Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, деканати факултети “Энергетикӣ” бо андӯҳи зиёд хабар медиҳад, ки 21-уми ноябри соли 2018 дар синни 74 солагӣ АБДУРАҲМОНОВА МАЛОҲАТ ТИМУРОВНА аз олам даргузашт.

Абдураҳмонова Малоҳат Тимуровна 14-уми октябри соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1963 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (имрӯза ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ) дохил шуда, соли 1968 ихтисоси «Ҳаракатдиҳандаи барқӣ ва автоматикунонӣ»-ро бомуваффақият ба итмом расонид. Пас аз хатми донишкада аз соли 1968 фаъолияти кориро ба ҳайси ассистент дар кафедраи «Асосҳои назария радио ва электротехника» оғоз намуда, то охири ҳаёт дар кафедраи мазкур ба сифати муаллими калон кор кардааст. Дар давоми фаъолияти корӣ Абдураҳмонова М.Т. аъзои Шӯрои занҳои факултет ва сардори иттифоқи касабаи кафедра буда, барои фаъолияти пурмаҳсул борҳо бо ифтихорномаву раҳматномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

Мавсуф муаллифи якчанд китоби дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ буда, ҳамчун як Зан – Модар – Муаллимаи хуб бо рафтор ва гуфтори писандидааш донишомӯзонро хуб парвариш ва бузургтарин хидматро нисбат ба ҷомеа анҷом додааст.

Аё устод, аз хотир фаромӯшат нахоҳам кард,

Чароғӣ дар дили шогирд, хомӯшат нахоҳам кард.

Раёсати донишгоҳ ҳамдардии худро ба аҳли оила ва пайвандони шодравон Абдураҳмонова М.Т. баён медорад. Рӯҳат шод бод, муаллимаи азиз!

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment