17-уми октябри соли равон дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ маҷлиси намояндагони Раёсати донишгоҳ ва ташкилоти ҷамъиятӣ бо донишҷӯёни муқими хобгоҳ доир гардид. Дар ин маҷлис Сатторова М.Қ. – мудири шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, Зоиров Ҳ. – раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён, Акрамов С.С. – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, Муминов Ф.С. – мутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон, Саидов Б. – мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, Раҳимова С. – раиси шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ, Маҳмадалиев М. – коменданти хобгоҳ ва донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, ширкат намуданд.

Мақсади маҷлис интихоб намудани аъзоёни Шӯрои худидоракунии хобгоҳ, риояи тартиботи дохилии хобгоҳ тибқи Низомнома, тартибдиҳии ҷадвали навбатдории омӯзгорон дар хобгоҳ ва монанди инҳо иборат буд.

Дар рафти ҷаласа Акрамов С.С., Сатторова М.Қ., Зоиров Ҳ.А. баромад намуда, риояи ҳатмии тартиботро дар хобгоҳ ҳатмӣ шумурданд. Инчунин Шӯрои худидоракунии хобгоҳ таъсис ва аъзоёни он дар мувофиқа бо коменданти хобгоҳ дар ҳайти Каримов Ш. – Раис, сардори ошёнаи 4-ум, Ҳамидов Ф. –котиб, Аминов М. – сардори ошёнаи 2-юм ва Аминбекова М. – сардори ошёнаи 3-юм тасдиқ гардиданд.

Инчунин доир ба шомилшавии ҷавонон ба равияҳои тундрав ва роҳҳои пешгирӣ аз он музокирот сурпат гирифт.

Баромадкунандагон дар баромади худ аз дастгириҳои роҳбарияти донишгоҳ ва хусусан ректори донишгоҳ профессор Одиназода Ҳ.О. дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмир намудани хобгоҳ барои донишҷӯён изҳори миннатдорӣ намуда, ба донишҷӯён таъкид намуданд, ки бояд ба қадри шароити фароҳам овардашуда расед ва саҳни хобгоҳ, қисмати дохилии хобгоҳро тозаву озода нигоҳ доред.

Шуъбаи кор бо ҷавонон яке аз сохтори татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон дар донишгоҳ ба ҳисоб рафта, тибқи низомнома, вазифа ва принсипҳои он фаъолият менамояд.

Донишҷӯён бо саволҳои зиёд ба намояндагони Раёсати донишгоҳ муроҷиат карда, ҷавоби қонеъкунанда гирифтанд.

Маҳмадалиев М. – коменданти хобгоҳ дар охир ба намояндаи раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ барои ташрифашон ба хобгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, барои пайваста гузаронидани чунин вохӯриҳо даъват намуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment