“Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад” (Аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тағйир додани маҷрои дарёи Вахш, 29-уми октябри соли 2016).

Аз нимаи дуюми солҳои 50-уми асри ХХ сар карда, дар ҳаёти моддӣ ва маънавии мардуми ҷаҳон дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд, ки онҳо боиси рушди илм, техника, истеҳсолот ва идоракунӣ гардиданд. Ин ба инқилоби илмию техникӣ ибтидо гузошт. Инқилоби илмию техникӣ маърифати меҳнатро баланд бардошта, ба инкишофи эҷодии инсоният таъсири мусбат расонд.

Дар солҳои 50 – 80-уми асри ХХ инқилоби илмӣ-техникӣ тақозо мекард, ки Тоҷикистон чун узви ИҶШС дар асоси техникаи нав ва технологияи пешқадам саноати худро пеш барад, зеро бойигарии табиаташ имконият медод, ки дар ҷумҳурӣ соҳаҳои гуногуни саноат, ба монанди кӯҳканӣ, металкоркунӣ, электроэнергетика, саноати масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва ба монанди инҳо инкишоф дода шаванд. Бинобар ин аз солҳои 60-ми асри ХХ сар карда, дар асоси барномаи махсус ба азхудкунӣ ва тараққиёти ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ диққати хоса дода шуд. Чунки дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон барои рушди хоҷагии халқ ашёи хом, захираҳои обӣ, қувваи корӣ вуҷуд дошт ва инфраструктураи муайян низ ба амал омада буд. Аз ҳамин сабаб Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи комплексии ҳудудӣ-истеҳсолии Тоҷикистони ҷанубиро қабул намуд. Мувофиқи ин барнома бояд пеш аз ҳама объектҳои НБО (ГЭС)-ҳои Норак, Бойғозӣ ва Роғун, инчунин як қатор корхонаҳои саноатӣ сохта, ба истифода дода мешуданд, ки ба соҳаҳои нави саноати Тоҷикистон бе манфиат набуданд.

Қобили қайд аст, ки барои истифодаи захираҳои обии Тоҷикистон ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ин кишвар ҳанӯз аз солҳои 30-ми асри ХХ диққати мутахассисонро ба худ ҷалб карда буд. Бо ин мақсад соли 1931 аз гӯшаву канори собиқ ИҶШС мутахассисони соҳаи геология ба Оби Гарм омада, мавзеи сохтмонро тадқиқ карданд ва то кӯҳҳои Помир манобеъ ва захираҳои барфу яхҳоро дақиқ санҷиданд. Ба ин гурӯҳи корӣ олимони шинохтаи соҳаи барқ Каменский ва Гандин сарварӣ мекарданд, ки баъдан кори онҳоро мутахассисони ботаҷриба Семён Колежнюк ва Виктор Ненахов идома доданд. Баъди санҷишҳои аввалини мутахассисони соҳаи гидроэнергетикаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи захираҳои гидроэнергетикии собиқ ИҶШС неругоҳе бо номи “Сичароғ” пайдо шуд, ки баъдан номи “Роғун”-ро гирифт. Мавзеи ҳозираи Роғунро Сари Қамиш мегуфтанд, ки он аз Сичароғ тақрибан 4-5 километр поёнтар, дар ҷойи боз ҳам мувофиқтар барои сарбанди неругоҳ воқеъ гардидааст.

Танҳо бо гузашти 41 сол (аниқтараш соли 1972) аввалин корҳои ташкилӣ оғоз гардиданд.

27-уми сентябри соли 1976 дар шаҳраки навбунёди Сари Пулак бо иштироки мардуми маҳал, меҳмонони аз марказ омада ва мутахассисони аввалини сохтмон ҷамъомади бузург баргузор гардид. Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов моҳияту муҳтавои сохтмони Роғунро ба ҳозирин фаҳмонд. Вазири энергетика ва электрофикатсияи СССР П.С. Непорожний оғози сохтмони азимро ба ҳозирин шодбош гуфта, барои корҳои минбаъдаи сохтмон комёбиҳои беназир орзу кард.

Маҷрои дарёи Вахш 28-уми декабри соли 1987 баста шуда, корҳо идома доштанд. Зиёда аз 6 ҳазор нафар коргарон аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, намояндагони миллатҳои гуногун, ба сохтмони ин иншооти азим сафарбар шуда буданд. Сохтмончиён дар хаймаҳо зиндагӣ мекарданд ва оҳиста-оҳиста майдончаҳои сотмонӣ барои зист бунёд мешуданд.

Дар давоми шаш сол пешдарғот ва дарғоти навбати аввал бо баландии 40 метр бунёд ёфт. Аммо мутаассифона, як даста шахсони бадният аз сиёсати “бозсозӣ, демократикунонӣ ва ошкорбаёнӣ” истифода карда, ба таблиғу ташвиқи беасоси зидди Роғун сар карданд. Аз ҷумла, рӯзномаи “Правда” 21-уми ноябри соли 1988 мақолаи мухбири махсусаш Отахон Латифиро бо номи “Плотина” (“Сарбанд”) ба табъ расонд. Рӯзноманигор иддао дошт, ки гӯё обанбори Роғун миллиардҳо мукааб оби баҳри Аралро мегирад, ки дар натиҷа баҳр хушк гардида, зарари зиёд ба шаҳру деҳоти ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон, ки аз оби дарёи Аму обшор мешаванд, мерасад. Ин ҳангома то ба Маскав, Президиуми Шӯрои Олии СССР расид. Ва бо ҳамин мунозираи бунёди Роғун чандин сол бенатиҷа мемонад.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо кӯшишу ғайрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳукумат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз бунёди Роғун ҷоннок гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки лоиҳаи неругоҳи Роғун ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба “иқтисоди сабз”, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имкон медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба атмосфера кам карда шавад. Аз ҳамин ҷиҳат Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки дар бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим аз технологияҳои беҳтарину муосир истифода карда, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ бунёд намояд.

27-уми августи соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” таъсис ёфт.

Бо ин мақсад, баъди анҷомёбии марҳалаи арзёбии асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа бо воситаи эълон намудани тендери байналмилалӣ ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барои иштирок дар сохтмони неругоҳ даъват шуданд. Ширкати “Салини Импре – ҷило”-и Италия, ки дар соҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз ширкатҳои  пуртаҷриба ба шумор меравад, дар тендер иштирок карда, пирӯзӣ ба даст меорад ва сохтмони сарбанди НБО-и Роғун бар дӯши ин ширкат гузошта шудааст. Иҷрои корҳо оид ба назорати раванди сохтмон ва намояндагии фармоишгар ба зиммаи ширкати бонуфузи дигар – “Трактебел инҷиниринг”-и Фаронса, ки дар самти корҳои машваратӣ ва муҳандисӣ таҷрибаи зиёд дорад, гузошта шудааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ҷараёни сохтмон ба сифати кор, масолеҳ ва таъмини стандартҳои байналмилалии бехатарӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, беҳтарин ва навтарин таҷҳизоти санҷиши сифат ва назорати корҳои сохтмон ва фаъолияти минбаъдаи неругоҳ ворид карда шуда, ба истифода дода шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар карда шудаанд.

Мувофиқи банақшагирии дурнамо навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 (ки ҳоло мо дар арафаи он истодаем) ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд. Яъне моҳи декабри соли равон неругоҳи Роғун ба истеҳсоли неруи барқ оғоз карда. нури Роғун дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ мегузорад.

Масъалаи дигаре ки диққати хосаро талаб мекунад, аҳамияти минтақавӣ доштани лоиҳаи мазкур мебошад. Иншооти Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он дар ҳақиқат метавонад барои ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад.

Бунёди иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон пеш аз ҳама ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои нав таъмин карда шавад.

Ташхисҳои аз тарафи мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида далели гуфтаҳои дар боло нишондода мебошанд. Манфиатҳои кишварҳои минтақаро ба назар гирифта, соли 2007 Ҳукумати ҶТ ба Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани ташхиси байналмилалии лоиҳаи мазкур муроҷиат намуд. Беҳтарин коршиносони ҷаҳонӣ бо воситаи ду ширкати мушовир ва ду гурӯҳи мутахассисони мустақил ба ин раванд ҷалб гардида буданд, ки тавассути машварату пажӯҳишҳо ва ташкили ҷаласаҳои махсус бо кишварҳои минтақа ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаро ҳаматарафа омӯхта, хулосаҳои худро пешниҳод карданд.

Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда соли 2014 бо асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа имконпазирии сохтмони неругоҳи Роғунро тасдиқ намуд.

Ҳоло дар шароите ки ба минтақаи мо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои харобиовари он ба муҳити зист, инчунин нарасидани об зарари торафт калон мерасонанд, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ иқдоми оқилонаву самаранок ва фоидаовару безарари истифодаи захираҳои обу энергетикӣ ба шумор меравад.

Қайд кардан зарур аст, ки маҳз сохтмони неругоҳҳои нави хурду бузурги барқи обӣ имкон фароҳам меорад, ки на танҳо норасоии неруи барқ бартараф карда шавад, балки дар давраҳои хушксолӣ ҳамаи кишварҳои поёноби минтақа бо об таъмин гардад. Бунёди Роғун ғайр аз заминаи боэътимод гузоштан ба истеҳсоли барқи покизаву арзон умри неругоҳи Норакро зиёд карда, асоси тараққиёти иқтисоди милливу болоравии сатҳи зиндагӣ ва рӯзгору маишати аҳолӣ мегардад. Садҳо корхонаҳои нав бунёд ёфта, ҳазорҳо сокинон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Инчунин обанбори Роғун танзими бисёрсолаи оби ҳавзаи дарёи Омуро таъмин месозад. Тавассути ин неругоҳ ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон дар мавсими обёрии зироат бо миқдори зарурии об таъмин мегарданд.

Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро хусусан бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал гузошта, чунин муносибатҳои дӯстонаро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот медонад. Чуноне ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст “Дар робита ба ин мо борҳо иброз намудаем ва мехостам такроран таъкид намоям, ки мо тарафдори ҳамкориҳои самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем. Зеро чунин муносибат тақозои ҳаёт буда, ба зиммаи ҳамаи мо дар назди наслҳои ояндаамон масъулияти бузургро мегузорад” (суханронии Президенти ҶТ, аз 29-уми октябри соли 2016, дар маросими тағйир додани маҷрои дарёи Вахш, рӯзномаи Ҷумҳурият).

Ташаббуси ватанпарастонаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъзе аз сиёсатмадорону иқтисоддонҳоро дар дохил ва берун аз кишвар ба ҳайрат овард, ки оё Тоҷикистон метавонад бо нерӯи ақлониву ҷисмонӣ ва сармояи худӣ ақаллан навбати аввали неругоҳро ба кор дарорад. Маҳз бо ташабусси Пешвои миллат сохтмони неругоҳи Роғун идома ёфта, барои ноил гардидан ба анҷоми муваффақонаи он тадбирҳои судманду муассир амалӣ мешаванд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки 29-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди НБО Роғун барпо шуд. Пешвои миллат савори булдозери вазнин аз соати 1000 то 1130 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанд, ки ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон мебошад, оғоз бахшиданд ва ин рӯз дар сохтмони неругоҳи Роғун санаи таърихӣ ном гирифтааст.

Ҳоло неругоҳи Роғун на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон гардидааст.

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин даврони навини инкишофу тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ вориди марҳилаи тозаи рушди иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёту фарҳанг мешавад.

Аз солномаи неругоҳи Роғун

Марти соли 1931. Ба ин мавзеъ аввалин кашшофон омаданд ва ҷойи бунёди неругоҳи Роғунро муайян карданд. Ба гурӯҳи кашшофон олимони шинохтаи соҳаи барқ Каменский ва Гандин сарварӣ мекарданд. Баъдан кори онҳоро мутахассисони ботаҷриба Семён Колежнюк ва Виктор Ненахов идома доданд.

