Мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд байни донишҷӯёни факултетҳои ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонон, иттифоқи касабаи донишҷӯён, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ профессор Одиназода Ҳ.О. дар майдончаи бинои асосии донишгоҳ гузаронида шуд.

Мувофиқи ахбороти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дастаҳо тибқи Низомномаи тасдиқгардида дархости худро барои иштирок пешниҳод намуданд: дастаи факултети муштараки ДМТБ – ДТТ, дастаи факултети “Нақлиёт”, дастаи факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”, дастаи факултети “Энергетикӣ”, дастаи хобгоҳи №3-и донишгоҳ, дастаи факултети “ТИ ва К”, дастаи факултети “Сохтмон ва меъморӣ”. Дастаи факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» иштирок надошт.

Натиҷаи мусобиқа:

Вобаста ба мусобиқаи гузаронидашуда, довари мусобиқа дастаҳое, ки ғолиб гардиданд, барои супоридани ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ пешниҳод намуд:

-дастаи хобгоҳи №3 сазовори ҷойи аввал;

-дастаи факултети Энергетикӣ сазовори ҷойи 2-юм;

-дастаи факултети Нақлиёт сазовори ҷойи 3-юм;

-ҷойи ифтихори насиби дастаи факултети ДМТБ-и ДТТ.

Бозингари беҳтарин: Арзумамадов Алӣ — донишҷӯи бахши 2-юми гурӯҳи 430101б факултети Энергетикӣ, дарвозабони беҳтарин: Саломатшоев Киром —  донишҷӯи бахши 2-юми гурӯҳи 430101б факултети Энергетикӣ, довари мусобиқа: Исматов Илҳом муаллими кафедраи тарбияи ҷисмонӣ.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment