Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ санаи 17.10.2018 сол соати 1500 тибқи «Низомнома» (аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Одиназода Ҳ.О. аз 4-уми октябри соли 2018 тасдиқ гардидааст), нақшаи кории Шӯъбаи кор бо ҷавонон, дар ҳамкорӣ бо иттифоқи касабаи донишҷӯён, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ мусобиқа аз рӯйи намуди футболи хурд миёни дастаҳои факултетҳои донишгоҳ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ барои дастгириҳои пайвастаи ректори донишгоҳ дар ҷодаи варзиш ва ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, дорои тафаккури созандаву бунёдкор изҳори миннатдорӣ ва сипос менамоянд.

Дастаҳо тибқи Низомномаи тасдиқгардида дархости худро барои иштирок пешниҳод намуданд: дастаи факултети муштараки ДМТБ – ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, дастаи факултети “Нақлиёт”, дастаи факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”, дастаи факултети “Энергетикӣ”, дастаи хобгоҳи №3-и донишгоҳ, дастаи факултети “ТИ ва К”, дастаи факултети “Сохтмон ва меъморӣ” ва дастаи факултети “Технологияҳои инноватсионӣ”.

Дар рӯзҳои наздик ғолибон муайян мегарданд.

Маркази иттилоот ва нашр.