Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи илмӣ-оммавӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ” бахшида ба Рӯзи Президент бо ташаббуси кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ”, иштироки меҳмонон, устодону донишҷӯён ва ВАО баргузор гардид.

Дар рафти конференсия пас аз сухани ифтитоҳии Одиназода Ҳ.О. – Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзӯъҳои мубрам – Доктори илмҳои фалсафа, профессор Шамолов А.А. дар мавзӯи “Сиёсати давлат ва Пешвои миллат дар масъалаи истиқлолияти энергетикии кишвар”, доктори илмҳои фалсафа, профессор Раҳимов М.Ҳ. дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – васлгари тамаддуни Шарқу Ғарб”, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қасобов Л.С. дар мавзӯи “Нақши Пешвои милат дар рушди энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Бобиев Р.С. дар мавзӯи “Рушди комплекси нақлиёт дар замони истиқлолият”, номзади илмҳои фалсафа Саидумаров С.С. дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон”, номзади илмҳои фалсафа Сироҷиддинзода М.М. дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар бунёди давлати дунявӣ”, Маъмурова Г.Қ. дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар инкишофи илм”, Қурбоншоев И.Ҷ. дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи фарҳанги миллӣ”, Расулов Ҷ.Г. дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон” ва Мирзоев С.М. дар мавзӯи “Нақши асари “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон” маърӯза карданд.

Мавриди таваҷҷуҳ ва шодмонист, ки пас аз соатҳои камшумор агрегати аавалини НБО-и Роғун ба фаъолият оғоз мекунад ва ин барои тамоми мардуми тоҷик санаи фаромӯшнопазир хоҳад гардид ва маҳз чунин паҳлӯҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар кори конференсия бештар дарҷ гардиданд.

Маркази иттилоот ва нашр.