Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар фазои тантанавӣ ва фарҳангӣ Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгор таҷлил гардид.

Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. доир ба қадру манзалати забони тоҷикӣ, роҳи таърихӣ ва нақши миллии забон, арҷмандии устоду омӯзгор суханронӣ кард. Дар баромади ректор аҳамияти забону забондонӣ, эҳтироми устод ва дигар арзишҳои миллии тоҷикон таъкид шуд.

Ба муносибати идҳои мазкур бо фармоиши ректори донишгоҳ як қатор устодони донишгоҳ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир иштирокдорон аз барномаи фарҳангие, ки аз ҷониби дастаи донишҷӯёни ҳаваскори донишгоҳ омода гардида буд, лаззат бурданд.

Маркази иттилоот ва нашр

Leave a Comment