Конститутсия аз калимаи лотинии constitution гирифта шуда, маънои муқарраркунӣ ё тас­диқкуниро дорад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ дар ҷомеаи имрӯза нақши калидӣ дорад. Оддитар карда гӯем, конститутсия шоҳи қонунҳост. Қабули конститутсия барои давлатҳо на танҳо рамзи соҳибистиқлолӣ, балки мустақилияти давлатҳоро ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ифода менамояд.

Вобаста ба пайдоиши конститутсия дар Ғарб давлатҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд:

  1. Давлатҳое, ки конститутсияи пештараи худро бекор накарда, танҳо ба он тағйиру иловаҳо дохил намуданд. Ин намуди конститутсияро одатан конститутсияҳои куҳан меноманд (ШМА, Швейтсария, Финландия, Белгия, Канада ва ғайра).
  2. Давлатҳое, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон конститутсияҳои нави худро қабул намуда, конститутсияҳои пештараро бекор намуданд. Ин конститутсияҳоро конститутсияҳои давраи нав ё ин ки давраи дуюм меноманд (Юнон, Италия, Испания, Португалия, Япония, Франсия – солҳои 1946 ва 1958).

Пайдоиши аввалин конститутсия дар замони ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазӣ рост меояд. Ин Конститутсияи ШМА (соли 1787) ва Конститутсияи Франсия (соли 1791) ба ҳисоб меравад. Сипас давлатҳои дигар, ба монанди Полша (соли 1791), Венесуэла (соли 1811), Белгия (соли 1831), Канада (соли 1867) ва Австралия (соли 1900) конститутсияҳои худро қабул намудаанд. Маҳз дар ҳамин давра аввалин маротиба конститутсия шакли ягонаи қонуни асосиро гирифта, ҳамчун сарқонуни ин ё он давлати алоҳида эътироф шуд. Баъдан конститутсия дар давлатҳои Осиё – дар Япония (соли 1889), дар Хитой (соли 1912) ва дар Эрон (соли 1906) қабул карда шуд. Дар давлатҳои қитъаи Африка бошад, дар Либерия (соли 1847) ва дар Иттифоқи Африқои ҷанубӣ (соли 1909) конститутсияҳо қабул карда шудаанд. 10-уми июли соли 1918 дар Россия конститутсияи типи нави сотсиалистӣ қабул карда шуд, Дар ин давра якчанд давлатҳо, аз ҷумла Германия, Испания, Мексика, Таиланд, Эфиопия, Миср, Чехословакия ва Югославия конститутсияҳои худро қабул намуданд. Баъдан дар Булғория (соли 1971), Ҷумҳурии Демократии Германия (соли 1968) ва ИҶШС (соли 1977) конститутсияҳои нав қабул карда шуданд. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС 15 ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълон намуда, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Аз 15 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ моҳи декабри соли 1991-ум 12-тоаш Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ташкил намуданд. Баъди оне ки ин давлатҳо соҳибистиқлол шуданд, бояд конститутсияи худро ташкил менамуданд. Ҷумҳуриҳои назди Балтика – Латвия, Литва ва Эстония ҳанӯз соли 1992 конститутсияҳои худро қабул намуданд. Дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Туркманистон – 18-уми майи соли 1992, Ӯзбекистон – 8-уми декабри соли 1992, Федератсияи Россия – 12-уми декабри соли 1993, Молдова – 29-уми июли соли 1994, Қирғизистон – 5-уми майи соли 1995, Арманистон – 5-уми июли соли 1995, Гурҷистон – 24-уми августи соли 1995, Қазоқистон – 30-юми августи соли 1995, Озарбойҷон – 12-уми ноябри соли 1995, Украина – 28-уми июни соли 1996 ва Ҷумҳурии Беларус – 24-уми ноябри соли 1996 конститутсияҳои худро қабул карданд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус дар давраи истиқлолияташон ду маротиба конститутсия қабул карда шуд. Бори аввал Ҷумҳурии Қазоқистон 18-уми январи соли 1993 ва Ҷумҳурии Беларус 15-уми марти соли 1994 конститутсияҳои худро қабул карда буданд.

Дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро эълон намуда, ба давлати мустақил табдил ёфт. Яке аз масъалаҳои асосие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро муайян мекард, қабули конститутсияи нави Тоҷикистон буд. 24-уми августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон қабул шуд. Тибқи ин ҳуҷҷати муҳим Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд. Моҳи августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаи Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро дар давоми як сол тайёр намуд. Бо сабабҳои гуногун масъалаи аз нав тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов интихоб гардид. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тавр, лоиҳаи Конститутсия 21-22-юми апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор гардид. Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 фоиз шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд ва ҳар сол ин рӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Қабули Конститутсия дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон мавқеи боризе дорад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар ҳақиқат ҳам сарнавишти мардуми тоҷикро ҳал намуд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандро муайян намуд. Ин ҳуҷҷати муҳим тавонист, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Шоқурбонова Ҷ.Ш — ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment