Дар се хати рост се қулла дорам,

Гипотенуза ду катет дорам.

Маро бишносед, кунҷи рост дорам,

Пифагор-Бобо хешу таборам.

Ҷавоб: секунҷаи росткунҷа

Чор хати рости шикаста,

Ду баробар ҷаста-ҷаста.

Чор кунҷи мо баробар,

Чор девор баста-баста.

Ҷавоб: росткунҷа

Дарозии қадам сарбаста гашта,

Ба мисли “О” харобу хаста гашта.

Маро бефикр хоҳӣ гар биёбӣ,

Ба ҷоят давр зан ҳам гашта-гашта.

Ҷавоб: давра

Шаш рӯяи баробар,

Гӯё дӯсту бародар.

Доранд фазои холӣ,

Ҳам ҳашт кунҷи баробар.

Ҷавоб: куб

Як катети секунҷа,

Секунҷаи росткунҷа.

Радиус гардад ба ман,

Гар чарх занад секунҷа.

Ҷавоб: конус

Ҳамчун курраи Замин,

Шаклам аҷаб нозанин.

Радиуси ман созад,

Ҳаҷмамро калонтарин.

Ҷавоб: курра

Дар гирду атрофи мо,

Ҷамъ шуда секунҷаҳо.

Болои бисёркунҷа,

Ҳосил шавад ҳаҷми мо.

Ҷавоб: пирамида

Росткунҷа паҳлӯ дорам,

Ду доира асос дорам.

Фазои холиамро,

Ҳаҷми худам бишморам.

Ҷавоб: силиндр

Чор секунҷа баробар,

Фазое дорем дар бар.

Яке бигардем асос,

Сето истем бар ба бар.

Ҷавоб: тетраэдр

Чор рӯя ҷойгирем мо,

Росткунҷа асоси мо.

Масоҳати асосро,

Зарб кунед бо баландӣ.

Аз ин тарзи амалҳо,

Ҳосил шавад ҳаҷми мо.

Ҷавоб: паралелопипед

Аз қулла перпендикуляр,

Ба сӯйи асос бубар.

Чӣ ном дорад ин порча,

Медонӣ, эй бародар?

Ҷавоб: баландии секунҷа

Се тарафи баробар,

Ҳам се кунҷи баробар.

Чӣ гуна секунҷа аст,

Ҷавоб бидеҳ сари пар.

Ҷавоб: секунҷаи баробартараф

Ду тарафи паҳлӯӣ,

Бошад ба ҳам баробар.

Сеюмин тарафи мо,

Чӣ ном дорад бародар?

Ҷавоб: асоси секунҷа

Се порчаю се қулла,

Доранд ба худ ғул-ғула.

Порчаҳо периметр,

Дохилашон масоҳат.

Бошӣ зираку доно,

Гар донӣ формулаҳо.

Герон-бобо навиштаст,

Ба мо ин формулаҳо.

Ҷавоб:

Суммаи кунҷҳои мо,

Баробар аст доимо.

Аз ин сумма нисфи он,

Чӣ кунҷ бошад бе имо?

Ҷавоб: кунҷи рост

Пайдарпай нуқтаҳоро,

Пайваст намоед як ҷо.

Ибтидою интиҳо,

Гузоред дар нуқтаҳо.

Чӣ ҳосил мешавад он,

Аз ин тарзи амалҳо?

Ҷавоб: порча

Ду тараф параллел,

Ду тараф нопараллел.

Хатти миёна дорам,

Чоркунҷаи ҳамворам.

Ҷавоб: трапетсия

Дар чоркунҷа ҷойгирем,

Паҳлӯҳоро бигирем.

Ба асосҳо параллел,

Нисфи онҳоро дорем.

Ҷавоб: хатти миёнаи трапетсия

Рӯяҳомон баробар,

Ҷойгирем бо ҳамдигар.

Чоркунҷаҳои монанд,

Истодаем бар ба бар.

Ҷавоб: куб

Атрофи секунҷаҳо,

Ҷойгиранд чоркунҷаҳо.

Асосу паҳлӯ бошанд,

Онҳо дар ин шаклҳо.

Шаклҳо фазоианд,

Гӯед чистанд ин шаклҳо?

Ҷавоб: призмаи асосаш секунҷа

Асосаш бисёркунҷа,

Паҳлӯ ҳама секунҷа.

Аз як қулла ба асос,

Пайваста ҳар секунҷа.

Ҷавоб: пирамида

Ду доира баробар,

Муқобили якдигар.

Пайваста ба порчаҳо,

Дар атрофи давраҳо.

Ҷавоб: силиндр

Дар миёни дую чор,

Мегирад доим қарор.

Ҷавоб: “3”

Исломов М.Т. – муаллими калони

кафедраи “Математикаи олӣ”

Leave a Comment