Дар хобгоҳи №3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар доираи озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол» миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Паёми навбатӣ эълон гаштани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмун доир гардид.

Озмун дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ баргузор гардид. Дар озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол» меҳмонон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон“ иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, эҳё намудани ҳунарҳои дастӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилонаи оиладорӣ ва инчунин тарбия намудани онҳо ҳамчун як бонуи асили тоҷик ва тарғибу ташвиқи суханҳои Пешвои миллат аст. Тавре ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора карданд: “Ҳукумати мамлакат хизмати онҳоеро қадр менамояд, ки дар тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ҳифз намудан ва эҳё сохтани анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои мардумӣ ва пешрафти илму фарҳанг саҳми арзанда мегузорад”.

Озмуни мазкур донишу маҳорати ҳозирҷавобӣ ва дараҷаи инкишофи фазилатмандии донишҷӯдухтаронро мавриди баррасӣ қарор дод. Шартҳои озмун аз реза кардани сабзӣ ва буридани угро, бастани галстук ва дарзмол кардани куртаи мардона, ороиши мӯй ва пардози рӯй, омода намудани таом ё ширинӣ ва намоиши ҳунармандӣ иборат буд.

Ҳайати комиссия аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон“ муқаррар карда шуд. Комиссия кори худро ба таври ошкоро ва равшан ба роҳ монда, ба ҳар як иштирокчӣ боадолатона тибқи тартиби муқарраргардида аз 1 то 5 хол баҳо гузошт. Баррасӣ, баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибони озмун аз ҷониби ҳайати комиссия анҷом дода шуд.

Ғолибони озмун тариқи овоздиҳии кушод, бо баёни фикр аз тарафи аъзои ҳакамон муайян карда шуданд ва ба даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” Назарова Меҳрона, донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 270101-17, факултети “Сохтмон ва меъморӣ” ва Наргиси Қурбоналӣ, донишҷӯи курси 2-юми гурӯҳи 45010302-Б, факултети “Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ” роҳхат гирифтанд.

Акрамов С.С. – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон

Раҳимова С. – корманди шӯъбаи ташкилию тарбиявӣ

Leave a Comment