Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар аст, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017-ум Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Аз рӯйи ҳисобот рушди сайёҳӣ ба гурӯҳҳо ҷудо карда шудааст.

Давраи якум аз соли 1990 то соли 1998-ро дар бар гирифта, ҷиҳати пасттарини туризмро дар даврони истиқлолият нишон додааст. Зеро дар ин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 7 млрд. доллари ИМА зарар оварда, Тоҷикистонро ба буҳрони иқтисодӣ дучор намуд. Ба ҳамаи ин камбудиҳо нигоҳ накарда, дар ин солҳо дигаргунии куллӣ ба амал омад ва як қатор санадҳои меъёрии дорои қувваи юридикидошта қабул гардид. Шумораи сайёҳон кам гардид ва ташкилоти сайёҳӣ фаъолияти худро қатъ намуданд, вале талабот боқӣ монд.

Дар давраи дуюм, ки аз соли 1998 то инҷонибро дар бар мегирад, ба дастовардҳои бузурги сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноил гардид ва ин давраро «Давраи тиллоии туризми тоҷик» номидан афзалтар мебошад. Асос дар он аст, ки Тоҷикистон бо суханони Толиб Рифоҳӣ, дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ «Шветсарияи Осиёи Марказӣ» аъзои Созмони Байналмиллалии Туристӣ гардида, шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба маротиб афзуд.

Бо мақсади ба ҷараёни ҷаҳонии туризми байналмилалӣ шомил намудани Тоҷикистон аз соли 2008 масъулини соҳаи туризм дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Япония), Лондон (Британияи Кабир) ва Москва (Федератсияи Россия) баргузор гардиданд, иштирок ва кишварро муаррифӣ намуданд. Дар натиҷа имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаст.

Ҳамзамон дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз ҷойи 136-ум мақоми 107-умро касб кард. Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз 136-ум ба зинаи 107-ум боло рафт. Беҳтарин нишондод (5,7 хол)-ро Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.

Аз рӯйи маълумоти баҳисобгирии омаду рафти сайёҳон ба Тоҷикистон аз соли 2010 то 2017 ба теъдоди 430922 нафар шаҳрвандони хориҷие, ки мутобиқи талаботи Стандартизатсионӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегардад, ташриф оварданд.

Нишондиҳандаҳои оморӣ

Номгӯй Солҳо
2010 2011 2012 2013 2014 2015 2016 2017
Шаҳрвандони хориҷие, ки мутобиқи талаботи СУТ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд 160 000

нафар

183 000

нафар

245 000

нафар

207 911

нафар

213 265

нафар

413 834

нафар

344 903

нафар

430922

нафар

Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷумҳурии мо метавонад дар солҳои наздик чун яке аз минтақаҳои рушдёфтаи соҳаи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойи намоёнро ишғол намояд.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Бинобар ин бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки ҷиҳати пешвоз гирифтани меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, хизматрасониҳои нақлиётӣ, хизматрасониҳо дар минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ғайраҳоро дуруст ба роҳ монда, биноҳои замонавии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, мутахассисони пуртаҷриба омода созем, омӯхтани забонҳо, омодасозии хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраро тақвият бахшем

Муминов Ф.С. — Сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон

Самиев Ш.Ф. — Мутахассиси пешбари шӯъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ

Акрамов С.С. — Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон

 

Leave a Comment