Имрӯз барои мо – ҷавонон мояи ифтихор аст, ки дар Ватанамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармост ва мо аз ин фазо нафас мекашему озодона зиндагӣ мекунем. Бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорам, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшан ба назар мерасид. Дар ин давра мулоқоти аввалини роҳбари ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар 2-юми феврали соли 1993 баргузор гардид. Дар воқеъ ғамхор, парастор ва пуштибон будани сарвари давлат нисбат ба ҷавонон пас аз ин вохӯрӣ эҳсос гардид.

Бо мақсади беҳтар гардонидани вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар ва ҷалби ҷавонон ба ин масъала 17-уми марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид. Ин мулоқот дар шароите баргузор гардид, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ мерафт ва ҳеҷ кас аз зинда мондани худ умед надошт. Аммо сардори давлат фикри ояндаи миллат, махсусан ҷавононро мекард. Дар он мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷавононро ба муттаҳидӣ дар роҳи сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҷалб намуданд.

Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 Квотаи президентиро таъсис дод, ки ин як иқдоми саривақтӣ дар амри тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон аз ҷумлаи духтарон буд. Зеро ҷавонони зиёде дар деҳот умр ба сар мебурданд, бо вуҷуди дониши баланд бинобар дасткӯтоҳӣ, мушкили рӯзгор наметавонистанд таҳсили хешро дар муассисаҳои олии кишвар идома диҳанд. Квота роҳи сабзеро барои онҳо боз кард.

Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми солҳои 1997–2010 ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тибқи квотаи президентӣ 10340 нафар довталаб, аз ҷумла 7501 духтар ва 2842 писар дохил шуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо дастгириҳои Президенти ҷумҳурӣ 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид ва аз соли 1998 то ин ҷониб дар кишвари азизамон ин рӯз ҳамасола рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.

Воқеан, масъалаи ҷавонон дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардидааст. Чунки ояндаи ҳар як кишвар ба ҷавонони он вобастагӣ дорад. Чунон ки худи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор дорем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли мо бо нангу номуси миллӣ ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди дарки ватандорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 таҳти №967 шаш ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфт, ки ҷавонони саодатманди кишвар аз ин иқдоми сардори давлат хушҳол шуданд.

Ҷавонони Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли худро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз марзи он далерона муаррифӣ менамоянд. Варзишгарони мо дар даврони соҳибистиқлолӣ аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 3546 медал ба даст оварданд.

Дар тӯли солҳои 2008-2010 беш аз 2,5 ҳазор варзишгарони тоҷик дар 270 мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, бозиҳои қитъаи Осиё, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва шоҳҷоизаҳо иштирок намуда, ба шарафи ғолибон даҳҳо маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шудааст. Аз ҷумла, медали тиллои Дилшод Назаров дар Бозиҳои 31-уми олимпии Рио-де-Жанейро – 2016 туҳфаи беназир барои миллати тоҷик буд.

Баҳри ҳавасманд гардонидани варзишгарони бомаҳорати ҷумҳурӣ дар соли 2015 «Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ» таъсис дода шуд, ки то имрӯз се маротиба бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 36 нафар варзишгарон ба ин ҷоиза сарфароз гардонида шуданд.

Махсусан дар соҳаи маориф ҳам хонандагону донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Танҳо дар соли 2015 дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соҳиби 216 медал гаштанд.

Мавқеи фаъол ва саҳми арзандаи ҷавононро дар рушди Тоҷикистон ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми декабри соли 2016) соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд, ки он намунаи олии ғамхориҳои Пешвои миллат ба насли ҷавон аст.

Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҷавонон пеш аз ҳама дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ тарбият намоем.

Мирзоев Ф.М.

Leave a Comment