Роғун, ба дили санг шарор овардӣ,

Аз хок ба пӯлод мадор овардӣ.

Нурат ба дами поки Масеҳо монад,

Дар синаи сарди ман баҳор овардӣ.

Имрӯз дар мамлакат ҳама дар бобати фаъолгардонии агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» сухан мегӯянд, зеро ин рӯйдоди муҳим барои Ватани маҳбубамон тақдирсоз аст.

Миллати тоҷик дар ҳоли парокандашавӣ қарор дошт, ки соҳиби қаҳрамони воқеӣ дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид ва аз баракати ин абарманд батадриҷ аз зулмот ва мушкилӣ наҷот ёфт ва ба созандагӣ пардохт.

Бояд гуфт, ки дар замони рушди бесобиқаи саноат ва техникаву технологияи ҷаҳонӣ эҳтиёҷ ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда меафзояд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар чорабинӣ бахшида ба оғози бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» иброз доштанд: “Захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, онҳо бойигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияи иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун гардонад”.

29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд. Ин рӯйдод боз аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки Пешвои миллат паси чамбараки эксватор нишаста, дар зарфи 1,5 соат маҷрои дарёи Вахшро тағйир доданд.

Роғун садафию Вахш дарёи гуҳар,

Як мушт зи хоки ту маро косаи зар.

Болои баланду рӯйи нуронии ту,

З-обу арақи ҷабини мардони ҳунар.

Бояд қайд намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуд. Ин нуқта байёнгари он аст, ки зина ба зина ба истиқлолияти энергетикӣ наздик шуда истодаем ва ба қисмати ниҳоии ин ҳадафи стратегӣ хоҳем расид.

Имрӯз шараф ба родмардони Ватан аст,

Ин мулк ба дасти шермардон чаман аст.

Истораи осмони Роғун бинигар,

Пурнур зи барқи нигаҳи кӯҳкан аст.

Рӯзи 14-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофоти давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – ба кор даровардани агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сарфароз гардиданашон бо мукофоти давлатӣ самимона табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки буёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама боиси таъмин намудани сатҳи зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мегардад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди НБО-и «Роғун» 2 нафар бо ордени «Шараф дараҷаи 2», 53 нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва 48 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Мавриди таъкид аст, ки «Ба ҳеҷ ваҷҳ мо майли худнамоии онро надоштем, ки як иншооти гидроэнергетикӣ ба як лоиҳаи сиёсӣ ё ормони миллии мо табдил ёбад». Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба бунёди НБО-и «Роғун» имкон пайдо гардид, ки махсусан барои ҷавонон ин майдони имтиҳони ватандӯстӣ ва исботи адолатмандиву номуси миллист. Дар шароити бесуботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин неругоҳ майдони ҳифзи рушноӣ аз ҳуҷуми зулмот аст. Майдонест, ки бо ғолиб омадан дар он ҳуқуқи маънавӣ пайдо мекунем, то ба оламиён дарси ваҳдату субот ва ҷасорату созандагӣ омӯзем. Ғолибият дар ин майдон моро сарбаланд ва душманони берунаву бегонапарастони дохилиро сарафкандаву забун месозад.

Зиҳӣ, эй Пешвои миллати ман,

Амон бошӣ барои миллати ман.

Зиҳӣ, фархундамарде, ки ба дунё,

Расонидӣ садои миллати ман.

Дар ин олам намеёбам касеро,

Чу ту дардошнои миллати ман,

Ҳама ранҷи Ватанро бар гирифтӣ,

Ало ранҷозмои миллати ман.

Зи Роғун – пойтахти нури дунё,

Бубин нуру зиёи миллати ман.

Худо бар мо туро аз ғайби худ дод,

Иҷобат шуд дуои миллати ман.

Бимон сад солу сад қарн ҳамеша,

Бимон, эй Пешвои миллати ман.

Талбонов Наврӯздонишҷӯи к. 3,

г. 440101А1, факултети «М ва КН»

Leave a Comment