Дар луғатномаҳо калимаи президентро ба забони лотинӣ мансуб медонанд ва ин калимаро ба забони тоҷикӣ “пешнишин” тарҷума кардаанд. Ин калима ҳамчун ифодакунандаи мансаб ба шахсе мансуб дониста мешавад, ки ӯ зимоми идораи давлатро ба уҳда дошта бошад.

Мафҳуми президент, яъне роҳбари давлат бо чанд калима, аз ҷумла шоҳ, подшоҳ, сарвар, молик, кишвардор, шаҳриёру шоҳаншоҳ ва ғайраҳо ифода карда мешавад. Айни замон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки низоми идории он дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гаштааст, ба таври расмӣ роҳбари давлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ном мебаранд.

Бо эҳсосоти саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба миллати шарафманду бостонии тоҷик ва сарзамини аҷдодӣ иброз медорем, ки 16-уми ноябр барои мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбубу ба ҷон баробар рӯзи оддию муқаррарӣ нест. Ба ибораи дигар метавон ин рӯзи мубораку сайидро рӯзи мавлуди дигарбораи миллати тоҷик унвон кард, зеро дар ин санаи таърихӣ фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсозу фаромӯшнопазир зимоми қудрати Тоҷикистони тозаистиқлол, вале беқудрату беартиш, сарварии мардуми овораю сарсону саргардон ва ноумеду парешони Тоҷикистони азизро бар зиммаи худ гирифтанд. Талош варзиданд, аз пешомадҳои сахту сангин натарсиданд, ҷони худро ба хотири таъмини сулҳу осоиши миллат ба гарав гузоштанд, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима доданд. Хуллас, миллати тоҷик ва ватани аҷдодиро аз марзи фаною нестӣ берун кашиданд. Тоҷикистону миллати тоҷикро аз чанголи бадхоҳони миллат наҷот доданд. Заҳмату талошашон дар ҷодаи нангу номуси миллӣ самараи нек ба бор овард, ки натиҷаю ҳосили ширину болаззати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат мечашад.

Ба истилоҳи дигар 16-уми ноябр рӯзе буд, ки Сарвари он солҳо ҷавони миллати тоҷик аз обу хоку гили ватанпарастӣ масолеҳи бунёдгарии иншооти Тоҷикистони мустақилро омода намуда, санги асоси ин бинои муҳташами миллати тоҷикро бо дастони қавию файзборашон гузоштанд. Аз ҳамон лаҳзаю ҳамон замон эъмори давлати тозаю ҷадиди миллати бостонии тоҷик оғоз гардид. Маҳз ба ҳамин хотир соҳибназарон Эмомалӣ Раҳмонро Муаллифи китоби назми қонуни миллат, Асосгузори давлати миллии тоҷикон, Поягузори сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ва мутобиқи қонун Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат унвон додаанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабабу бемақсад нест. Ин интихоби моҳиронаю ояндабинона ба мартабаи ин рӯзи таърихӣ мафҳуму муҳтавои нав зам менамояд ва боз як саҳифаи китоби таърихи миллати тоҷикро рангину пурмазмун мегардонад. Пас, месазад бигӯем, ки 16-уми ноябр баробари ду нишони таърихӣ доштанаш рӯзи мурод, рӯзи саодати миллати тоҷик ва ниҳоят Рӯзи хоссаи Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тамоми нерӯи худро дар роҳи расидан ба фатҳи қуллаҳои муроди миллат сарф кардаанд. Пас, бори дигар тазаккур бояд дод, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи хоссаи Пешвои муаззами миллати шарафманду бостонии тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Шоқурбонова Ҷаҳоноро – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