби донишу маърифат, фаросати маънавӣ ва маданияти шаҳрвандӣ гашта, моҳияти ҳаёту масъулияти ватану ватандориро шинохтаем.

Имрӯз дар зимни афзудани нуфузи техникаву технологияҳои муосир ва зиёд шудани воситаҳои гуногуни иттилоот устодону омӯзгоронро зарур аст, ки усулҳои нави таълимро интихоб намоянд ва ба донишҷӯён маълумоти бештарро пешниҳод гардонанд.

Дар чунин шароит бояд фарзандонамон аз қатораи асри нав қафо намонанд, бо асосҳои илму дониши замонавӣ мусаллаҳ гарданд, дар баробари забони модарӣ якчанд забонро донанд, бо техникаву технологияи ҳозиразамон муносибат карда тавонанд.

Доир ба нақши устод Муҳаммади Ҳиҷозӣ дар «Ҳазор сухан» фармудааст: «Дониш ва ҳунармандии устодони бузург шогирди пурдилро пару боли шавқ мебахшад, аммо шогирди камдилро ноумед мекунад ва аз кӯшиш бозмедорад» ва ё «Устоди ҳунарманд аз санг одам месозад, мураббии беҳунар аз одам дилсанг ба бор меоварад».

Дар сад панди Луқмони Ҳаким ба фарзандаш «Устодро беҳтарин падар шумор» ва «Ноомӯхта устодӣ макун» омадааст, ки қадру манзалати устодро нишон медиҳад.

Ва Нӯшервони одил ба Бузургмеҳри вазир савол медиҳад, ки «Кадом некӣ назди Худо мақбултар аст?» вазир ҷавоб медиҳад: «Некиҳое, ки ба волидайну устод ва фарзандону қавму қабилаи худ кунанд».

Имрӯз, ки иди касбии омӯзгорон аст ва маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад, арҷмандии устод дар назди ҷомеа бори дигар тасдиқ мегардад.

Ба шумо – устодону омӯзгорони азиз, барору сарбаландӣ мехоҳам ва умед дорам, ки шогирдонатонро бо шӯру шавқи дучанд дар рӯҳи эҳтиром ба Ватан тарбия мекунед. Дар ин ҷода ба шумо барору комёбиҳои беназирро орзумандам.

Сарбаланду тансиҳат бошед.

Leave a Comment