Дар бунёди оилаи намунавию хушбахт ва пешгирӣ аз вайроншавии он ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байни зану шавҳар нақши асосӣ мебозад. Муҳити орому осуда, якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром на танҳо дар пойдории оила, балки барои тарбияи фарзандони хубу хушрафтор ва боодобу бофарҳанг мусоидат менамояд. Барои муҳайё намудани фазои солими хонавода муносибати некбинона, ахлоқи ҳамида, рафтору гуфтори нек ва меҳрубонии байни зану шавҳар хеле муҳим аст.

Дар оилае, ки якдилию ҳамфикрӣ ҳукмрон аст, дар он оила фарзандон ҷисман ва рӯҳан солим тарбия ёфта, ба камол мерасанд ва чунин оиларо метавон аз оилаҳои хушбахт номид. Ҳамдигарфаҳмӣ оиларо аз муноқишаҳои беҳуда ва вайроншавӣ эмин дошта, дари хушбахтиро ба рӯйи навхонадорон боз мекунад.

Пойдории оила ва хушбахтии он бештар ба шавҳар ва хешу ақрабои ӯро ҳурмату эҳтиром намудани зан вобастагӣ дорад. Албатта, эҳтиром ва муносибати самимонае, ки зан ба шавҳару хешовандони ӯ мекунад, аз ҷониби шавҳар низ бояд ба оила волидони зан ҳатман риоя гардад. Вале мутаасифона дар баъзе хонаводаҳо байни зану шавҳар муҳаббати самимӣ, фазои осоишта вуҷуд надорад. Бештари муноқишаҳои оилавӣ дар камхирадӣ, бекорӣ ва ҳадафи муайян надоштани аъзои оила дар зиндагӣ сар мезанад. Дар оилаҳои маърифатнок муноқишаҳо кам сурат гирифта, боақлона, босаброна, оромона паси сар мекунанд. Зеро сабр агарчӣ талх аст, меваи ширин ба бор меоварад.

Барои паст кардани моҷарои оилавӣ, таскин додани дилҳои башӯромада пеш аз ҳама дахолату маслиҳати падару модар, калонсолон ва хешу табор хеле зарур буда, яке аз вазифаҳои асосии онҳо тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намудани оилаҳои ҷавон мебошад. Беҳуда нест, ки бузургон гуфтаанд;

Бе пир марав, ки дар бимонӣ,

Ҳарчанд Сикандари замонӣ.

Зеро оилаи солиму хушбахт ва маърифати хонаводагии падару модар дар оила асоси тарбияи фарзанд ба ҳисоб рафта, ҷомеаи солим низ ба насли бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад.

Раҳимова С.С. — раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ

Leave a Comment