Мизи муддавар дар мавзӯи “Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон” дар толори китобхонаи бинои асосӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷикистон, шӯъбаи ташкилию тарбиявӣ, Раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ, Раиси Шӯрои занони факултетҳо, кормандони китобхона ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро Раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ – Раҳимова С.С. оғоз намуда, меҳмононро ба аҳли толор шинос намуд. Ӯ доир ба баланд бардоштани маънавиёти донишҷӯён баромад карда, фазилатҳои миллати тоҷикро дар ташкили оила ва муносибатҳои байни аъзои оила қайд намуд. Инчунин ӯ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамчун насли муосири тоҷик бо фарҳангу маънавиёти баланд ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Мамадалиева С.Р. – мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавонон баромад намуда, қайд кард, ки масъалаи паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм дар вақтҳои охир ба як зуҳуроти ташвишовар мубаддал гашта истодааст. Дар ҳар шаклу намуде, ки ифротгароӣ зуҳур нанамояд, бояд донем, ки моҳияти он якхела боқӣ мемонад, яъне куштор, хунрезӣ, даҳшатафканӣ дар ҷомеа. Маълум аст, ки ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои номатлуб дар замони муосир ба ҳисоб меравад ва боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид, зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ, таҷовуз ба ҳаёти шахсиятҳои шинохтаи давлатию сиёсӣ, таҳдид ба ҷони шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бенизомӣ, ба сари мансабу қудрат омадан, ҳокимиятро ишғол кардан ва оз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки ин ҳама амалҳои болозикр мақсаду мароми гурӯҳҳои ифротӣ мебошанд.

Абдуллоева С.К. – мутахассиси пешбари шӯъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Насли ҷавон – ҳаёти безӯроварӣ” баромад кард.

Донишҷӯён бо саволҳои зиёд ба баромадкунандагон муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар фарҷом раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ Раҳимова С.С. чорабиниро ҷамъбаст карда, барои иштироки фаъолонаи иштирокдорон изҳори миннатдорӣ намуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment