Аз ин дунё, аз дунёе, ки бебақост, вале пур аз орзуҳост, реҳлат намудани шахсе барои наздикон, дӯстон, ҳамкорон ниҳоят вазнин аст. Дар зиндагӣ таҷлили яке аз ҷашнҳои барои ҳар оила гуворо қайд намудани зодрӯз аст. Ҳар сол ҳамсари Комилҷон Ҳамидов бо орзуҳои саршор аз муҳаббат ба зодрӯзи шавҳар чизе – либосе – туҳфае мехарид, аммо имсол чӣ?…

Имсол ӯ дар даст навиштаҳои шавҳар, хотираҳо, сатрҳои парешон, шеърҳо… ба ҳар нашриёте, ки Комилҷон Ҳамидов гоҳо дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо сатре чоп менамуд, сар мезанад.

Ӯ акнун оташи дили пурсӯзи худро бо ин рафтораш мехоҳад паст кунад.

Аммо, гарчанде Комилҷон Ҳамидов аз олам рафта бошад ҳам, ӯ дар қалби аҳли оилаву дӯстон, дар симои фарзандону наберагонаш доимо зинда аст, ӯ ҳеҷ гоҳ намемирад, ӯро ҳеҷ гоҳ намемиронанд…

Рӯзи 3-юми ноябр зодрӯзи устод Ҳамидов Комилҷон аст. Дар ин рӯз барояш дуои хайр карда, аз даргоҳи Худованд хоҳиш менамоем, ки ҷояш ҷаннат ва манзили охираташ обод бошад.

Барои ёдоварӣ аз хотираи неки ӯ чанд сатри иншонамудаи ӯро аз дафтари эҷодиёташ меорем:

 

ҚАРЗИ НОТАМОМ

(марсия бар вафоти нобаҳангоми Модари азиз)

Ногаҳон рафтию модар, рафт армони дилам,

Боқии умрам дигар чун ташналаб дар соҳилам.

Кулбаи нимторикат буд як ҷаҳони беканор,

Рафт бо умри азизат файзу нури манзилам.

 

Дар азоят дарк кардам, ки биҳиштӣ рафтааст,

Ҳасрати мардум шунидам, ки фаришта рафтааст,

Оқиле, соҳибдиле, аз дасти умри бевафо

Вопасин ҳарфаш нагуфта, нонавишта рафтааст.

 

Мақсаду маънии рӯзгорат фақат фарзанд буд,

Рӯзу шабҳо дар ғами ӯ ихтиёрат банд буд.

Вопасин ҳарфат агар буд, зери лаб буд, бесадо,

Ман яқин донам, ки он ҳам хотири фарзанд буд.

 

Дар ғами фарзанди дурафтода бо чашмони чор,

Рӯзу шабҳо мешумурдӣ, диданашро интизор.

Сар занад бемеҳрӣ аз фарзанди бепарво агар,

Хоб аз чашмат парида, мешудӣ шабзиндадор…

 

Гарчӣ бобо ҳам будам, ман бача будам дар барат,

Фахр мекардам аз ин толеъбаландӣ дар ҳаёт.

Ҳар гаҳе “бачам” чу гӯӣ бо забони шаккарин,

Мепаридам аз саодат, мешукуфтам аз нишот.

 

Бо ту рангин буд рӯзам мисли гулбоғи баҳор,

Зиндагиям бе ту беранг мисли чӯли беканор.

Ман будам ғафлатзада, ё ин ки бепарво будам,

Эҳтиётат гар накардам, модаро, маъзур дор.

 

Хизмати модар – падар аз сидқи дил кардӣ адо,

Меҳрубонӣ кардӣ то охир бо меҳру вафо.

Он қадар пирон азизу муътабар медоштӣ,

Ҳар қадам, ҳар лаҳза умрат пур мешуд аз дуо.

 

Он қадар будӣ худотарс, ростбину хушкалом,

Умр медидӣт то бояд – умри хуби бардавом.

Дар ҷавоби сӯзиши дил, меҳрубониҳои ту,

Монд, афсӯс, хизмати фарзанд қарзи нотамом.

К. Ҳамидов, номзади илмҳои техникӣ.

 

АРМОНИ ДИЛ

(Дар сари қабри қилагоҳам Абдурауфҷон Ҳамидов)

Рафтаӣ хоби гарон андар дили сарди замин,

Аждаҳои ғусса ҳар дам хуни ҷонам мемакад.

Дар сари хоки мазорат ашк мерезам чунин,

Об не, аз дидаи ман гӯиё хун мечакад.

 

Қалби пур аз орзуят косаи саршор буд,

Шохаи уммеди ту аз зиндагӣ пурбор буд.

Марг бар номард аҷал, ки косаи пур бишканад,

Шохаро ҳамчун шамоли сард аз бехаш канад.

 

Орзуҳо парварида ту ҳамегуфтӣ: “Сарам,

Гар туро олим бубинам, то ба кай ҳон мерасад”.

Дар сари санги мазорат мекунам ин дам сукут,

Дар хаёлам аз дили санг оҳи армон мерасад.

 

Кош бошӣдар барам, эй-кош бошӣ ҳамдамам,

Аз пасу пешомадам огоҳ бошӣ дам ба дам.

Сад дареғо, қомати сарват ба зери хок шуд,

Дар разолат ин аҷал ҳамранг бо Заҳҳок шуд.

 

Ҷисму ҷонат бемаҳал гарчӣ рабуд дасти аҷал,

Қуввае аммо набошад меҳри покатро барад.

Нашнавам гарчӣ садои шеъри ту бори дигар,

Қудрате қодир набошад гуфтаҳоятро барад.

 

Сафҳаҳои хотирамро чун варақгардон кунам,

Ҳарфҳои панду ҳикмат аз забонат мерасад.

Ҳар гаҳе овози ту бо гӯши хотир бишнавам,

Бар димоғам, бемуҳобо, бӯи ҷонат мерасад.

Шайдон, 1987

Leave a Comment