Рӯзи 25-уми октябр намояндагони раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни сокини хобгоҳи №4, ки аксар аз Донишгоҳи технологӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонанд, вохӯрданд. Дар вохӯрии навбатӣ Сатторова М.Қ. – мудири шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, Акрамов С.С. – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, Салимов Х. – коменданти хобгоҳ ва донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд ширкат доштанд.

Чун дар дигар вохӯриҳо масъалаҳо доир ба риояи тартиботи дохилии хобгоҳ (тибқи Низомнома), шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро, интихоб намудани Шӯрои худидоракунии хобгоҳ ва ғайраҳо баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ Акрамов С.С., Саторова М. Қ. ва Салимов Х. сухан ронданд. Дар баромадҳо доир ба шомилшавии ҷавонон ба равияҳои тундрав ва роҳҳои пешгирии шомилшавии онҳо ва дигар масъалаҳо ба донишҷӯён маълумот дода шуд.

Дар охир Шӯрои худидоракунии хобгоҳ дар Қаҳоров С. – донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат, раис; Раҳмонов Ш. – донишҷӯи курси 3-юми ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, муовини раис; Давлатов Ш. – донишҷӯи Донишгоҳи технологӣ, муовини раис; Алиев Д. – донишҷӯи Донишгоҳи технологӣ, сардори тозагии хобгоҳ; Кенҷаев Ф. – донишҷӯи Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат, сардори ошёнаи 2-юм; Беков Х. – донишҷӯи Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат, сардори тозагии ошёнаи 2-юм; Ҳаётзода М. – донишҷӯи Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат, сардори ошёнаи 3-юм; Файзов С. – донишҷӯи Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат, сардори тозагии ошёнаи 3-юм; Муродов Ш. – донишҷӯи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, сардори ошёнаи 4-ум; Каримзода К. – донишҷӯи Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат, сардори тозагии ошёнаи 4-ум интихоб ва таъйин гардиданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment