Ҳар як давлат дар давру замони мавҷудияти худ дорои тартибу низом ва қонуну қоидаҳои хеш аст. Батанзимдарорандаи тамоми тартибот ва қоидаҳои амалкунанда санадест, ки дар чорчӯбаи он ҳуқуқи шаҳрвандон, сохти давлатдорӣ ва дигар меъёрҳо ҷорӣ мегардад, тавассути он озодии ҳар як шахс, амнияти мардум таъмин мешавад. Аз ин рӯ, ин қонуни ягона ва олии мамлакат буда, онро муқаддас шуморидан ҷоиз аст, ин қонун Конститутсия ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дорои Конститутсияи хеш аст.

Ҳанӯз барвақттар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин санади тақдирсоз қайд карда буданд, ки «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имконоти он ҳарчӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».

Конститутсия кафили баробарҳуқуқии тамоми шаҳрвандон буда, дар доираи он амал кардан ва ба роҳ мондани ҳар гуна фаъолият боиси шукуфоии Тоҷикистони азиз хоҳад гашт.

Пайдоиши аввалин конститутсия дар замони ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазӣ рост меояд. Ин Конститутсияи ШМА (соли 1787) ва Конститутсияи Фаронса (соли 1791) ба ҳисоб меравад. Баъдан Лаҳистон (соли 1791), Венесуэла (соли 1811), Белгия (соли 1831), Канада (соли 1867) ва Австралия (соли 1900) конститутсияҳои худро қабул намуданд. Маҳз дар ҳамин давра, аввалин маротиба конститутсия шакли ягонаи қонуни асосиро гирифта, ҳамчун сарқонуни ин ё он давлати алоҳида эътироф шуд. Дар давлатҳои Осиё – дар Ҷопон (соли 1889), дар Чин (соли 1912) ва дар Эрон (соли 1906) Конститутсия қабул карда шуд. Дар давлатҳои қитъаи Африқо бошад, Либерия (соли 1847) ва Иттифоқи Африқои ҷанубӣ (соли 1909) конститутсияро қабул намуданд. Нимаи аввали соли 1918 дар Руси Конститутсияи шакли нави сотсиалистӣ қабул карда шуд. Дар ин давра якчанд давлатҳо, аз ҷумла Олмон, Испониё, Мексика, Тайланд, Ҳабашистон, Миср, Чехословакия ва Югославия Конститутсияҳои худро қабул намуданд. Баъдан дар Булғористон (соли 1971), Ҷумҳурии Демократии Олмон (соли 1968) ва ИҶШС (соли 1977) Конститутсияҳои нав қабул карда шуданд.

Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ҷумҳуриҳои иттифоқӣ истиқлолияти худро эълон намуда, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Аз 15 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ моҳи декабри соли 1991-ум 12-тоаш Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ташкил намуданд. Баъди оне ки ин давлатҳо соҳибистиқлол шуданд, бояд Конститутсияи худро ташкил менамуданд. Ҷумҳуриҳои назди Балтика – Латвия, Литва ва Эстония ҳанӯз соли 1992 Конститутсияҳои худро қабул намуданд. Дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Туркманистон 18-уми майи соли 1992, Ӯзбекистон – 8-уми декабри соли 1992, Федератсияи Русия – 12-уми декабри соли 1993, Молдова – 29-уми июли соли 1994, Қирғизистон – 5-уми майи соли 1995, Арманистон – 5-уми июли соли 1995, Гурҷистон – 24-уми августи соли 1995, Қазоқистон – 30-юми августи соли 1995, Озарбойҷон – 12-уми ноябри соли 1995, Украина – 28-уми июни соли 1996 ва Ҷумҳурии Беларус – 24-уми ноябри соли 1996 Конститутсияҳои худро қабул карданд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус дар давраи истиқлолияташон ду маротиба Конститутсия қабул карда шуд. Бори аввал Ҷумҳурии Қазоқистон 18-уми январи соли 1993 ва Ҷумҳурии Беларус 15-уми марти соли 1994 Конститутсияҳои худро қабул карда буданд.

Дар таърихи Тоҷикистон Конститутсия нақши олӣ дошта, дар давраҳои гуногун барои халқи тоҷик хизматҳои шоён кардааст. Дар давраҳои гуногун, панҷ Конститутсия қабул карда шудааст ва он ба солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 рост меояд.

Соли 1924 баробари ташкил гардидани Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон (дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) зарурати қабули Конститутсия ба миён омад. Лекин барои қонунӣ гардонидани он ҳеҷ гуна райъпурсии кушод ва озод гузаронида нашуд ва чунин ҳолат бо ҳамаи Конститутсияҳои то соли 1978 қабулгардида рух дод. Илова бар ин, ҳеҷ кадоме аз онҳо Конститутсияи давлати мустақил набуданд.

Баъд аз се моҳи иҷлосияи XIV Шӯрои Олӣ Конститутсия ба раъйпурсии умумӣ ё референдум ҳавола шуда, бо ҷонибдории аксари мардуми ҷумҳурӣ қабул гардид. Ҳамин тариқ, вазъи номуътадил ва номуайяни ҳуқуқӣ, ки аз моҳи декабри соли 1991 то ноябри соли 1994 идома дошт ва Конститутсияи соли 1978 бо ҳама тағйиру иловаҳои баъдӣ вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои ҷомеаи сифатан навро инъикос карда наметавонист, бо иродаи сартосарии мардум бартараф сохта шуд.

Дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро эълон намуда, ба давлати мустақил табдил ёфт. Яке аз масъалаҳои асосие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро муайян мекард, ин қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон буд. 24-уми августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон қабул шуд. Тибқи ин ҳуҷҷати муҳим Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд. Моҳи августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаи Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро дар давоми як сол тайёр намуд. Бо сабабҳои гуногун, масъалаи аз нав тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов интихоб гардид. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тавр, лоиҳаи Конститутсия 21-22-юми апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор гардид. Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 фоиз шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд.

6-уми ноябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Муҳимтарин хулосаи дигар ин аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Дигаргуниҳое, ки тӯли солҳои охир дар мамлакат сурат гирифт, хеле зиёд буда, бидуни Конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ ба амал оварданаш ғайриимкон буд. Аз рӯйи анъана конститутсияҳо дар давраҳое қабул карда мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ё форматсияи ҷамъиятӣ ба сатҳи дигари инкишоф гузариш мекунанд. Табиист, ки чунин гузариш бенуқсон буда наметавонад, нороҳатӣ ва норозигии гурӯҳеро нисбат ба гурӯҳи дигар ба вуҷуд меорад. Дар чунин вазъ аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳар гуна ташаннуҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан имконпазир аст. Пешгирии чунин ҳолат ба равиши омодагӣ ва қабули Конститутсия вобастагии калон дорад ва он метавонад ба як санади ризоият ва ваҳдати умум табдил ёбад. Маҳз Конститутсияи соли 1994 ба ҳамин гуна санад табдил ёфт. Аҳамияти фавқулодда бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иделогии давлати тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат ба таври барҷаста аён мегардад.

Сарфи назар аз он ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дуюмин шуда, баъди Русия соҳиби Конститутсия гардид ва ин Конститутсия таҳлили коршиносони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҷиҳати ҳуқуқии инсон дар радифи 5 Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви созмон эътироф шудааст, танҳо бо исботи он далел, ки Конститутсия бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ (на бо усулҳои дигар, масалан, тавассути муассисаҳои намояндагӣ – маҷлиси муассисон, Парламент ва ғайра) сурат гирифтааст.

Воқеан, ҷавобгӯйи демократия будани ин ё он Конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама Конститутсия бояд ба рушди мунтазаму устувори институтҳои базавии демократӣ мусоидат кунад, ки интихоботи озоду шаффоф, интихобӣ будани ашхоси мансабдор, озодии афкор, дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии иттилоот, ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, мухторияти ассотсиатсияҳо (ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо аз рӯйи манфиат, ҷамъиятҳои шаҳрвандон ва ғайра) ба онҳо шомиланд. Ғайр аз ин, ҳуқуқҳои асосӣ, мувозинати манфиатҳо, ҳисоботдиҳӣ, намояндагӣ, консенсус, идоракунии пурсамар, баровардани қарорҳои босалоҳият, шаффофият ва ошкорбаёнӣ омилҳое мавҷуданд, ки аз рӯйи сабт ва кафолати таъмини онҳо дар қонунҳои асосӣ инкишофи демократӣ бебозгашт хоҳад шуд. Ҳатто аз рӯйи ин назария метавон бо гузашти чандин сол ба Конститутсияи Тоҷикистон баҳои мусбат дод.

Новобаста аз муҳлати хеле кӯтоҳи қабули Конститутсия институтҳои базавии демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо карданд, чунончи, интихоби озоду демократӣ (интихоби Президенти ҷумҳурӣ дар солҳои 1994, 1999 ва 2006, интихоби вакилони маҷлиси намояндагон ва интихоботи намояндагон ба маҷлисҳои маҳаллӣ, райъпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия) саривақт ва бо иштироки шоҳидони дохиливу хориҷӣ мегузарад. Озодии афкор тавассути воситаҳои ахбор ва матбуоти хусусӣ сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид тибқи моддаи 30 манъ аст.

Конститутсияи Тоҷикистон беҳтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки бе инкишофи баланди шуури иҷтимоӣ худ аз худ Конститутсия ҷомеаро дигар мекарда бошад. Сатҳи шуури иҷтимоӣ ба худшиносии иҷтимоию маънавии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Маҳз ҳамин гуна сатҳи шуур ва худшиносӣ дар тинати мардуми тоҷик буд, ки хавфи таназзули давлат дар солҳои душвори 1993-1997 аз байн рафт. Муҳимтарин заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ислоҳи вазъи иқтисодӣ, рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ овардани Тоҷикистон қабули Конститутсия дар марҳилаи душвору пурихтилофи баъди се соли истиқлолият буд. Маҳз бо шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайгиронаи шабонарӯзии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон навсозии тамоми соҳаҳои зиндагӣ аз ислоҳоти қонунгузорӣ дар партави Конститутсия оғоз шуд.

Хусусияти аз ҳама муҳими Конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки ба ягон мафкураи ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст. Баъди ин солҳои амали Конститутсия метавон хулоса кард, ки маҳз ҷиҳати такмили қонунияти конститутсионӣ пояҳои демократияи давлати Тоҷикистон мустаҳкам гардонида шуд. Дар фаҳмиши таносуби демократия ва қонуният диди ҳамаҷониба васеъ ва амиқи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои фаъолияти Конститутсия ҳамарӯза ба мушоҳида мерасад. На фард ё гурӯҳи алоҳида, балки шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, тамоми халқи мамлакат тибқи Конститутсия пояи иҷтимоии онро ташкил медиҳанд.

«Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст» — чунин нуқтаи назари Президенти кишвар аз мақоми баланди ҳуқуқӣ доштани Конститутсия дар системаи ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад. Ҳеҷ як санади ҳуқуқии дигар наметавонад, ки ягон меъёри хилофи Конститутсия дошта бошад ва агар дошта бошад, эътибори ҳуқуқӣ дошта наметавонад. Баҳри ҳифзи Конститутсия мақоми махсуси ҳокимияти судӣ оид ба дифои Конститутсия – Суди конститутсионӣ ташкил карда шудааст, ки вазифаи он муайян кардани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бо меъёрҳои Конститусия мебошад.

Оид ба масъалаи қонуният ва тартиби амалигардонии муқаррароти Конститутсия тӯли солҳои амали он иқрор шудан лозим аст, ки бидуни интихоби шакли мувофиқи идоракунии давлатӣ, яъне ҷумҳурии президентӣ ба ташаккули конститутсионализм – назария ва амалияи ташкили ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мувофиқи Конститутсия муваффақ шудан ғайриимкон буд.

Ғайр аз ин, конститутсионализми ҳозиразамон эътирофи бечунучаро ва дар амал бе монеа татбиқшавии номгӯйи васеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва афзалияти ҳуқуқи инсонро нисбат ба манфиатҳои давлат пешбинӣ мекунад, ки марҳилаи ҳозираи рушди қонуният аз воқеӣ будани ин амал низ баръало гувоҳӣ дода метавонад. Қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти қонунгузор мутобиқи Конститутсия қабул гардида, меъёрҳои он бевосита ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ равона гардидаанд. Дар қатори ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия яке аз вазифаҳои асосии Ҳокимияти судӣ низ иҷрои меъёрҳои Конститутсия мебошад.

Вазифаи муҳимтарин, ба андешаи мо, дар заминаи Конститутсия коркарду таҳияи қонунҳоест, ки ба танзими оқилонаи муносибатҳо дар соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт дар ин марҳила вобаста бошанд.

Умуман, вақте ки сухан доир ба Конститутсия меравад, мо бояд дар тасаввури худ ғунҷонида тавонем, ки он маҳз кафили озодию ҳуқуқбунёдии тамоми миллати тоҷик ва Тоҷикистони гиромӣ аст. Дар заминаи фаъол будани ин санади сарнавиштсоз тамоми мардуми тоҷик зиндагии бофароғату осоиштаи худро бемамониат тарҳрезӣ кардаву барои ояндаи худ назари некбинона дошта метавонад.

Аввалин маротиба вақте ки Куруши Кабир дар таърихи инсоният Эъломияи ҳуқуқи башарро навишта ҷорӣ кард, мо бояд имрӯзҳо аз он гузаштагони бофарҳангу мутамаддин ва хирадманду инсондӯст ифтихор дошта бошем. Шукрона аз он намоем, ки зери роҳбарии давлату ҳукумати имрӯзаи худ пой бар зинаҳои баланди тараққиёт мегузорем. Конститутсия ба мо барои зиндагии озодона, меҳнати содиқона, шодмонию дӯстию рафоқат кафолати кулл медиҳад. Конститутсия баробарҳуқуқии ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишвар, баробарҳуқуқии марду зан, олиму муҳандис, ронандаву омӯзгор, табибу иқтисодчӣ ва ғайраҳоро таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз, мо дар асоси ин имкониятҳои беназир шукрона аз зиндагии осоишта ва серу пури халқи худ намоем. Барои мо танҳо вазифаи муҳими шаҳрвандие гузошта мешавад, ки он ҳам бо омӯзишу азхудкунӣ соҳиби касбу ҳунари зарурӣ шуда, хизматгузори халқу миллати хеш бошем. Хизмат ба халқи худ – хизмат ба падару модар, хизмат ба диёри хеш ва ниҳоят хизмат ба Офаридгор аст.

Шахсият ҳамон вақте инкишоф хоҳад ёфт, ки ҷамъият рушд кунад ва ҷамъият ҳамон вақте рушд мекунад, ки шахси бошууру инкишофёфта дошта бошад. Ҳамаи инро доимо Конститутсия ҳимоят карда, кафолат хоҳад дод!

Юнусов Ф.М.

Leave a Comment