Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ба парлумон ба қонуни рӯзҳои ид иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчам 24-уми ноябр таҷлил гирифта мешавад.

Маъракаҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчам дар Тоҷикистон ҳанӯз якчанд рӯз қабл оғоз шуд. Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст. Тоҷикистон дар минтақа баъд аз Туркманистон дуввумин кишвар аст, ки ба хотири парчами миллии худ иди давлатӣ эълон кардааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати “Рӯзи парчам” аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт: ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу, ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Истиқболи «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24-уми ноябри соли 2009 бори аввал ҷашн гирифта шуд. Дар Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон доир шуд. 30-юми августи соли 2011 дар Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад (ҳамчун рекорди Гиннес сабт шудааст).

9-уми сентябри соли 2011 рӯзи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.

Аз ин лиҳоз Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, талаби онро дорад, ки ҳамеша Тоҷикистони мо ободу зебо ва парчамаш парафшон бошад.

Муминов Ф.С. – сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон

Саидов Б.Б. – ташкилотчии шӯъбаи ташкилию тарбиявӣ

Leave a Comment