ФАРМОИШИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

ба номи академик М.С. Осимӣ

04.10  соли 2018                                                 № 1183-3/4

ш. Душанбе

Мазмун: Дар бораи озмуни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон

 Мутобиқи банди 1-уми моддаи 174 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Озмуни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Парки технологии донишгоҳ дар равияҳои зерин ташкил карда шавад:

  • равияи энергетика, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия;
  • равияи нақлиёт, технологияи кимиёвӣ, мошинсозӣ ва саноати сабук;
  • равияи сохтмон ва меъморӣ, технологияи маводи сохтмонӣ.

II. Барои баҳо додан ба корҳои пешниҳодшуда ва муайян кардани ғолибони озмун ҳакамон дар ҳайати зерин таъсис дода шавад:

  1. Саидзода Р.Ҳ. – муовини ректор оид ба таълим, Раиси ҳакамон;
  2. Абдуллоев М.А. — муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ, муовини раис;
  3. Раҳмонов А. – сардори Идораи корҳои илмӣ — тадқиқотии донишгоҳ, аъзо;
  4. Тиллоев С. — мудири кафедраи “Меъморӣ ва дизайн”, аъзо;
  5. Оҷимамадов И.Т. — мудири кафедраи “Шабакаҳои алоқа ва таксимоти иттилоот”, аъзо;
  6. Абдуллоев Р.Т. – мудири кафедраи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика”, аъзо;
  7. Хуҷаев П. – мудири шуъбаи ва корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, котиб.

III. Барои ташкил ва гузаронидани озмун, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҳисоби Технопарк маблағҳои зерин пешбинӣ карда шаванд:

  • ҷойи якуми ҳар як равия 800 сомонӣ;
  • ҷойи дуюм ҳар як равия 700 сомонӣ;
  • ҷойи сеюм ҳар як равия 600 сомонӣ.

АСОС: гузориши директори парки технологӣ ва мувофиқати ректор.

 

Ректор                                                                   Ҳ. Одиназода