«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», — гуфтааст Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст. Акнун дар Конститутсия низ чун тағйироти ҷомеа тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меьёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида  мешавад. Мувофиқи ин санад ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, бе ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд.

Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад. Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.

Ба шарофати қабули Конститутсияи Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фархангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Ба шарофатии Иҷлосияи ХVI Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсия давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6-уми ноябри соли 1994 ин Конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия муқаррар гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Конститутсия ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози ҳар як миллат аст. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу субот ва ба ваҳдати миллии комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид. Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсия дар даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.

Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардидааст. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумхурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром намоянд.

Муминов Ф.С. – сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон

Саидов Б.Б. – ташкилотчии шӯъбаи ташкилию тарбиявӣ

Акрамов С.С. – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон

Leave a Comment