Дар ҷаҳони муносибатҳои дохилию хориҷии давлатҳои соҳибистиқлол яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсии танзимкунандаи тамоми самтҳои идоракунӣ аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ Конститутсияи онҳо мебошад.

Калимаи «конститутсия» аз калимаи лотинии «constitution» — барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис додан гирифта шуда, таҳлили ин калима имкон медиҳад, ки паҳлуҳои гуногуни ин падидаи муайянкунандаи мустақилияти давлатӣ муайян гарданд.

Аввало Конститутсия ба сифати қонуни олии кишвар дар шакли муайян таҳия шуда, аз суботу устувории махсус бархӯрдор аст. Он метавонад танҳо бо тартибе, ки худи Конститутсия муқаррар кардааст, таҷдиди назар карда шавад. Дар қатори дигар давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари азизи мо низ баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ин ҳуҷҷати сиёсиро қабул ва тартиб дод, ки роҳи минбаъда ва тартиботи идоракунии ҷомеаро муайянкунанда мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба он танҳо бо роҳи раъйпурсӣ ворид карда мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар гуна кӯшиши ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бар хилофи тартибе ки дар Конститутсия муқаррар шудааст, ҳамчун амали ғайриконститутсионӣ ва ғасби ҳокимият эътироф мегардад. Конститутсия қонун оид ба таъсиси давлат, низоми фаъолияти мақомоти он, тартиби ташкил ва татбиқи салоҳияти онҳо ва омили муайянкунандаи равобити мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ мебошад. Конститутсия қонунест, ки тибқи он маҳдуд сохтани ҳокимияти давлатӣ ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сурат мегирад.

Конститутсия қонунест, ки ваҳдати сиёсии халқро шаклбандӣ ва таъмин мекунад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ аз нигоҳи сиёсӣ воҳиди ҳуқуқии дохилидавлатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, зеро он баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст. Конститутсия инчунин меъёрҳоеро дарбар мегирад, ки тибқи онҳо таҳрифи ваҳдати сиёсии халқ пешгирӣ карда мешавад. Эътирофи инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ меъёри кафолатдиҳандаи ин амал мебошад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ (6-уми ноябри соли 1994) ба таърихи инкишофи давлатдории Шӯравӣ дар Тоҷикистон хотима гузошта, роҳи рушди комилан навро оғоз намуд. Конститутсия аз роҳи таҳкими ҳуқуқии арзишҳои умумидемократӣ ва самтгирии роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷадид Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан пайваст.

Тибқи Конститутсия халқи Тоҷикистон худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст, ки ин ифодакунандаи бевоситаи узви созмонҳои умумӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Миллали Муттаҳид, Юнеско, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, Машварат оид ба Ҳамкорӣ ва Тадбирҳои Боварӣ дар Осиё, Бунёди Байналмилалии Наҷоти Арал ва ғайра шомил будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон риояи принсипҳои эътирофшудаи умумӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро ба уҳда гирифта, муносибатҳои дипломатии худро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор менамояд, бо онҳо равобити мусолиматомез ва ҳамкориҳои судмандро дар соҳаи муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар оинномаҳои санадҳои он созмонҳо муқаррар шудаанд, ба роҳ мемонад.

Дастовардҳои нави бавуҷудоварандаи фазои истиқлолият дар асоси меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷии он мебошад. Чун Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ дошту Тоҷикистон шумораи яке аз он давлатҳоро ташкил медод, ҳама муносибатҳо дар доираи амалкарди дастгоҳи ҳизбӣ ва меъёрҳои амалкунандаи Конститутсияи иттиҳоди давлатҳои ҷамоҳир сурат мегирифт. Аммо бо ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва қабули Конститутсияи миллии хеш мо тавонистем, ки фазои солими муносибатҳоро дар самтҳои гуногуни сиёсати давлатӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ муайян намоем, аз ҷумла мустақилона соҳаи сиёсатӣ хориҷии хешро ба роҳ мондем. Муҳимтарин рукни давлатии ҷумҳурӣ дар соҳаи сиёсати байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақили байналмилалӣ ва муносибати он бо давлатҳои дигар мебошад.

Сиёсати хориҷии ҳар давлат бешубҳа ба он равона шудааст, ки манфиатҳои худро ҳимоя намояд ва то андозае амалишавии онҳоро афзунтар созад. Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист, ки дар партави истиқлол ва дар асоси Конститутсияи давлатӣ дастовардҳои зиёдеро дар ин самт ба вуҷуд орад, ҳамроҳ гардидан ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, субъекти муносибатҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидан, муборизаҳои беамон ба муқобили фазои ифлосшавии муҳити табиати ҷаҳонӣ, муборизаи дастаҷамъона бо шарикони хеш баҳри таъмини амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва амсоли ин масаъалаҳои дигар мебошанд. Яке аз нишонаҳои асосии ҳама гуна давлату давлатдорӣ дар асоси Конститутсияи худ соҳибихтиёрӣ, яъне истиқлолияти он мебошад. Конститутсияи мо ҳамчун қонуни асосии кишвар воқеияти истиқлолияти миллиро сабт намуда, аз ин роҳ рушди озодонаи давлатдории тоҷиконро таъмин мекунад. Давлатдории муосири тоҷикон анъанаҳои ниёгони худро идома дода, бунёд намудани давлати соҳибистиқлолро бар асоси таҷзияи ҳокимият, анъана ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон таъмин мекунад.

Дар банди якуми моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии он, яъне соҳиби истиқлолият будани он дарҷ гардидааст, ки ин падида маънои волоият ва истиқлоли ҳокимиятро дорад.

Соҳибихтиёрӣ (истиқлолият)-и Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра, дар сиёсати хориҷӣ – тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд. Аммо нишонаи соҳибихтиёрӣ дар навбати худ дар зери ҳокимияти халқӣ ва сарчашмаи он донистани халқ ба шумор меравад. Доир ба мафҳуми «соҳибихтиёрии халқ» чунин гуфтан мумкин аст, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ буда, ҳокимияти худро бевосита (дар раъйпурсӣ ва интихобот) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, ки ин меъёрҳои амалкунандаро Конститутсия ва қонунҳои конститсионӣ муайян мекунанд.

Ҳамин тариқ қабули Конститутсияро ҳамчун қонуни асосии давлат ва ҳомии олии ҳокимият эътироф намудаанд, ки ифодакунанда аз ҳифзи манфиатҳои омма ва давлати хеш мебошад. Чунон ки таърихи тӯлонии давлатҳо нишон медиҳад, Конститутсия давраи таърихии ташаккули худро дошта, бо маънои зикршуда дар таҷрибаи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Пайдоиши Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба давлати буржуазӣ, яъне аз вақти ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазӣ рост меояд. Аниқтараш пайдоиши Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба револютсияи буржуазӣ хос мебошад. Бинобар ин аввалин Конститутсияи буржуазӣ ба маънои томаш Конститутсияи ШМА (соли 1787) ва Конститутсияи Фаронса (соли 1791) ба ҳисоб мераванд. Аз ҳамон давра оғоз карда, аввалин маротиба Конститутсия шакли ягонаи қонуни асосиро гирифта, ҳамчун Сарқонуни ин ё он давлати алоҳида эътироф шуд.

Дар ҷумҳурии мо инкишофи Конститутсия давраҳои алоҳидаи таърихиро дар бар мегирад, ки аз низоми дигаргуниҳои сиёсии ҳамондавраина вобастагии хешро соҳиб буд. Баъди ташкилшавии ҶШС Тоҷикистон масъалаи тайёр кардани Конститутсияи он яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаро ташкил медод. Анҷумани дуюми ҶШС Точикистон 28-уми апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард, ки он яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои сиёсии раванди таърих барои миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Аммо дар ин вақти таърихӣ ҶШС Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор амал мекард. Вале дере нагузашта, аз тарафи Анҷумани фавқулоддаи шӯроҳои Тоҷикистон 16-уми октябри соли 1929 қарор дар бораи ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақили ҳайати давлатҳои иттиҳод қабул намуд, ки ин падида дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшон гардида буд. Баъди ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақили ҳайати давлатҳои ҷамоҳир масъалаи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани вазъи конститутсионии он пеш омад. Анҷумани 4-уми шӯроҳои Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодгардидаро муҳокима карда, онро тарафдорӣ намуданд ва он бо қарори худ 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи аввалинро қабул кард.

Бори навбатии қабули Конститутсия ба таърихи 1-уми марти соли 1937 ва анҷумани шашуми шӯроҳо рост омадааст. Низоми дигаргуниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дигар ҳолатҳои бавуҷудомадаи замони иттиҳодӣ дар сохтори идораи давлат зарурати қабули Конститутсияи навро ба пеш овард, ки ин раванд ба давраи чаҳоруми қабули Конститутсия ба 14-уми апрели соли 1978 аз тарфи иҷлосияи 8-уми ғйринавбатии шӯрои олии ҶШСТ даъвати 9-ум рост омад.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва муҳимтарин санади ҳуқуқии давлат мебошад, ки мувофиқи хусусияти олии сиёсии худ рукни муттаҳидкунанда ва сафарбаркунандаи оммаи халқ ва роҳнамои фаолияти давлат дар ҳифзи манфиатҳои миллии он мебошад.

Дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ Совети Олии РСС Тоҷикистон 24-уми августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистонро қабул намуд ва баъди пош хӯрдани ИҶШС Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро эълон намуда, ба давлати мустақил табдил ёфт. Гузашта аз ин, яке аз масъалаҳои муҳиме ки соҳибихтиёрии пурра ва воқеии Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонд, ин қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Аз ин лиҳоз, масъалаи тайёр намудан ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Ҷараёни тайёр ва қабул кардани Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон якчанд марҳиларо дар бар гирифтааст. Ин зинаҳои таърихӣ, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ то соли 1994-умро дар бар мегирифт, бо сабабҳои гуногуни бавуҷудомадаи фазои сиёсии дохилӣ қабули Конститутсияи давлати мустақили миллиро то муҳлате ба таъхир гузошт. Ҳарчанд таърихи ташаккули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ бо тағйиру иловаҳои гуногуни сохтори конститутсионӣ якчанд маротиба қабул гардида бошад, аммо Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ва дар системаи сиёсии хосаи давлатӣ қабул гардидани он муҳтавои идоракунии ҷомеаро дигаргун намуда, асосҳои системаи идоракунӣ ва доираи танзими муносибатҳои ҷамъиятиро дар асоси шакли нави давлатдорӣ ба роҳ монд.

Суфиев Ҷ.Н., Тураев Ф.Р., Абдуллоев А.Ш. – омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment