Ҳар ибтикороте, ки Ҳукумати мамлакат бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор меорад, пеш аз ҳама барои беҳбудии зиндагии мардуми мо ва дар маҷмӯъ барои аҳли сайёра мебошад. Аз ҷумла, соли 2016 Президенти Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии “Об барои ҳаёт” дар Душанбе пешниҳод карданд, ки даҳсолаи нав “Об барои рушди устувор” эълон шавад.

Президенти мамлакат мушкил ва камбудии нерӯи барқ дар асри 21-ро барои Тоҷикистон ғайри қобили қабул дониста, дар суханрониашон қайд карданд, ки бо вуҷуди он ки Тоҷикистон 60%-и оби дарёҳои минтақаро дар ихтиёр дорад, вале аҳолии кишвар ҳамасола то 6 моҳ ба камбуди барқ рӯ ба рӯ мебошанд. Ба гуфтаи Президент аз 15 ҳазор пирях дар Тоҷикистон имрӯз 13 ҳазори он боқӣ мондааст.

Бо ташаббуси Тоҷикистон солҳои 2005-2015 даҳсолаи “Об барои ҳаёт” эълон шуда буд, ки имрӯз дар Душанбе натиҷаҳои татбиқи онро баррасӣ мекунанд.

Пешниҳоди эълон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” аз ҷониби Президент садо дод. 23-юми декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон карданд.

Қабл аз ин бо пешниҳоди Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 Соли оби тоза эълон шуда буд. Дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Мо ва ҳама мардуми Тоҷикистон иқдомҳои инсондӯстонаи Президенти мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, дар ҳар соҳае набошем, бояд корҳои шоён ва назаррасро анҷом бидиҳем, то кишварамон рушд кунад ва зиндагии мардумамон беҳтар бигардад.

Дар ҳақиқат давлатҳои зиёде ҳастанд, ки аз камбудии об танқисӣ мекашанд ва аз оби тоза маҳруманд. Маҳз ҳамин омилҳо ва дигар ҷонибҳои аз об самаранок истифода набурдан бисёре аз давлатҳо, хусусан кишвари моро водор намуд, ки ин амалро рӯйи даст бигиранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масоили дохиливу хориҷӣ ба масъалаи маориф рӯ оварда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки “Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Ин раванд дар доираи барномаҳои давлатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф мусоидат намуд. То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд”.

Хушбахтона пешниҳодоти Сарвари кишвари моро дар ин росто, аз ҷумла “Об барои рушди устувор”, ки бар манфиати ҳама кишварҳост, аксар давлатҳо ҷонибдорӣ намуданд. Барои мо мояи ифтихор аст, ки имрӯз кишвари соҳибистиқлоли моро бештар аз 170 давлати олам ба расмият шинохтаанд ва бо мо робитаи дипломатӣ барқарор кардаанд. Донишҷӯёни мо ҳам бояд дар канор набошанд ва чун пайравони Пешвои миллат пеш аз ҳама хубу аъло таҳсил намуда, аз донишҳои муосир бархӯрдор бошанд ва миллату ватани соҳибистиқлоли худро дӯст доранд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омадааст: “Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд.

Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд.

Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад”.

Бале, мо ин таъкидҳои дилсӯзона ва ватанхоҳонаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ мекунем ва мекӯшем, ки фарзандони бовафои ин сарзамин бошем. Барои ин ҳама шароитҳо фароҳам аст.

Дар миёнаҳои моҳи июни имсола маъракаи бисёр муҳими барои мардуми сайёра – Ҳамоиши байналмилалии Даҳсолаи нав “Об барои рушди устувор (2018-2028) бо ширкати намояндагони бештар аз 100 кишвари олам дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки гувоҳӣ аз муҳиммияти ин масъала медиҳад. Дар ҳақиқат кам нестанд кишварҳое, ки аз оби ошомидании тоза маҳруманд ва миллионҳо одам ранҷ аз беобӣ мекашанд. Барои ҳамин ташаббуси некхоҳонаи Сарвари кишвари моро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфт ва дар ин ҳамоиш роҳҳои раҳоӣ аз ин буҳрон ва дастрасӣ бо оби тозаро олимону коршиносон радду бадал карданд, то инсоният аз қимматтарин неъмати дунёӣ – об баҳраманд гардад.

Шарипов Наҷибулло — ассистенти кафедраи забонҳо.