Омор фанни ҷамъиятиест, ки дар вақт ва шароити муайян ҷиҳатҳои миқдорӣ, маҷмӯи иҷтимоӣ-иқтисодиро дар алоқамандӣ бо ҷиҳатҳои сифатиашон меомӯзад. Ба маънои маҳдуд омор маҷмӯи ахборот дар бораи зуҳуроти ягон ҳодиса ё ҷараён аст.

Дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон омор илми иҷтисодӣ ҳисобида мешавад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки дар ҷамъият ҳодисаҳои иқтисодӣ нисбат ба дигар ҳодисаҳо бештар вомехӯранд.

Омори иқтисодӣ мафҳум ва методологияи ҳисобкунии нишондиҳандаҳое, ки барои омӯзиши омории иқтисодиёт истифода бурда мешавад, муайян мекунад. Вазифаи омори иқтисодӣ аз инҳо иборат мебошад: коркард ва таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ, ки ҳолати иқтисодиёти миллиро инъикос менамояд, инчунин алоқамандии соҳаҳо: мавҷуд будани захираҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ ва ғ.

Соҳаҳои омори иқтисодӣ омори саноат, омори хоҷагии деҳот, омори сохтмон, омори алоқа, омори меҳнат, омори захираҳои табиӣ, омори ҳифзи муҳити атроф ва ғайраҳо мебошанд.

Омори нақлиёти автомобилӣ яке аз соҳаҳои омори иқтисодӣ мебошад. Объекти омӯзиши он нақлиёти автомобилӣ, яъне маҷмӯи муассисаҳои шакли моликияти гуногун, ки раванди истеҳсолияш аз интиқоли бор ва мусофирон иборат аст, мебошад. Барои амалӣ намудани раванди нақлиётӣ таркиби ҳаракаткунанда (нақлиёти боркаш, автобус ва нақлиёти сабукрав) бо назардошти хусусият ва намуди интиқол, воситаҳои механиконии корҳои боркунию борфарорӣ, воситаҳои техникии алоқа барои идоракунӣ ва назорати раванди интиқол дар хатсайр истифода мешаванд.

Яке аз вазифаҳои муҳими дар назди кормандони соҳаи нақлиёт гузошташуда қонеъгардонии саривақтӣ ва бо сифати талаботи аҳолии мамлакат ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодии ҳар як муассисаи нақлиётӣ ва умуман соҳаи нақлиёт мебошад. Кори ба дӯши нақлиёт гузошташуда танҳо аз иҷрои интиқоли ҳаҷми муайяни бор ва мусофирон иборат набуда, балки дар навбати аввал хизматрасонии босифат ва саривақтии муассисаҳои соҳаҳои мухталифи аҳолӣ ва иқтисодиёт ва дар ин замина коҳиш додани нархнома ва хароҷоти нақлиётӣ ҳисобида мешавад. Иқтисоди бозоргонӣ ба пурзӯршавии рақобатнокии бозори хизматрасонӣ оварда мерасонад, ки ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии муассисаҳои нақлиётӣ таъсири мусбат мерасонад.

Маҳсулнокии истеҳсолот ва баланд бардоштани самаранокии онро тавассути мукаммалнамоии идоракунӣ, дурнамо ва банақшагирии ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти муассисаҳои нақлиётӣ ба даст овардан мумкин аст. Беҳтаргардонии роҳбарии хоҷагидорӣ бо омор ва баландшавии дараҷаи тадқиқоти оморӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Омор натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолии муассиса, мавҷудияти захираҳои моддию меҳнатии корхона ва самаранокии истифодабарии онҳоро тавсиф намуда, захираҳои истифоданашавандаро ошкор месозад, рақобатпазирии хизматрасониҳои пешниҳодшавандаро баҳогузорӣ намуда, нисбат ба ҳолати бозори хизматрасонии нақлиётӣ маълумот дода, таъминоти маводи ҳамаҷонибаро барои таҳияи лоиҳаҳои ҷорӣ ва афзалиятнок таъмин менамояд.

Мафҳуми омӯзиши омори нақлиёти автомобилӣ раванд ва зуҳуроти оммавӣ дар муассисаҳои нақлиётӣ мебошад, ки натиҷаи раванди нақлиётӣ ва омилҳои амалӣ намудани онро бо назардошти вақт ва макони муайян дар бар мегирад. Бо ёрии системаи нишондиҳандаҳои оморӣ ҳаҷми интиқол, сохтори он, ҷараёни рушд ва алоқамандии байни натиҷа ва омилҳои таъсиррасони раванди истеҳсолӣ муайян карда мешавад.

Дар шароити ҳозираи кишвар ва иқтисоди бозоргонии амалкунанда муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ ба мутахассисоне, ки методологияи омориро дарк мекунанд, натиҷаи кори муассисаҳоро ба таври холисона баҳогузорӣ мекунанд ва қарорҳои муваффақонаи идоракуниро таҳия менамоянд, ниёз дорад.

Аҳамияти омӯзиши фан дар он аст, ки ҳар як мутахассиси минбаъдаи соҳаи иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо ба миқдори зарурӣ дорои саводи оморӣ бошад ва тавонад, ки дар асоси ҷамъоварии маълумот, коркарди онҳо ва таҳлил намудани онҳо барои дар оянда беҳтар гардонидани фаъолияти кори корхона чорабиниҳои беҳтаринро пешниҳод намояд.

Ҳамрозода Ҷонона – донишҷӯи к. 2, г. 270101-02А, ФМваКН.

Leave a Comment