-10-уми июли соли 1972. Ин рӯз оғози кор дар НБО-и Роғун.

-27-уми сентябри соли 1976. Дар Сари Пулак ҳамоиш баргузор шуд. Котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов моҳияти қарори Анҷумани XXV КПСС оид ба сохтмони НБО-и Роғунро дар Тоҷикистон шарҳ дод.

-Марти соли 1977. Дар Роғун ташкилоти ибтидоии комсомолӣ таъсис ёфт.

-9-уми декабри соли 1986. Аввалин маҳфили машваратии корхонаҳои ҳамҷавор дар доираи “Эстафетаи коргарӣ” доир шуд. Дар оғози маҳфил котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов суханронӣ кард.

-22-юми апрели соли 1987. Ҷаласаи аввали Кумитаи ташкилӣ доир шуд ва Яҳёхон Мирфозилов раиси шаҳри Роғун интихоб гардид.

-28-уми декабри соли 1987. Пеши маҷрои Вахш баста ва об ба ҷониби нақби НБО-и Роғун ҷорӣ шуд. Баъди ду сол бояд даври аввали неругоҳ дар фишори паст ба кор медаромад. Мутаассифона баробари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмон қатъ гардид.

21-уми ноябри соли 1988. Рӯзноманигор Отахон Латифӣ дар рӯзномаи “Правда” бо номи “Плотина” (“Сарбанд”) мақолае чоп намуда, зараровар будани сохтмони неругоҳи Роғунро исбот карданӣ шуд.

-23-юми июни соли 1993. Дар натиҷаи боришот сел пешдарғоти неругоҳро канда бурд.

-Соли 1994. Ҳукумати Россия барои сохтмони неругоҳи Роғун бо Ҳукумати Тоҷикистон шартнома баст, вале онро мавқуф гузошт.

-29-уми майи соли 2002. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсии шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр ташриф оварданд.

-26-уми сентябри соли 2005. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонии неругоҳ ба шаҳри Роғун сафар карданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ ба муносибати оғози расмии корҳои сотмонии НБО-и Роғун дар назди ҳозирин сухан ронда, ҳамагонро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуданд.

-Соли 2008. Ноиби президенти комиссияи байналмилалӣ роҷеъ ба сарбандҳои бузург, профессор Х. Абадҷиев (Булғористон) асосноксозии техникӣ-иқтисодии маҷмааи гидроэнергетикии Роғунро, ки аз тарафи ширкати “Лаймир интернатсионал” гузаронда шуда буд, омӯхта, асосҳои техникию иқтисодии онро маъқул донист.

-Апрели соли 2008. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО-и Роғун қарор қабул кард.

-28-уми апрели соли 2009. Дар Алмаато сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои наҷоти баҳри Арал ҷамъ омаданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият иброз доштанд, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун баҳри Аралро наҷот хоҳад дод.

-28-уми октябри соли 2009. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо бинокорони НБО-и Роғун ба мавзеи бунёди иншооти бузурги аср ташриф оварданд.

-5-уми январи соли 2010. Муроҷиатномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон бобати дар бунёди НБО-и Роғун саҳм гузоштан нашр шуд.

-17 – 19-уми майи соли 2011. Бо иштироки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ муаллифони лоиҳа, манфиатдорон, ҳаводорону мухолифони тарҳ, намояндагони созмонҳои таваҷҷуҳдоштаи байналмилалӣ, ташхисгарони ҷаҳонию созмонҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон машварати нахустини корӣ доир гардид.

-10-уми июли соли 2012. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд ва бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар НБО-и Роғун шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот намуданд. Зимни шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон ба рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони неругоҳи Роғун аз сатҳ ва сифати баланди корҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

-29-уми октябри соли 2016. Дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди НБО-и Роғун барпо шуд. Пешвои миллат савори булдозери вазнин аз соати 1000 то 1130 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанд, ки ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон мебошад, оғоз бахшиданд.

Мирзоев Ф.М. – муаллими калони кафедраи АНРваЭ.

Leave a Comment