Вохӯрии навбатии намояндагони раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ бо донишҷӯёни хобгоҳи №6 рӯзи 18.10.2018 баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ Сатторова М.Қ. – мудири шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, Зоиров Ҳ.А. – раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён, Акрамов С.С. – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, Саидов Б. – мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, Сайвалиев И. – коменданти хобгоҳ ва донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, иштирок намуданд. Дар сӯҳбати ошкоро ва самимӣ аввал доир ба мушкилоти дар хобгоҳ ҷойдошта, роҳҳои бартарафкунии он ва дигар масъалаҳои дохилихобгоҳӣ баргузор шуд. Баъдан мувофиқи рӯзномаи маҷлис Шӯрои худидоракунии хобгоҳ – Ғайраталии Б. –донишҷӯи факултети ТИ, раис, Турсунов Б. – донишҷӯи курси 3-430101б факултети Энергетикӣ сардори ошёнаи – 2-юм, Латипов И. — донишҷӯи курси 4-440101А1 сардори ошёнаи – 4-ум, Саидов С. — донишҷӯи курси 4-440302 сардори ошёнаи 3-юм интихоб шуд.

Инчунин оид ба риояи тартиботи дохилии хобгоҳ тибқи Низомнома, ҷадвали навбатдории омӯзгорон дар хобгоҳ, масъалаҳои экстремизм ва терроризм – падидаҳои номатлуби ҷомеа ва ғайраҳо баромадҳои ҷолиб доир шуданд.

Акрамов С.С., Сатторова М.Қ., Зоиров Ҳ.А. бо баромадҳои пурмуҳтавои худ донишҷӯёнро ба таҳсилу омӯзиш, тарбияи нек ва огоҳӣ аз хатарҳои ҷаҳонӣ даъват намуданд.

Маълум гардид, ки аз ҳисоби устодони факултетҳои “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” ва “Нақлиёт” мувофиқи ҷадвал Алибаева М.М., Шарипов Ш.Қ., Маҳмадов Ш.Р. ва мудирони кафедраҳо ба хобгоҳ ташриф меоранд, ба дидорбинии онҳо рафта, аз аҳволашон бохабар мешаванд.

Чунин вохӯриҳо ба таври доимӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳ ба роҳ монда шудааст, ки ин яке аз самтҳои фаъолияти тарбиявии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment