Парчам ҳамчун рамзи таърихан дар тамаддуни башарият ифодагари арзишҳои муҳими фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама муҳим ҳарбии миллатҳои соҳиби давлат ва марзҳои мустақил мебошад. Батадриҷ, бо гузашти ҳазорсолаи таърихӣ дар радифи дигар муносибатҳои муҳими ҳаёти инсон, ки дар масири ташаккул ва инкишоф қарор доранд, парчам низ бо вуҷуди доштани қимати гаронбаҳои таърихӣ муҳтаво ва аҳамияти худро ривоҷ медиҳад. Тоҷикон ҳамчун қисме аз ҷомеаи башар дар тамаддуни пешрафтаи олам ҳиссаи хосе дошта, ҳамчун миллати бофарҳанг, соҳибилму соҳибмаърифат ҳазорсолаҳо пеш истиқлолияти сиёсӣ, давлатӣ, миллӣ, марз, артиши тавоно ва дигар муқаддасоти муҳими сиёсӣ, аз он ҷумла рамзҳои хоси ҳокимияти давлатӣ, монанди парчам ва забони давлатиро доро буданд. Аз замони пайдоиш то имрӯз парчам матое мебошад, ки аксаран дар қисмати болоии чӯб ва ё дигар воситае, амсоли нӯги найза ҳамеша барои намоён будан бо бардоштан ба баландии муайян, нигоҳ доштан дар қисмати болоии қасрҳо ва дар хаймаи размгоҳ парафшон мегашт.

Таърихан дар рӯзгори мардуми тоҷик парчам аз лиҳози шакл хусусиятҳои гуногунро дошт ва дар маҷмӯъ ифодагари мақсадҳои ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ буд. Гарчанде аз лиҳози вуҷуд воситаи на чандон калонҳаҷм аст, аммо аз лиҳози моҳияту муҳтаво ва қимати худ густурда, гаронқимат ва муҳим ба шумор меравад. Тавре ки ёдовар шудем, тоҷикон чун миллати воҳид дар тӯли таърих барои расидан ба ормонҳои миллӣ саъю талоши зиёд кардаанд. Дар ҷойе муваффақ шуда, дар ҷойи дигар бо ихтилофи ноҷавонмардонаи қавму миллатҳои манфиатхоҳ дучори мушкилӣ гардида, баъзе аз орзую ормонҳои дигар то имрӯз ба коми мо нагаштанд. Ин аст, ки парчам чун ифодагари муҳимтарин орзую ормони миллат, ҳуввият ва асолат, ҳайсият ва ғурур, комёбӣ ва муваффақиятҳои он ба шумор меравад. Парчам дар дунёи маънавию фарҳангии мардум мақоми хос дорад. Аз ин ҷост, ки андоза ва рангу унсурҳои зоҳирии он ҳамчун маҳсули зеҳни миллат аз мазмуну моҳияти хоса бархӯрдор мебошад. Ҳамин тариқ мафҳуми мутлақи парчами давлатӣ чунин аст – парчам ин иттиҳоди ногусастании табиӣ ва таърихии миллат буда, он гузашта ва имрӯзи мо, дастовардҳои бунёдии аҷдодони мо, ҷонфидоию қаҳрамонии фарзандони бо нангу ори миллат, ҳикмат ва фазилати илми оламшумули ниёгон ва ифтихору худшиносии имрӯзу ояндагони миллатро дар иттиҳоди матои се ранг: сурху сафеду сабз ва ҷойгиршавии тоҷу ҳафт ситора нишон медиҳад.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон парчам ҳамчун рамзи муқаддасоти давлатӣ ҳамеша вуҷуд дошта, дар ин марҳилаҳои таърихӣ вобаста ба моҳият ва муҳтавои худ мавриди истифодаи ҳокимият қарор дошт. Қабл аз ҳама ба чеҳраи фарҳангӣ ва таърихии парчами мо аз осори классикон, аз он ҷумла “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, луғатомаҳои машҳур, амсоли “Ғиёс-ул-луғот”, “Деҳхудо”, осори илмию таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумлаи китобҳои таърихии “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, асарҳои Намоз Ҳотамов, Ю. Яқубшоев, М. Исматов, Набиев ва дигарон ошногӣ пайдо мекунем. Аз ин лиҳоз, гуфтан мукин аст, ки парчам дар таърихи фарҳангии мо бо номҳои гуногун машҳур буд. Замоне, ки вожаи “дирафш” ба забон оварда мешавад, ба хотири мо достони беҳамтои “Шоҳнома”-и Фирдавсии Тӯсӣ мерасад. Нахустин маротиба дирафш дар достони “Кова ва Заҳҳок” ҳангоми мубориза бар зидди зулму истибдод оварда шудааст. Аз ҳамон ҷо Дирафши Ковиён маълум гардида, дар таърих бо ин ном машҳур гашт. Аз достонҳои “Шоҳнома” бармеояд, ки ҳар як қаҳрамон соҳиби парчами хоси худ буд ва моҳияти он парчам аз он иборат буд, ки ҳангоми ҳарбу зарби лашкаркашон ҳамчун рамзи виқору тавонмандӣ рӯ ба сӯйи фатҳу ғалаба мегашт.

Бо гузашти таърих ва ташаккули давлати Сомониён тоҷикон ба мустақилияти давлатӣ ноил гардиданд. Дар замони ҳукмронии Сомониён тоҷикон аз рамзҳои давлатӣ ва идороти давлатӣ бенасиб набуданд, аммо нисбат ба доштани парчами давлатиашон дар осори классикону адабиёти илмию таърихӣ то имрӯз ибораи мушаххас, хоса намуди зоҳирии парчами давлати Сомониён вуҷуд надорад. Аммо бе шубҳа гуфтан мумкин аст, ки рангҳои сурх, сафед ва сабз аз гузаштаи ниёгони мо, аз ҷумла давлатдорию парчамдории давлати Сомониён нишон медиҳад. Баъди аз байн рафтани давлати Сомониён мутаасифона то оғози асри XX тоҷикон ба туфайли шикасти таърихӣ, ин ҳама бошад, аз рӯйи беэътиноӣ ва боварӣ ба қавмҳои бегона ва сӯйистифодаи қавмҳои бодиянишин мустақилияти сиёсӣ ва давлати миллиро аз даст доданд. Аммо дар он замонҳо низ дар макони ҷудогона давлатҳои хурди миллии тоҷикон вуҷуд дошт.

Баъди гузаштани ҳазорсолаҳо хушбахтона дар даҳаи 2-юми асри XX, баъди ғалабаи Инқилоби октябр дар нишасти тақсимоти миллии ҳудудӣ Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор ташкил ёфта, ин дастоварди сиёсӣ ба миллати куҳанбунёди мо имконият дод, ки ба туфайли меҳнати ҷавонмардонаи ходимони сиёсии ҳамон давра, соли 1929 аз ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил гардад. Дар ин солҳои навташаккул нахустин маротиба 23.02.1929 парчами Тоҷикистон қабул гардид ва аз рӯйи зарурати таърихӣ якчанд маротиб шакли зоҳирии худро дар ҳоли ивазшавӣ қарор дод.

Баробари ба даст омадани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати аз нав қабул кардани тамоми унсурҳо ва аркони давлатӣ ба миён омад. Ҳанӯз заминаҳои ҳуқуқӣ, ки шароити бунёдӣ барои қабули чунин қарорҳо ба ҳисоб меравад, ҳангоми қабули эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд. 24-уми августи соли 1990 дар сессияи дуюми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки банди 18-уми ин санад нахустин манбаи ҳуқуқии рамзҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Парчам дар қатори нишон ва суруди миллӣ рамзи истиқлолият ва муқаддасу дахлнопазир эътироф гардид. Дар ин замина бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти иҷлосияи 16-ум, ки ин ҷалассаи тақдирсоз 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб гузашт, парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун садри низоми қонунгузории кишвар якдилона қабул гардид. Мутобиқи моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парчам, нишон ва суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардиданд. Дар таърихи 11-уми декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №892 “Низомнома дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки ин санади меъёрӣ ба таври мукаммал шакли зоҳирии парчами давлатӣ ва ҳолати ҳуқуқии онро мустаҳкам намудааст. Дар банди дуюми Низомнома оварда шудааст, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст. Рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ 1,5 баробари яке аз рахҳои ранга буда, дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии парчам 1:2 метр аст».

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва неруи ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ки он як рамзи бисёрмаъно буда, ба воситаи муқоиса дар ақли инсон дарк мешавад.

Тасвири рангҳо ва тоҷу ҳафт ситорае, ки дар парчами давлатии мо акс ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷҷасум менамояд ва ҳар кас метавонад онро вобаста бо малакаву фаҳмиши худ шарҳ диҳад, масалан, вобаста ба маъно ва мазмуни ин рангҳои дар парчам интихобшуда ва тоҷ бо ҳафт ситора, фикрҳои мухталиф миёни муҳаққиқон мавҷуд аст. Яке онро ишора ба табиати зебоманзари Тоҷикистон мансуб дониста, дигаре ҳафт ситораро, ки рақами ҳафт дар мардуми мо хело маълум ва муқаддас аст, ба ҳафт зинаи камолоти умри инсон, ҳафт рӯзи ҳафта ва ғайра мансуб донистааст.

Аммо ба таври амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед бошад, бахту иқболи сафед, покизагӣ буда, ранги сабз саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон, ҳафт рӯз дар назар дошта шудааст. Парчам бо муқаддасии худ барои андешаву фаҳмиши даркии инсон мавод медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2007 қабул карда шудааст, моҳият ва тартиби истифодабарии расмии Парчамро муқаррар менамояд. Эҳтироми волои парчам дар баробари нишон ва суруди миллӣ вазифаи асосӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Дар ин қонун тартиби тасдиқ намудани парчами давлатӣ, тартиби тасвир ва тартиби вақт, макони истифодаи ин рамзи давлатӣ дар радифи дигар рамзҳо пурра ва ба таври амиқ муқаррар карда шудааст. Гузашта аз ин дар модаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст, ки риояи талаботи қонуни мазкур ба зиммаи роҳбарони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Рӯзи Парчами давлатӣ имсол дар рӯзҳои ба истифода додани агрегати якуми НБО-и Роғун, яъне рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон таҷлил мегардад. Сокинони заҳматкашу созандаи мо ба ин дастоварди бузург таҳти парафшонии парчами давлати соҳибистиқлоламон ноил гардида, ин иншооти бузурги асрро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва умед ба фардои боз ҳам обод бунёд карда истодааст.

Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи нишони давлатӣ ва суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибистиқлол ва сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Эҳтиром ба парчами давлатӣ ифодаи ба эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлат буда, мардуми шарифи мо зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин парчами давлатӣ дар пойтахти давлати мо шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдориамон ба ҳисоб меравад. Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми парчами давлати худ эҳсоси ватандориашро собит мекунад. Парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсозӣ ва саъю талоши созандаи миллати тоҷикро таҷассум намояд. Мо бояд парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро ба он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми миллати тоҷик самимона табрик мегӯем.

Ҳусейнов Ш.А., Сӯфиев Ҷ.Н., Тӯраев Ф.Р.

Омӯзгорони кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ”

Leave a Comment