Забон ояд ба кас бо шири модар,

Аз ин рӯ асли ҷон аст, асли ҷон аст.

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад, ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад, сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегардад, зеро он лафзи модар аст. Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост. Аҷаб гуворост лафзи модар. Аҷаб ширину қарини дилҳост.

Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зиннатофарини ҳаёт бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.

Олитарин зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Миллатеро ба ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ биниш ва ғайра бе забони халқаш шинохтан душвор аст. Донистани ҳар як забон барои инсон дорулфунунест, ки ҳамто надорад.

Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббати Ватан аст ва касоне, ки забонро пушти по мезананд ва ба он ҳурмат надоранд ва наомӯхтанд, ба халқу Ватан эҳтироми бардурӯғ доранду бас. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадими дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз он забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем. Зеро фармудаанд:

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рӯзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,

Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр нигоҳ доштани забони модарӣ саҳмгузор бошад. Ҳар як инсон пеш аз оне ки бо забонҳои дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан агар кас забони худро донад, омӯхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад. Беҳуда нагуфтаанд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Бо ифодаи Турсунзодаи бузург «Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори устод Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем». Пас, аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, соддаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои зиндагии устод Рӯдакии бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикӣ ӯ саҳми босазое гузоштааст. Дар китоби устод Рӯдакӣ садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони тоҷикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст. Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21-уми ферали соли 2002 рӯзи байналмиллалии Забони модарӣ эълон гардидааст. Аз соли 1989, 22-юми июл бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ давлатӣ эълон гардид. 5-уми октябри соли 2009-ум таҳти №553 қонун дар бораи забон бори дигар қабул шуд, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».

Мо тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигаҳ дорем. Нагузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

-гуфтаи Бозор Собир-ро бо ифтихори миллӣ шиори бузурги забондӯстон медонем.

Забони модарии ман худодод аст,

Забони илму фан, эъҷозу эҷод аст.

Ба гуфтори забони тоҷикӣ мирам,

Аз он ки шеваи шевои эҷод аст.

Чуноне ки Президенти кишвар дар паёми худ гуфтанд: «Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкара тавоно бошад. Гузашта аз ин умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳо мебошад».

Устод чунин ёдрас мешаванд:

«Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буда ва ҳаст».

Ҳар рӯз забони худ зи минбар шунавам,

Аз лафзи  хуши олиму сарвар шунавам.

Аз субҳ агар шунидаам то дами шаб,

Хоҳам, ки ҳамеша бори дигар шунавам.

Хулоса, забони модарӣ шаҳди ҳаёт аст, ки мо тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода, он муқаддасу гуворо ва азизу мӯътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшидааст. Имрӯз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд:

Забони модариям ифтихорам,

Саодатбахши халқи номдорам.

Дар олам аз ҳама ширинтарӣ ту,

Ба Синову Хайёмат саҷда орам.

Агар истиқлолияти давлатии тоҷиконро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузошта бошанд, ин натиҷаи бузурги таърихӣ аз сухани шаккарбори тамаддунофари гуҳарбори устод Рӯдакӣ сарчашма мегирад. Забони тоҷикиро гирд карданду гиромӣ доштанд, то ба санг андар ҳаме бингоштанд, аз он кохи бегазанд сохтанд ва Пешвои миллат, Сарвари муаззами миллати мо онро то ба кохи бузурги Созмони Миллали Муттаҳид бардоштанд.

Ҳикматов Ҷ.Ҳ. – н.и.ф., мудири кафедраи забонҳо

Султоналиев С.О. – донишҷӯи курси 1-уми факултети ТИ, гурӯҳи 33010105А

Leave a Comment