Бо шукргузорӣ аз неъмати сулҳу осоиштагӣ, дастархони пурнозу неъмати миллати тоҷик, хонаи чароғону равшани халқи Тоҷикистони азиз қайд менамоем, ки 16-уми ноябр барои мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи оддию муқаррарӣ нест. Ин рӯз ҳамчун Рӯзи Президент дар сафҳаҳои таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дарҷ ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди бонангу номус ва ҷавонмарди миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини ба зимма гирифтани роҳбарии кишвареро, ки на артиши худро дошту на низому тартибот дар он ҷорӣ буд, аз пешомадҳои сахту сангин натарсида, ҷони худро ба хотири таъмини сулҳу осоиши миллат ба гарав гузошт, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима дод. Миллати тоҷик ва ватани аҷдодиро аз марзи фаною нестӣ берун кашида, Тоҷикистону миллати тоҷикро аз чанголи бадхоҳони миллат наҷот дод. Заҳмату талошаш дар ҷодаи нангу номуси миллӣ самараи нек ба бор овард, ки натиҷаю ҳосили ширину болаззати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат мечашад.

Маҳз ба ҳамин хотир соҳибназарон Эмомалӣ Раҳмонро Муаллифи китоби назми қонуни миллат, Асосгузори давлати миллии тоҷикон, Поягузори сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ва мутобиқи қонун Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат унвон додаанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабабу бемақсад нест. Ин интихоби моҳиронаю ояндабинона ба мартабаи ин рӯзи таърихӣ мафҳуму муҳтавои нав зам менамояд ва боз як саҳифаи китоби таърихи миллати тоҷикро рангину пурмазмун мегардонад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Таҷлили ин рӯз на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик аст.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланд баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Зеро мардуми мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст. Ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасем ва хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан мазмуни асосии зиндагиамон гардад.

Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакати чунин вазъияти муташанниҷдошта дида намешуд. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест, барои бисёр халқҳову мамолики дигар».

Баҳои баландро ба Президенти худ пеш аз ҳама миллати тоҷик медиҳад, зеро маҳз ин миллати дар тӯли таърих ҷафодида бо арҷмандии ин марди хирадманд ба ин давраи тиллоӣ даст ёфтааст ва маҳз миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои худ эътироф намудааст. Сарвари давлат меъмори сулҳи бебозгашти тоҷикон аст ва сиёсати хирадмандонааш назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Имрӯз ба Сурияву Ироқи ҷангзада менигарем ва сад шукр мегӯем ба Офаридгори пок, ки наҷотбахши миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба мо ато намуд. Ба ӯ қуввату ҷасорат дод, то ӯ ҳастии худро баҳри наҷоти миллат, ҳифзи марзу буми Ватан ва хотима бахшидан ба низои шаҳрвандӣ бахшид. Буҳрони шадиди сиёсии солҳои аввали истиқлолияти давлатии мо маҳз бо ибтикори стратегии Пешвои миллат бартараф гардид. Хусусиятҳои фавқулоддаи сарварии Пешвои миллат ба ӯ имкон доданд, ки ниҳоди қавии Президентиро дар Тоҷикистон ташкил кунад, ки он дар давраи ҷаҳонишавии босуръат ба тамоми хатару таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ муқовимат карда тавонад.

Мо, тоҷикон, дар таърихи худ ба касе душманӣ надоштему ҷангҷӯ набудем. Дар фарҳанги мо, дар ҳофизаи таърихи мо афкоре аз ҷангу низоъ набуд, нест ва нахоҳад буд. Лекин агар душмане ба сари мо ояд, таслим нахоҳем шуд. Ҳар як қитъаи замини Ватанамонро ҳамчун Шерак, Спитамену Темурмалик ҳифз мекунем.

Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар ватани мо рушди босуботи кишвар дар шоҳроҳи демократкунонии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд.

Падидаи нек ва таҳкимбахшандаи иқтисодиёти кишвар эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, бо даъват ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Хушбахтона ин иқдом самараи нек дода, ба мамлакат шумораи ниҳоят зиёди сайёҳони хориҷӣ ҷалб шуданд, ҳунарҳои мардумӣ рушд ёфта, бештари онҳо аз нав эҳё шуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар аст, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо назардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017-ум Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.

Аз рӯйи маълумоти баҳисобгирии омаду рафти сайёҳон ба Тоҷикистон аз соли 2010 то 2017 ба теъдоди 430922 нафар шаҳрвандони хориҷие, ки мутобиқи талаботи Стандартизатсионӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегардад, ташриф оварданд.

Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷумҳурии мо метавонад дар солҳои наздик чун яке аз минтақаҳои рушдёфтаи соҳаи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойи намоёнро ишғол намояд.

Бинобар ин бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки ҷиҳати пешвоз гирифтани меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, хизматрасониҳои нақлиётӣ, хизматрасониҳо дар минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ғайраҳоро дуруст ба роҳ монда, биноҳои замонавии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, мутахассисони пуртаҷриба омода созем, омӯхтани забонҳо, омодасозии хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраро тақвият бахшем.

Давоми сол аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор чорабиниҳое тарҳрезӣ ва татбиқ гардиданд, ки дар асоси он ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва ривоҷ бахшида шуданд. Барои ҳунармандон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, ҳунарҳои мардумӣ нақши калидии худро соҳиб гардид ва барои ҷалби меҳмонони хориҷӣ боз ҳам мусоидат кард. Ҳатто ҳунармандони мардумие, ки бо сохтан ва фурӯши асбобҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, аз андоз озод гардиданд.

Самти дигари нақши калидии ҳунармандии миллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидани шумораи зиёди аҳолӣ ва махсусан духтарону бонувон аст, ки татбиқ шудани яке аз сиёсатҳои Ҳукумати кишвар – бо ҷойи кор таъмин кардани соҳибкасбон аст.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудааст, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст.

Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 омадааст: “Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” соли 2017-ум аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст”.

Роғун барои кишвари мо бо заҳматҳои ниҳоят зиёд ба даст омадааст ва хушбахтона барои оғози фаъолияти агрегати якуми ин иншооти бузурги аср тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар Тоҷикистони азиз бо тамоми шукуҳу шаҳомат оғози фаъолияти агрегати якуми неругоҳ таҷлил шуд ва орзуманди онем, ки агрегатҳои баъдинаи Роғун низ дар муҳлатҳои муқарраршуда ба кор сар карда, кишвар ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид.

Тоҷикистон, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар проблемаҳои ҷойдоштаи низоми давлатдориро марҳила ба марҳила паси сар карда, ба рӯзҳои хушбахтӣ расидааст, тамоми арзишҳои миллиро пос ва муқаддас медорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саромади посдорандагони муқаддасоти миллии тоҷикон аст ва борҳо таъкид намудааст, ки “Пос доштани муқаддасоти миллӣ барои ҳар як фарди бофарҳангу ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст”. Ва ин гуфтаҳо дар боби якум ва моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст”.

Тоҷикистон чун давлати мустақил Президент, Конститутсия ва рамзҳои давлатии худро дорад, ки онҳоро дар маҷмӯъ муқаддасоти давлат мегӯянд.

Муқаддас чист? Ҳар кас ва ҳар чизе, ки олӣ, азиз, пок, гиромӣ, наҷиб, беолоиш, орӣ аз ҳар гуна нуқсу камбудиҳост, муқаддас аст. Муқаддасоти давлат пеш аз ҳама шаъну шараф, ифтихор, нуфуз, обрӯ ва эътибори давлат, халқу Ватан аст. Ҳар давлати соҳибистиқлол муқаддасоти худро дорад.

Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварамонро дар рӯҳи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, Ватану ватанпарастӣ тарбия менамоянд.

Чуноне қайд гардид, мутобиқи моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Яъне, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамояд.

Парчамдорию парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос мондааст.

Дар аҳди бостон шоҳону лашкаркашон ҳангоми набард бо душман зери парчам гирд меомаданд ва ҷилвагарии парчам нишони зафар ба шумор мерафт. Дар шӯришу ҷангҳои таърихӣ ҳангоми таслим шудан ва аз мубориза даст кашидани ҷониби онҳо парчами сафедро барафрохта бо ин амал мақсади худро баён мекардаанд. Дар асри XX дар баробари парчами давлати Советӣ парчами Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз давлати миллии тоҷикон шаҳодат медод. Дар асри гузашта зери ин парчам мардум ба сӯйи корнамоиҳои бузург мерафтанд, миллионҳо фарзандони содиқи давлати Советӣ ҷони худро барои ҳимояи Ватан бо муқаддасдории парчами давлат нисор карданд. Парафшонии Парчами давлати Советӣ дар тоқи бинои Рейхстаг чун нишони ғалабаи халқи советӣ бар фашистони хунхор ҳисобида шуд.

Пошхӯрии давлати Советӣ ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани ҷумҳуриҳои он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри фарҳанги хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев баргузор гардида буд, моҳи ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар толори ин қасри сулҳовар ҷилва намуд.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа иқдом намуда буд. Шояд эҳтироми Сарвари тозаинтихоб ба Парчами миллиамон бошад, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо дар муддати кӯтоҳ ба низову даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем.

Дар тамоми гӯшаву канори кишвар ин Парчам парафшон шуд. Рангҳои сурху сафеду сабз чун бахту толеи тоҷикон ҷилои тоза гирифта, роҳамонро ба сӯйи Ваҳдати миллӣ равшан сохтанд.

Дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ чун рамзи давлатдории навини тоҷикон назди биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, назди ташкилоти байналхалқии кишвари мо аъзои он буда, барафрохта мешавад, ҳангоми ғолибияти варзишгаронамон дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ баланд парафшонӣ мекунад. Ин ифтихорест, ки бо шарофати истиқлолият ба мо насиб гаштааст.

Моҳи ноябри соли 2009 ба тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоламон боз як санаи дигари барои ҳамаи тоҷикистониён муқаддас илова гардид. Имрӯз дар раванди дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар соли дуюм аст, ки Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.

Чӣ хеле ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ огоҳӣ доранд, Сарвари давлат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориаш санаи 3-юми ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод намуданд. Мақсад аз ворид намудани илова ба ин санад эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат буд. Мувофиқи лоиҳа Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани рӯзи 24-уми ноябр ва ҳамчун рӯзи ид ҷашн гирифтани он дар назар дошта шуда буд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро қабул намуд ва рӯзи 19-уми ноябр он дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастидани ин марзу бумро садчанд менамояд.

Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият будан дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.

Қадршиносӣ аз Парчами двлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва ғамхорӣ фардои халқ аст. Вай яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Ба гуфти Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Худшиносӣ дар таълимоти бузургонамон маънои маҳдуди фардиро не, балки моҳияти васеъ ва ҳатто кайҳониро дорад: манзур мақому манзалати инсонии худро дар пайвастагӣ бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Яъне, хештаншиносӣ дар маҷмӯъ моҳияти озодихоҳӣ ва истиқлолҷӯйиро дорад».

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва бисёр давлатҳои олам парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона дарак медиҳад. Парчам шараф, ифтихор ва нангу номуси миллат, сари баланду амалӣ гардидани орзуҳои мо, тоҷикистониён аст.

Парчам дар замонҳои қадим воситаи шинохти худию бегона, рамзи ифтихори гурӯҳӣ буд. Имрӯз Парчам яке аз муқаддасоти давлат аст. Давлатҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои тиҷорӣ ва ҳатто забонҳо (эсперанто) парчамҳои худро доранд. Хусусан, истифодаи парчам дар ширкатҳо, қисмҳои ҳарбӣ, баҳрнавардӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ, парчамҳо миллӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, тиҷорӣ мешаванд. Ташкилот ва ҷамъиятҳои байналхалқӣ низ дорои парчаманд, чун Иттиҳоди Аврупо, СММ, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва ғайра. Имрӯз парчами давлатии 209 давлат маълум аст, ки акси онҳоро дар интернет метавон пайдо кард. Парчамҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар парчамҳо таърихи давлату миллат, дар нақшҳои онҳо ба урфу одат, махсусият, ифтихори миллӣ ишора шудааст.

 

Маълумот дар бораи парчами миллии тоҷикон дар давраҳои гуногун.

Парчами давлатии Тоҷикистон. Дар мамлакати мо асосан Парчами давлатӣ мавриди истифода аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Шакли имрӯзаи Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 25-уми ноябри соли 1992 қабул шудааст. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24-уми ноябри соли 1992) он дорои се ранг аст, ки рамзи иттиҳоди коргарон (сурх), деҳқонон (сабз) ва зиёиён (сафед) мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаи аз се хати рангаи уфуқӣ ҷойгиршуда иборат аст: болоӣ – сурх, мобайнӣ – сафед ва поёнӣ – сабз, ки байни ҳам таносуби 2:3:2 дорад. Дар байни парчам тоҷи заррини тансиқшудаи дар атрофаш ба таври нимдоира ҳафт ситораи панҷгӯша ҷойгиршуда гузошта шудааст.

 

Тоҷ ва нимдоира аз ситораҳо мувофиқан дар даруни росткунҷае, ки дарозиаш бо бари ранги сафеди парчам, баландиаш бошад, баробари 4/5 бари ранги сафеди парчам баробар аст, тасвир карда шудааст. Ситораҳои панҷгӯша дар камонаки шартии диаметраш 3/20 андозаи бари ранги сафед тасвир ва аз рӯйи камонаки шартии радиусаш баробари 1,2 андозаи бари ранги сафеди парчам ҷой дода шудааст. Тоҷ бо баландии 0,55 андозаи бари ранги сафеди парчам дар асоси камоншакли радиусаш 1,2 андозаи бари ранги сафеди парчам фурӯ хамидааст. Чор ҷузъи камоншакли болои тоҷро ташкилдиҳанда дар байн қисми давраро бо диаметри 0,2 андозаи бари ранги сафеди парчам зеб медиҳад.

Таносуби бари парчам ба дарозиаш – 1:2 аст.

Мазмуни рангҳо ва шарҳи рамзҳо. Ҳангоми сохтани рамзҳои нави Тоҷикистон бо шарти таърихпарастӣ ва давомдиҳию зиндагардонии анъаноти миллӣ риоя шудааст. Парчами Тоҷикистон бо анвои рангҳои сурху сафеду сабзаш Парчами Тоҷикистони Шӯравиро такрор мекунад.

Мувофиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабул шудааст, «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи иттиҳоди ногусастании коргарон, деҳқонон ва зиёиён аст…». Рамзи коргарон – ранги сурх, деҳқонон (кишоварзон) – ранги сабз ва зиёиён – ранги сафед аст.

Рамзи рангҳои Парчами Тоҷикистон решаҳои амиқи бостонӣ дорад. Мувофиқи маълумоти «Авасто» мардуми баробарҳуқуқу озоди ҷамъияти Эрони бостон ба се табақа ҷудо мешудааст, ки ҳар яки он бо ранги муайян фикран монанд мегардидааст:

-лашкариён (авест. raθaē-štar-) – ранги сурх – рамзи мардонагӣ ва худфидоии ҳарбӣ баҳри ғояҳои олӣ аст, аз ин рӯ аз ҳама некӯ ва муътабар ҳисобида мешавад;

-аҳли дин (авест. āθravan-, aθaurvan-) – ранги сафед – рамзи руҳоният, покии ахлоқ ва муқаддасист;

-аҳли озоди ҷамъият (табақаи чорводорон – заминдорон) (авест. vāstrya. fšuyant-) – ранги сабз – рамзи табиат, ҷавонӣ ва шукуфоӣ.

То ба имрӯз дар Помир ранги сурх рамзи хушбахтӣ, беҳбудӣ ва шодӣ, ранги сафед рамзи покию равшанӣ ва ранги сабз рамзи ҷавонию шукуфоист.

Инчунин рамзи ишорат бо рангҳо чунин маънидод карда мешавад:

Ранги сурх – рамзи шуои офтоб, равшанӣ, сурхрӯйӣ, дониш, таърих, фарҳанг, ҳаёти ҷовидон, фатҳу нусрат, ҷоннисориҳо барои ояндаи миллат, субҳи дилоро, ифтихор, матонату шуҷоат, озодӣ ва соҳибистиқлолӣ аст.

Ранги сафед – рамзи тозагӣ, осоиштагиву сулҳ, шири поки модар, одоби ҳамидаи инсонӣ, виҷдону дили пок, имони комил, эътимоди қавӣ, роҳи сафед, озодӣ ва беғубории рӯзгор аст.

Ранги сабз – рамзи табиати ҳамешабаҳор, толеи баланд, баҳор, Наврӯз, бародарию рафоқат, файзу баракат, ҷавонӣ, зебоӣ, ободӣ ва шукуфоӣ мебошад.

Тоҷи нимдавра бо ҳафт ситоааш дар Парчам ифодагари мустақилият ва соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон аст.

Ҳафт ситора аввалан ҳафт нафар шоирони барҷастаи форсу тоҷик (тафсири муаллифони парчам), пас ҳафт неъмати замини паҳнои ориёӣ (тафсири шореҳони аввалине, ки бо маданиятшиносони баргузидаи тоҷик алоқаманданд)-ро таҷассум мекунад. Ҳоло ҳафт ситора таҷассумгари ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии Тоҷикистони навин аст: Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи телевизиониаш аз 23-юми ноябри соли 2010 ба муносибати Рӯзи Парчами Тоҷикистон доир ба рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон чунин иброз дошта буд: «Рангҳои Парчами миллии мо инъикоскунандаи роҳи таърихии халқи Тоҷикистон, арзишҳои миллии фарҳангию сиёсист. Ранги сурх – рамзи мубориза ва ҷонфидоиҳои халқ баҳри озодию истиқлолият, ранги сафед – рамзи хушбахтӣ, орзуву умед ва ранги сабз – рамзи шукуфоӣ, ғуруру ифтихор ва ҷовидонист. Дар байни Парчам тоҷ ва ҳафт ситора тасвир ёфтааст, ки нишони решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аст».

Парчамҳои таърихии Тоҷикистон. Ёддоштҳои аз ҳама бостонӣ доир ба истифодаи парчам аз ҷониби гузаштагони тоҷикон дар «Авесто» нигошта шудааст. Масалан, дар боби якуми «Видевдата» Бохтар чун давлати «ободу зебо бо парчамҳои афрошта» — «Bāxδīm srīrąm ərəδβō. drafšąm» тавсиф дода шудааст. Ғайр аз ин дар «Авесто» якчанд маротиба «парчамҳои говии дар шамол алвонҷхӯранда» — «gaoš drafša-» ёдовар шудааст. Баъзе аз тадқиқотчиён тахмин мекунанд, ки парчамҳои дар «Авесто» ёдоваршуда ба «ливои коваёнӣ»-и машҳури нисбатан бостонӣ ё «вексиллум»-и руми қадим – дастаи парчам бо пораи матои чоркунҷаи сурх, ки ба мисли ходаи хорунжии калисо ба таври кӯндаланг овехташуда наздиктар аст.

Дирафши Коваёнӣ. Дар таърихи халқи тоҷик «Дирафши Коваёнӣ» ҳамчун ливо маъруфияти бештар дорад.

Дар сарчашмаҳои бостонӣ роҷеъ ба ливо, алам, парчам, дирафш, ки рамзи давлатдории ориёиён маҳсуб мешавад, маълумот оварда шудаанд. Муҳаққиқони зиёди ватаниву хориҷӣ дар бораи рамзҳои дар Парчами давлатии Тоҷикистон ифодаёфта андешаронӣ кардаанд. Ҳар яки ин гуфторҳо сазовори омӯзишанд, онҳо дунёи ботинии инсонро бой мегардонанд. Аз рӯйи ривоёти куҳан, ки ба «Авесто» дохил намешаваду вале дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, «Дирафши Коваёнӣ» дар давраи шӯриши эрониҳо бо роҳбарии Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳоки хунхор пайдо шудааст. Кова пешдомани чармии оҳангарии худро ба сари найза баста, зери ин парчам ошӯбгаронро ҷамъ овард ва ба назди Фаридун – вориси қонунии шоҳони Пешдодӣ – хонадони аввалини шоҳони Эрон овард. Фаридун парчами Коваро парчами неку хайр ҳисобида, онро бо ситораи чоргӯша, сангҳои қиматбаҳо ва рахҳои рангаи сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Коваёнӣ» номид. Ситораи чоргӯша ба ливои Фаридун номи дигар – «Ахтари Коваёнӣ» дод.

Мувофиқи ахбороти куҳан Фаридун ҷаҳонро байни се писаронаш тақсим кард. Ба писари калонӣ – Салм қисми ғарбии қаламрав (мувофиқи дигар анъанот канораи Шарқ — Чин), ба писари хурдӣ – Эраҷ Эрон ва ба Тур – писари миёна бошад, заминҳои шимолии қаламрав, ки оянда он номи Туронро гирифт, дода шуд. Тур ҳамроҳи Салм Эраҷро ба Турон даъват карда, хиёнаткорона куштанд. Фаридун қатли хиёнаткоронаи писари дӯстдоштаашро фаҳмида, Турро набахшид ва фармон дод, то ки байни Эрону Турон – дар марз чуқурии дарозе канданд, ки он ба дарёи Аму табдил ёфт. Дар ривоёти паҳнгаштаи эрониён, ки дар шоҳасари Фирдавсӣ қайд шудааст, турониён, ворисони Тур чун мухолифони абадии шоҳони Эрон таҷассум ёфтааст.

Пас аз тақсими давлати Фаридун ба се шоҳигарӣ ба ҳар яки онҳо рамзҳои худашон пайдо шуд: рамзи Эрон – Офтоб, рамзи Турон – моҳи Ҳилол.

«Дирафши Коваёнӣ» парчами ворисони Эраҷ – Каёниён – сулолаи дуюми шоҳони асотирии Эрон, баъдтар – парчами давлатии Эрон дар замони сулолаи Парфиён (солҳои 250 то мелод – 224 ) ва Сосониён (солҳои 224 – 651) гардид.

«Дирафши Коваёнӣ» дар байни Штандарти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи абадият ва давоми таърихии давлатдории миллии халқи тоҷик тасвир ёфтааст.

Империяи Ҳахоманишиён. Анъанаи истифодаи «Ливои Коваёнӣ»-и авастоӣ дар империяи Ҳахоманишиён (солҳои 558 – 330 то мелод) давом ёфт. Штандарти Ҳахоманишиён бо Ксенофонт дар «Анабасис» (I, X) ва «Киропедия» (VII, 1, 4) чун «уқоби тиллоии дар найзаи дароз бардошташуда» ёдрас мешавад. Акси штандари ҳахоманишиён дар деворнавиштаҳои кохи Ободон дар Персеполис ҳифз шудаанд. Ҳангоми кофтуковҳо дар пойтахти Ҳахоманишиён бостоншиносон пластина-штандарти металлии сурхранг ёфтанд, ки он бо ҳошияҳо аз секунҷаҳои сурх, сафед ва сабз оро ёфта, дар байнаш акси уқоби тиллоии болаш кушодаи дар панҷаҳояш чанбараҳои тиллоидошта иборат буд.

Ин дирафш дар осорхонаи миллии Эрон нигоҳдорӣ мешавад

Нақши рамзии тилло чун фулузи хуршедӣ, дар он вақт чун нуқра бо Моҳ таносуб дошт, ки ин ба таври возеҳ дар фарҳанги Эрони бостон инъикос мешавад. Рамзи фулузот бо тақсимкунии ҷамъият дар ҳамаи мардуми эронинажод дар се табақа – ҷанговарон , коҳинон ва ҷамъияти озод – заминдорон ва чорвопарварон алоқаманд буд. Аз рӯйи ин схема табақаи шоҳон ё ҷанговарон (чун шоҳ ҳатман ҷанговар аст ё аз табақаи ҷанговарон – ҳарбиён мебаромад) ба тилло ва ранги сурх, коҳинон ба нуқра ва ранги сафед, ҷамъияти озод ба ранги сабз (пештар ба ранги осмонӣ) мувофиқат мекарданд.

Дар замони Ҳахоманишиён қӯшуни эронӣ парчамҳои гуногун, инчунин бо тасвири «аждаҳо»-ро истифода бурдааст. Мувофиқи ахборот парчам бо тасвири «аждаҳо» дар замони Куруш аз ассуриён иқтибос шуда, то даврони Дорои сеюм арзи вуҷуд кардааст. Искандари Мақдунӣ аз болои Дорои сеюм ғалаба карда, ин нишонро дар парчами шоҳони Мақдунӣ ҷой дод, вале ҳангоми аз ҷониби румиён фатҳ шудани Мақдуния парчам боа кси «аждаҳо» ба ворисони Ромул гузашт. Бо миёнравии Византия ин парчам дар Шарқи Наздик то асрҳои миёна арзи вуҷуд кард.

Соли 330 то мелод бо зарбаҳои ҳалокатовари қӯшуни Искандари Мақдунӣ Империяи Ҳахоманишиён барҳам хӯрд. Давлати Парфия таъсис ёфт. Парчам дигар гашт. Дар дар давраи Сосониён Дирафши Коваёнӣ аз нав мавриди истифода қарор гирифт. Баъди ишғоли аксари сарзаминҳои шарқ аз тарафи арабҳо дар мамлакатҳои мусулмонӣ моҳи ҳилол чун рамзи дини ислом дар парчамҳои давлатӣ қабул гардид. Вале онро бори аввал шоҳони эронӣ истифода бурданд. Ҳарчанд дар давраи зиндагии Муҳаммад (с) ва дигар халифаҳои араб ҳилол чун рамз истифода намегашт. Баъди ин парчами давлатҳои мусулмонии Шарқ кам тағйир ёфтанд.

Сулолаи Аршакиён (Парфия). Сулолаи парфиянии Аршакиён (солҳо 250 – 224 то мелод), ки Эронро аз сулолаи юнону мақдунии Селевкиҳо озод карданд, аз ибтидо худро ба авлоди шоҳони машҳуру афсонавӣ – қаҳрамонони авастоӣ мансуб медонистанд ва номи сулоларо низ аз номи бостонии Аршаки Каёнӣ гирифтанд. Инчунин Арриан ёдовар мешавад, ки парфиёниҳо насли худро ба шоҳи Ҳахоманишӣ Артаксеркси II мансуб медонанд. Ин ғоя дар худ ворисони қонунии шоҳони бостониро таҷассум мекунад, ки дар оғози садаи якуми то мелод (ё пештар) арзи ҳастӣ кардаанд. Пас, масалан, дар ҳуҷҷатҳои парфиёнии дар Нисо ёфтшуда номи токзори Artaxšahrakān ёдовар мешавад, ки ба ақидаи муаллифони ҳуҷҷат «мумкин аст, ба ифтихори ниёи афсонавии Аршакиён – Артаксеркси II» гузошта шудааст.

Штандарти Аршакиён матои чармии мураббаи тасвири ситораи чоргӯшадор буд, ки дар сарнайза баста шудааст. Дастаи штандартро андоми уқоби тиллоӣ бо болҳои кушода, ки дар ҳар ду панҷааш яктогӣ курраи тиллоиро медорад, зеб медиҳад. Уқоби тиллоӣ яқинан аз штандарти Ҳахоманишиён, боқимонда аз «Дирафши Коваёнӣ» иқтибос гирифта шудааст.

Дар замони Аршакиён қӯшунҳои парфиёнӣ парчамҳои гуногун, аз он ҷумла парчамҳои шоҳӣ бо тасвири «аждаҳо»-ро истифода бурдааст. Аз рӯи маълумоти «Шоҳнома» парчами шахсии шоҳони парфиёнӣ аз матои акси Хуршеддор иборат буд. Парчами давлатии Эрон штандарти империявии «Дирафши Коваёнӣ» буд.

Империяи Сосониён. Аршакиёнро иваз карда, сулолаи дигари форсии Сосониён (солҳои 224 – 651) низ худро ба насли шоҳони Ҳахоманишӣ мансуб медонистанд. Алоқаи ҳокимони мутлақи Сосонӣ бо Ҳахоманишиён дар варианти аввали «Китобҳо дар бораи корномаи Ардашери Бобакон», ки дар асри IV тулуъ мекунад, ишора шудааст: ин ҷо ғояи алоқаҳои авлодии асосгузори сулолаи Сосониён, аз як тараф бо ворисони Доро, аз дигар тараф – бо ҳукмронони бостонии Форс таҷассум меёбад. Баъдан дар садаи V шаҳаншоҳони сосонӣ насабномаи худро то ба «каёниёнӣ» нисбат дода, васеъ мекунанд, ки ҳамин тариқ давраи сулолавии онҳо ба Сулолаи Каёниён рафта мерасад.

«Дирафши Коваёнӣ» дар даврони Сосониён аз матои чоркунҷаи ситораи чоргӯша аксёфта иборат буд, ки дар сарнайза баста шудааст ва онро андоми уқоби тиллоӣ бо болҳои кушода, ки дар ҳар ду панҷааш яктогӣ курраи тиллоиро медорад, зеб медиҳад.

Дини давлатии империяи Сосониён зардуштӣ буд. Фарқияти ҳокимияти шаҳаншоҳони сосонӣ пеш аз ҳама тоҷи ҳар як шоҳ буд, ки рамзҳои ниҳоят мураккаб доштанд ва он бо оини зардуштӣ алоқамандӣ дошт. Чӣ тавре ки олим-эроншиноси барҷастаи шӯравӣ В.Г. Луконин қайд мекунад, дар тоҷи сосониҳо рамзҳои чун худоёни Аҳура Маздо, Митро, Аноҳита ва Веретрагна ва рамзҳо дар намуди акси ҳайвоноти муқаддаси зардуштӣ тасвир ёфта буданд. Яке аз ин рамзҳо моҳи ҳилол буд, ки дар тоҷи шаҳаншоҳони сосонӣ чун нишони марказӣ акс ёфтааст.

Пас аз фатҳи Эрон аз ҷониби арабҳо соли 651 моҳи ҳилол аз тарафи халифаҳои баъдина ва ҳокимони мусулмон, инчунин султонони усмонӣ дар парчамҳояшон ҷой дода шуд, ки оҳиста-оҳиста он дар Осиёи Ғарбӣ чун рамзи Ислом қабул шуд.

Боиси қайд аст, ки на Муҳаммад Паёмбар (с.а.в.) ва на дигар ҳокимони мусулмон моҳи ҳилолро чун рамзи динӣ истифода набурданд.

Бухоро. Парчами аморати Бухоро аз матои росткунҷаи сабзи равшан иборат буд, ки дар рӯяи дохилии он, наздикии дастааш бо зарҳал ба забони арабӣ «السلطان ظل الله»‎‎ («Султон – сояи Аллоҳ») ва дар рӯяи берунии он бо арабӣ «لا إله إلا الله محمد رسول الله»‎‎ («Нест Худое ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад Расули Ӯ») навишта шуда буд. Байни навиштаҷот моҳи ҳилол бо ситораи панҷгӯша ва акси «дасти Фотима» — рамзи орзуи бахт дар анъаноти исломӣ дарҷ гашта буд. Ҳошияи матоъ бо ранги норинҷии сиёҳ наққошӣ гашта, дастааш сабзу дар сари он моҳи ҳилол зеб ёфта буд.

2-юми сентябри соли 1920 аморати Бухоро барҳам дода шуд ва дар ҳудуди он Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро таъсис ёфт, ки ба ҳайати он қисми марказӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии Тоҷикистон дохил мешуд.

Мутобиқи моддаи 79-уми Конститутсияи ҶШХБ, ки 23-юми сентябри соли 1921 аз ҷониби Қурултойи II умумибухорӣ қабул ва тасдиқ гардида буд:

«Парчами давлатии ҶШХБ аз ду матои мувозӣ дӯхташуда: болоӣ – сабзранг ва поёнӣ – сурхранг, ки дар байни онҳо бо зарҳал моҳи нав (ҳилол)-и дар дохилаш ситораи панҷгӯшаи тиллоӣ ҷойгиршуда ҷой дода шудааст. Дар кунҷи рости болоии матои сабз назди даста ҳарфҳои ҶШХБ ҷой дода шудаанд.

14-уми августи соли 1923 сессияи фавқулоддаи КИМ Умумибухории Шӯро декрети №21-ро «Доир ба тағйири баъзе аз моддаҳои Конститутсияи ҶШХБ» қабул кард, ки дар он муқаррар гардида буд:

-Ба матни Конститутсияи ҶХШБ тағйироти зерин дохил карда шавад:

… ж) намуди парчам бо барҳамдиҳии матои ранги сабз ва мондани танҳо матои ранги сурх бо тасвири Нишони давлатии ҶШХБ дар байн боқӣ гузошта шавад».

ҶШХБ бо қарори Қурултойи V Умумибухории Шӯро аз 19-уми сентябри соли 1924 бо Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Бухоро ивази ном кард. 27-уми октябри соли 1924 сессияи дуюми КИМ ИҶШС бо қарори худ «Доир ба тақсимоти ҳудудии Осиёи Миёна аз рӯйи худмуайянкунии миллатҳо» тақсимоти марзии миллӣ-давлатӣ ва созмони ҶШС, ҶШС ва вилоятҳои мухтор нав (ҶШС Узбакистон бо ҶШС мухтори Тоҷикистон, ҶШС Туркманистон, вилоятҳои автономии Қара-Қирғиз ва Қара-Қалпоқ дар ҳайати ҶШФСР (РСФСР); вилоятҳои Сирдарё ва Семиреченск ба ҶШС мухтори Қирғизистон дар ҳайати ҶШФСР дода шуд)-ро тасдиқ кард.

ҶШС Бухоро барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҳайати ҶШС Туркманистон ва ҶШС Узбакистон (бо он ҳудуде, ки ба ҶШС мухтори Тоҷикистон дохил мешуд,) ҳамроҳ карда шуд.

ҶШСМ Тоҷикистон. Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 14-уми октябри соли 1924 таъсис ёфт. Дар асоси қарори Президиуми КИМ ҶШС мухтори Тоҷикистон аз 23-юми феврали соли 1929 Парчами давлатии ҶШС мухтори Тоҷикистон матои сурхи лолагун бо тасвири Нишони давлатии ҶШС мухтори Тоҷикистон дар кунҷи чапи болоии он тасдиқ гардид.

Мутобиқи моддаи 105-уми Конститутсияи ҶШСМ Тоҷикистон соли 1929 Парчами давлатии Тоҷикистони мухтор аз матои лолагуни дар кунҷи болоии чапаш Нишони давлатии ҶШСМ Тоҷикистон аксёфта иборат буд.

ҶШС Тоҷикистон. 12-уми июни соли 1929 КИМ ИҶШС бо қарори худ ҶШСМ Тоҷикистонро ба ҶШС Тоҷикистон табдил дод. 16-уми октябри соли 1929 ҶШСМ Тоҷикистон бо ҶШС Тоҷикистон иваз карда шуд ва 5-уми декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИҶШС дохил шуд.

Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон – рамзи ҷумҳуриявии ҶШС Тоҷикистон охирин бор 20-уми марти соли 1953 таҳрир ва тасдиқ гардид.

То ин дам парчами сурх бо досу болға ва навиштаҷоти ҳуруфи кириллии Таджикская ССР (бо забони русӣ) ва РСС Тоҷикистон (бо забони тоҷикӣ) дар кунҷи болоии чапи парчам мавриди истифода буд.

Дар Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон (с. 1978) парчам чунин акс ёфта буд:

«Моддаи 170. Парчами давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон матои росткунҷаи аз чор ранги мутавозӣ ҷойгиршуда: болоӣ – сурх, ки нисфи бари парчам, сафед, ки панҷяки бари парчам, сабз, ки даҳяки бари парчам ва поёнӣ – сурх, ки панҷяки бари парчамро ташкил медиҳад, иборат аст. Дар кунҷи болоии ранги сурхи матоъ, наздики дастаи парчам досу болғаи заррин ва дар болои онҳо ситораи атрофаш заррини панҷгӯша тасвир ёфтааст. Таносуби бари парчам бо дарозиаш 1:2 аст».

 

 

Дар китоби рекордҳои Гиннес. Дар оғози моҳи сентябри соли 2011 Тоҷикистон дар Китоби рекордҳои Гиннес ҳиссаи худро гузошт. Дар маросими тантанавии бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Душанбе Парчами давлатӣ ба сутуни парчамбардори баландтарин дар ҷаҳон дар баландии 165 метр афрохта шуд (рекорди пешина бо баландии 162 метр дар Озарбойҷон қабул шуда буд). Парчам андозаи 60 бар 30 метрро дорост ва на камтар аз 700 килограмм вазн дорад (Ин андозаҳо рекорди Озарбойҷон, ки андозаи парчамаш 70-35 метр аст, зада натавонист.

***

 

 

Ҳамин тариқ, гиромидошти санаҳои зикргардидаро метавон ҷашнҳои миллию мардумӣ номид, зеро боварии шаҳрвандро ба ояндаи нек бештар карда, ҳисси хештаншиносию ватанпарастӣ ва миллатдӯстию нангу ори миллиро бедор мекунад. Инчунин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон на танҳо дар доираи ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ таҷлил шуда, онро ба ҷашни умумимиллии тоҷикон мубаддал мегардонад, назари ҷаҳониёнро ба Тоҷикистон некбинона мегардонад. Ҷашнҳои болозикр дар қатори дигар ҷашнҳои миллии мо мавқеи хос доранд. Таҷлили ҳар як санаи нек хушбахтию шодӣ меорад, баракати хонадонро зиёд ва осоиштагии мардумро подош хоҳад буд.

Юнусов Фаридун Маъруфович

Самиев Шамсиддин Файзуллоевич

Leave a Comment