Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст 24-уми ноябри соли 2009 ҳамчун иди миллӣ эълон гардида, бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Аз он рӯз ҳамагӣ даҳ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ин маънии онро надорад, ки мо ҳамагӣ даҳ сол соҳибпарчам мебошем. Баръакс, Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо мардуми тоҷик ва гузаштагони қадими он ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчам аз замонҳои қадим барои ин мардум рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву муттаҳидии халқу миллатҳои ин сарзамин ва рамзи мубориза барои ҳифзи марзу бум ва озодии ин мулки азиз шинохта мешавад.

Мардуми форсу тоҷик ба ҳайси поягузорони тамаддуни башар шинохта шуда, дар тӯли ҳазорсолаҳо чандин давлатҳои бузургу тавоноро бунёд карда, таҳти парчами ягона ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг, дину ақида ва марзу буми аҷдодиро ҳифзу парасторӣ намудаанд.

Ҳар парчам ифодагари нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкарда ва нишонаи истиқлолияти он мебошад. Ҳанӯз дар Парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, тасвир гардида, рамзи як давлати нерӯманди ҳамон замон ба ҳисоб мерафт.

Аҷдодони мо ба парчами худ эҳтироми хосса доштаанд, зеро онро бо дурру гавҳар меоростанд. Аввалин парчами ин мардум бо номи «Дурафш» ё «Дирафш» машҳур будааст, ки зикри онро дар асотири бостонии мардуми форсу тоҷик дарёфт намудаанд ва дертар онро Фирдавсии бузург дар асари безаволи худ «Шоҳнома» ба риштаи назм даровардааст. Мутаассифона имрӯз филми «Кова ва Заҳҳок», ки ривояте аз муборизаҳою қаҳрамонии аҷдодони ин мардуми шарифу озод аст, камтар намоиш дода мешавад ва донишҷӯи имрӯза низ шоҳномахону шоҳномадон нест. Ҳар гоҳ шахс дар филми номбурда лаҳзаи пешдомани чармини худро ба нӯги найза бардоштани Коваи оҳангарро тамошо мекунад, вуҷудашро ҳаяҷон фаро гирифта, ашк аз чашмонаш ҷорӣ мегардад. Фирдавсии бузург ин лаҳзаро чунин тасвир намудааст:

Ҳама бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сӯйи дод хонд.

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Маҳз сеҳри парчам буд, ки мардуми ороми ҳар яке бо кори худ машғулро дар як лаҳза ба шӯру валвала овард ва барои аз байн бурдани зулм водор сохта, дар атрофи Коваи оҳангар ҷамъ намуд, то бунёди зулмро решакан созанд. Шоҳи одил Фаридун пас аз ба тахт нишастан азамати он парчамро фаромӯш накард, балки онро гиромӣ медошту муқаддасаш медонист. Ҳамин буд, ки онро бо зару ҷавоҳирот ороста гардонид ва «Дурафши ковиёнӣ» номаш ниҳод. Фирдавсии бузург низ онро чунин тавсиф намудааст.

Чун он пӯст бар найза бардид Кай,

Ба некӣ яке азтар афканд пай.

Биорост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш Коваёни дурафш.

Гузаштагони суғдии мо низ парчами хоси худро доштанд ва дар зери он барои нигоҳ доштани якпорчагии ватан муборизаю ҷонталошиҳо кардаанд. Баъзе аз ёдгориҳои таърихие, ки то ба имрӯз дар шаҳри бостонии Панҷакент боқӣ мондааст, ба ин гувоҳӣ медиҳад. Усмони Эшонзод дар бораи таърихи парчами тоҷикон ибрози ақида намуда, чунин менависад: «Тасвири парчами суғдиён, ки дар деворнигораи Панҷакент кашида шудааст, ба асри VII нисбат дорад. Дар он Рустам пас аз мағлуб кардани аждаҳои одамсари дорои ду даст бо ёронаш ҷонибе равон аст ва дар сари найзаи ду нафари онҳо парчамҳои сегӯшамонанди рангашон зард мавҷуд аст». (Ҷумҳурият. 23/11/2010).

Мардуми тоҷику форс на танҳо парчаму парчамдор буданд, балки онҳо оини парчамдориро ба ҳамсоягони хеш низ омӯхтаанд.

Дар даврони шӯравӣ бо вуҷуди он ки ин мардум парчам ва нишони худро дошт, шомили иттифоқи ҷумҳуриҳои сотсиалистие буд, ки аз як маркази ягона идора карда мешуд. Бинобар ин парчаму нишони мо рамзӣ буданд, аммо имрӯз мо соҳиби истиқлоли воқеӣ гардида, Парчаму Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ ва Президенти худро дорем, ки шунидани ин вожаҳо ҳисси меҳанпарастӣ, ифтихор аз ватану ватандории ҳар фардро бедор месозад.

Рамзи истиқлоли миллат Парчам аст,

Шавкату иқболи миллат Парчам аст.

Сироҷиддинзода М.М. – н.и.ф., муаллими

калони кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ”

Leave a Comment