Имрӯз дар маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 6-уми ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин маҷлиси бошукӯҳ Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви кумитаи оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияиҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидзода Ҷамшед Ҳамро иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия – Ашӯров А.Н. ҳусни оғоз бахшида, табрикоти ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О.-ро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд. Баромадкунандагон дар бораи таърихи Конститутсия, қадру манзалати он дар ҳаёти имрӯзаи шаҳрвандони кишвар ва дигар бартариҳои ин қонуни муқаддас фактҳои зиёд оварданд.

Рафти маҷлис тавассути ВАО наворбардорӣ ва дар расонаҳо пахш карда шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment