Имрӯз коллективи устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тавассути телевизор ва мониторҳо дар 6 толори маҷлисгоҳи донишгоҳ ҷамъ омада, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд. Ҳамагон бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯш карданд.

Боиси қайд аст, ки ҳамасола Паёмҳои аз ҷониби Роҳбари давлат ироашаванда бо масъулияти баланд ва худогоҳии миллӣ дар донишгоҳ мавриди омӯзиш қарор мегиранд, паҳлуҳои вобастаи илму техника ва маорифро дар қатори дигар соҳаҳо ҳамчун иқтибос устодон дар фаъолияти солонаи худ истифода мебаранд, дар байни донишҷӯён ташвиқ менамоянд.

Рафти тамошои Паёми мазкур аз ҷониби ВАО низ ба навор гирифта сабт карда шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.