Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Доир ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

  1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
  2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.
  3. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.
  4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.
  5. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
  6. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Забонҳои дигар:

  1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.

Забони тоҷикӣ забонест, ки дар Эрон форсӣ ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбекистон, агарчӣ тоҷикӣ забони ақаллият маҳсуб мешавад, вале дар ин кишвар зиёда аз 15 миллион нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн. мардум мебошанд. Тамоми порсигӯёни ҷаҳон бошанд, 222 млн нафар ҳастанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 46 миллион (2015) нафар гап мезананд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург — Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Забони тоҷикӣ забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Tоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳаллӣ дар қисмати аъзаме аз шаҳру ноҳияҳои кишвари Ӯзбакистон (ба хусус дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тирмез, Намангон, Хӯқанд, Андиҷон, Намангон, Фарғона, Хоразм ва ҳатто дар ш, Тошканд ба ҳайси забони модарии xеш зиёда аз 15 миллион мешиносанд ва ҳамчун воситаи гуфтугузори ҳаррӯза истифода мебаранд. Ҳатто дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд гуфтугӯи мардуми ин шаҳрҳо ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Танҳо дар як шаҳри Тошканд зиёда аз 1 млн. тоҷикон сукунат доранд. Бо забони тоҷикӣ инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон тоҷикӣ ҳарф мезананд. Зиёда 45 дарсади аҳолии Aфғонистон, ки аз лиҳози этнологӣ тоҷик ҳисоб мешаванд (зиёда аз 15 миллион) ва худро тоҷик меноманд, ҳарчанд бо забони аз тоҷикии Oсиёи Марказӣ фарқи бузург надошта гуфтугӯ мекунанд, валекин забони хешро расман форсӣ — дарӣ ва ё кобулӣ мегӯянд ва худро тоҷик ном мебаранд. Аксари кулли мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ (88%) гуфтугӯ мекунанд.

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед,

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

***

Ҷаҳондорон ҷаҳонро пос доред.

Ҳаёти ҷовидонро пос доред.

Аё мардон ба ҳар ҷое, ки бошед,

Забони модариро пос доред.

***

Агар хоҳӣ, ки донои замон андар замон бошӣ,

Замони худ бидон аввал!

Агар хоҳӣ, ки байни мардумон вирди забон бошӣ,

Забони худ бидон аввал!

 

Ҳамасола Рӯзи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон 5-уми октябр бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Рӯзи забони модарӣ ба ҳамагон муборак бошад!!…

Шарипов Наҷибулло